Главная / Теги: Тиб (страница 170)

Теги: Тиб

АНОМАЛИЯ

anomaliya

АНОМАЛИЯ (Abnormitas), инҳирофи ташаккул. Дар мавриди А узв сохти ғайримуқаррарӣ мегирад ё берун аз ҷои худ ҷойгир мешавад. Мавҷуд будани узвҳои зиёдатӣ низ А. маҳсуб меёбад (мас., ангушти барака).

Муфассал »

АНОНИХИЯ

anonihija

АНОНИХИЯ (Anonychosis), анонихоз, дар ангуштон набудани нохун. А. яке аз шаклҳои дистрофияи нохунҳост. Ба дистрофияи нохунҳо мансубанд: атрофияи нохунҳо – ниҳоят тунук шудани нохунҳо; гипертрофияи нохунҳо – ғафс шудани лавҳачаи нохунҳо; макродактилия – калон шудани андозаи ангуштогн ва нохунҳо; микродактилия – хурд шудани андозаи ангуштон ва нохунҳо; зиштии ангуштон ва …

Муфассал »

АНОР

granat

АНОР (Punica granatum), нор, руммон, бутта ё дарахтест начандон калони сертана. То 2 – 5 м қад мекашад. Навдаҳояш хокистарранги сабзтоб, пӯстлохи шохҳояш хокистарранги хира, баргаш байзашакли нӯгтез, гулаш сурхи кӯзачамонанд, зангӯлашакл. Мевааш калон, пӯсташ чармгуни сурх ё зардтоб. Апр. – май гул карда, мевааш сент. – окт. мепазад. Анорзорҳои …

Муфассал »

АНОРЕКСИЯ

anorekciya

АНОРЕКСИЯ (Anorexia; аз an – ҳиссачаи инкорӣ ва orexis – иштиҳо), набудани иштиҳо (дар ҳолати вуҷуд доштани талаботи физиологӣ ба он). А. дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти маркази тағзия ба вуҷуд меояд. Сабаби А. бемориҳои рӯҳӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои дохилӣ, заҳролудӣ, халал ёфтани мубодилаи моддаҳо, бемориҳои узвҳои ҳозима (гастрити шадид, саратон, …

Муфассал »

АНОСМИЯ

anosmiya

АНОСМИЯ (аз юн. an – ҳиссачаи инкорӣ ва osme – бӯй), набудани эҳсоси шомма. А. ҳангоми тағйироти луобпардаи бинӣ (варам кардани он, мавҷудияти полип, омос, каҷ шудани девораи бинӣ, атрезияи роҳи бинӣ ва ғ.), зуком, назла, грипп, баъзан дар вақти бемориҳои майна мушоҳида мешавад. Дар мавриди А. ҳисси зоиқа низ …

Муфассал »

АНТИБИОТИКҲО

antibiotikho

АНТИБИОТИКҲО (Antibiotica; аз анти… ва юн. bios – ҳаёт), моддаҳое, ки маҳсули фаъолияти микроорганизмҳо, ҳайвонот ва растанӣ буда, рушд ва афзоиши намудҳои гуногуни микробҳоро бозмедоранд. А-ҳои 15 – 16 дар тибби халқӣ ҳангоми муолиҷаи ҷароҳати мадданок аз мағори сабз истифода мебурданд. С. 1929 микробиологи англис А. Флеминг дар асоси таълимот …

Муфассал »

АНТИВИТАМИНҲО

antivitamin

АНТИВИТАМИНҲО (аз анти… ва витаминҳо), пайвастҳое, ки сохти химиявиашон ба витаминҳо монанд аст, вале таъсири биологии зидди витаминӣ зоҳир менамоянд. А. ҳангоми ба организм роҳ ёфтан, ба ҷойи витаминҳо дар реаксияҳои мубодилаи моддаҳо иштирок карда, ҷараёни мӯътадили онҳоро суст ё халалдор месозанд. Ин боиси норасогии витамин дар организм мегардад (ҳатто …

Муфассал »

АНТИГЕНҲО

antigeni

АНТИГЕНҲО (аз анти… ва юн. gennao – ба вуҷуд овардан), подзоҳо, моддаҳои табиаташон бегонаи органикӣ, ки мавриди ба организм фиристодан (на аз роҳи аъзои ҳозима), сафедаҳои махсус – подтанҳо ҳосил карда, бо онҳо таъсири тарафайн барқарор менамоянд. А. фақат бо ҳамон подтанҳое пайваст мешаванд, ки зери таъсири худи онҳо ба …

Муфассал »

АНТИДЕПРЕССАНТҲО

antidepressanty

АНТИДЕПРЕССАНТҲО (Antidepressiva; аз анти… ва лот. depressus – андӯҳгин), доруҳое, ки барои муолиҷаи беморони гирифтори афсурдарӯҳӣ истифода мешаванд. А. ба ҳолати рӯҳии маризон таъсири мусбат расонда, онҳоро болидатабъ ва рӯҳбаланд месозанд. Самараи таъсири А. баъди 5 – 14 рӯзи истифодаи онҳо ба мушоҳида мерасад. А. асосан барои табобати психозҳо ва …

Муфассал »

АНТИКОАГУЛЯНТҲО

antikoaguliantho

АНТИКОАГУЛЯНТҲО (Anticoagulantia; аз анти… ва лот. coagulans – лахтабанд), доруҳое, ки сади лахтабандии хун гашта, бо ин роҳ ҳосил шудани судда (тромб)-ро пешгирӣ менамоянд. А. таъсири бевосита ва бавосита доранд. Ба А.-и таъсирашон бевосита гепарин ва гидроситрати натрий, ба А.-и таъсирашон бавосита неодикумарин, синкумар, фенилин, амефин мансубанд. А.-ҳо аз рӯи …

Муфассал »