Главная / Илм / ВИТАМИНКОҲИШ – АВИТАМИНОЗ

ВИТАМИНКОҲИШ – АВИТАМИНОЗ

avitaminozВИТАМИНКОҲИШ (Avitaminosis, Hypovitaminosis), норасоии витаминҳо, бетобиест, ки бинобар истеъмоли хӯроки камвитамин, ихтилоли ҳазми витаминҳо ё дар организм нокифоя ҳосил шудани онҳо ба вуҷуд меояд. Ду сабаби пайдоиши В. маълум аст: а) нахӯрдани сабзавоту меваи тару тоза; б) истеъмоли паёпаи хӯроки камвитамин (хусусан озуқавории хушконида ва консервонида), ки дар натиҷа дар организм ангиштобҳо зиёд, вале миқдори сафеда ва равғани ҳайвонот кам мешавад. Аз нодуруст нигоҳ доштани озуқаворӣ ва риоя накардани қоидаҳои пухтупаз низ витаминҳо нобуд мегарданд. Дар натиҷаи истеъмоли паёпаи хӯроке, ки кислотаи никотинати (витамини РР)-и кам дорад (мас., ҷуворимакка), бемории пеллагра ба амал меояд. Бидуни таъиноти духтур паёпай истеъмол кардани баъзе антибиотикҳо ва доруҳои сулфаниламидӣ низ боиси В. мешавад. Чунки витаминҳо дар организм зуд таҷзия мегарданд ё синтези онҳо хотима меёбад. Афзудани талаботи организм ба витаминҳо ҳам боиси В. шуда метавонад. Мас., дар сурати кори ҷисмонӣ ва фикрии аз ҳад зиёд, шиддати асабоният, таъсири ҳарорати баланд ё пасти ҳаво, норасоии оксиген (ниг. Гипоксия), ҳомилагӣ ва ширмаконӣ ба вуҷуд омадани В. аз эҳтимол дур нест.
В. тадриҷан инкишоф меёбад. Дар мавриди зиёд будани сарфи витаминҳо (нисбат ба миқдори истеъмоли онҳо) аломатҳои В. зуд падид намеоянд, зеро бинобар тағзияи дуруст витаминҳо дар организм захира мегарданд (захираи баъзе витаминҳо, мас, ретикол барои 2 – 3 сол кифоя аст). Баъди сарф шудани захираи витаминҳо механизмҳои талофӣ ба кор медароянд (баъди суст гардидани механизми талофӣ мубодилаи моддаҳо халал ёфта, аломатҳои хоси В. зоҳир мешавад).
В.-и нопурраро гиповитаминоз меноманд. Агар барои рафъи В. тадбирҳо наандешанд, мумкин аст, авитаминоз – тамоман нарасидани витаминҳо инкишоф ёбад.
Аломатҳои гиповитаминоз баръало (хусусан дар аввали маризӣ) зоҳир намегарданд. Бештар вақт фақат вазъи бемор тағйир меёбад, ӯ беҳол, хаста, хашмгин, хоб берабт, қобилияти корӣ суст, иштиҳо бад мешавад ва ғ. Ин аломатҳо хоси дигар касалиҳо низ мебошанд. Аз ин рӯ ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Зуҳуроти В. гуногун буда, он метавонад дар ҳар синну сол ба вуҷуд ояд. Дар мавриди нарасидани кислотаи аскорбинат дар давраҳои аввал одам беҳол, хоболуд, беҳавсала мешавад, сар чарх мезанад (хоса фасли баҳор). Баъд лаб, гӯш, бинӣ ва нохунҳо кабуд мешаванд, милки дандонҳо варам карда, хун меравад, дандонҳо меғалтанд, аз даҳон бӯи бад меояд. Дараҷаи ниҳоии авитаминози С бемории зангила аст. Ҳангоми ба организм нарасидани кислотаи никотинат (витамини РР, витамини В3) бемории пеллагра рух хоҳад намуд. Мариз асабонӣ ва хиратабъ мешавад, бехобӣ мекашад. Ранги лабҳо парида, забон сурх мешавад, дарун меравад, мушакҳо дард мекунанд. Баҳор ва тобистон дар пӯст доғҳои гулгун пайдо мешаванд, ҷойҳои иллатии пӯст ғафсу шахшӯл мегардад. Авитаминози В6 (пиридоксин) дар шароити зиндагии муқаррарӣ ба мушоҳида намерасад. Занҳои ҳомила асабонӣ, камиштиҳо, дилбеҳузур, дарунрав мешаванд; кӯдаки синамак аз сабзиш мемонад. Шабкӯрӣ, рӯшноитарсӣ, паридани ранги пӯст, пайдоиши рихинакҳо, хушку бетароватии мӯй ва илтиҳоби луобпардаи пилки чашмон аломати нарасидани ретинол (витамини А) мебошад. Дар мавриди камии рибофлавин (витамини В2) шахс беиштиҳо, хароб, беҳолат, мушакдард мешавад. Лабҳо кафида карахш мебанданд, дар гӯшаҳои лаб яра пайдо мешавад. Чашм хоришу сӯзиш мекунад. Агар мариз беиштиҳо ва хароб, шикам сахт, дасту по карахт шуда, мушакҳо дард кунанд, сар чарх занад, аз андаке ҳаракат дил сахт тапида нафас танг шавад, пас ин ҳама аломати дар организм нарасидани тиамин (витамини В1) аст. Нишонаҳои костагии калсиферолҳо (витамини D) дар кӯдакон пайдо шудани бемории рахит мебошад. Кӯдак бисёр арақ мекунад, дер дандон мебарорад, зуд-зуд бемор ва беҳолу бемадор мешавад. Хастагии бардавом, сиёҳ ва мӯрд шудани дандонҳо, дард кардани мавзеи устухони кос ва мушакҳо нишонаи нарасидани витамини D дар калонсолон мебошад.
Пешгирии В. гуногун аст. Дар муассисаҳои бачагонаи томактабӣ, мактаб – интернатҳо, таваллудхонаҳо, беморхонаҳо ба таом витамин меандозанд. Дар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ба баъзе маҳсулоти озуқаворӣ витамин ҳамроҳ мекунанд: ба орд – тиамин, рибофлавин, кислотаи никотинат, ба шир ва қанд – каслотаи аскорбинат, ба маргарин – ретинол ва ғ.
Дар муассисаҳои бачагона ба хӯроки кӯдакони то 3-сола (одатан ба шир) ретинол, кислотаи аскорбинат ва витамини D илова менамоянд. Сервитамин намудани хӯроки одамоне, ки дар истеҳсолоти зарарнок кор мекунанд, аҳамияти калон дорад.
Истеъмоли ғизои гуногун тадбири асосии пешгирии В. мебошад; инчунин риоя намудани қоидаҳои нигаҳдории озуқаворӣ ва пухтупази он низ муҳим аст. Витаминҳоро бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим. Азбаски витаминҳо таъсири сахти биологӣ доранд, бидуни таъиноти духтур истеъмол намудани онҳо ба ҷои фоида зарар меоварад (ниг. Гипервитаминоз).

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …