Главная / Илм / ВИРУСҲО

ВИРУСҲО

virusiВИРУСҲО (аз лот. Virus – заҳр), ангезандаҳои хурдтарини бемориҳои сершумори сироятии одам, ҳайвонот, растанӣ ва бактерияҳо. В. фақат дар дохили ҳуҷайраҳои зинда сукунат дошта, дар ҳуҷайраҳои фавтида қобилияти зиндагӣ надоранд. Бемориҳои сироятии вирусӣ бисёранд. Аз замонҳои қадим ҳорӣ, нағзак, полиомиелит, грипп маълум буданд. Бо вуҷуди он, фақат с. 1892 олими рус Д.И. Ивановский омили беморизоеро кашф кард, ки он аз филтр (қабатҳои полоишӣ) бемалол мегузарад (дигар микроорганизмҳо гузашта наметавонанд). Ин кашфиёт асоси илми нави биология – вирусология гашт. Афзоиши В. ба таври махсус сурат гирифта, ба афзоиши дигар мавҷудоти зинда кам шабоҳат дорад. Раванди мубодилаи моддаҳо дар В. ба мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайраи сироятёфта вобаста аст. Ба В. қонуни ирсият низ хос аст. Сабаби он ҳамон сохтори биологию химиявии организмҳои зинда – кислотаҳои нуклеат мебошанд. Ва ниҳоят, В. низ чун тамоми мавҷудоти зинда зери таъсири шароити муҳит тағйир ёфта, ба он мутобиқат пайдо мекунанд.
Ду тарзи мавҷудияти В. маълум аст: берун аз ҳуҷайра ва андаруни ҳуҷайра. Берун аз ҳуҷайра дар вибрионҳо (заррачаҳои вирус) аломати ҳаёт мушоҳида намешавад. Вибрионҳо ба организм ворид гашта, ба ҳуҷайраҳои нисбати В. ҳассос мегузаранд. Онҳо дар ҳуҷайра аз ҳолати оромӣ баромада афзоиш мекунанд. Ҳамин тавр, таъсири мутақобилаи мураккабу гуногуни В. ва ҳуҷайра оғоз меёбад (он пас аз ҳосил ва ба муҳити берун хориҷ шудани вибрионҳои нав анҷом мепазирад).
Бемориҳои вирусӣ гузаранда буда, зуд паҳн мешаванд. Солҳои зиёд чунин ақида вуҷуд дошт, ки В. ангезандаи бемориҳои шадид мебошанд. Дар айни ҳол далелҳои зиёд ҷамъ оварда шудаанд, ки онҳо сабабҳои сар задани бемориҳои гуногуни музмин будани В.-ро низ исбот мекунанд.
Тадқиқу омӯзиши В., ошкор намудани В.-и нав (ҳоло 1,5 ҳаз. хели онҳо маълум аст), муайян сохтани дараҷаи бемориоварӣ ва мубориза бо В. аз ҷумлаи вазифаҳои асосии вирусология мебошанд. Маҳз хусусиятҳои манфии В., аниқтараш, қобилияти бемориофарии онҳо сабаби омӯзиш қарор гирифт. Дар рафти тадқиқот бисёр ҷиҳатҳои мусбати В. низ ошкор шуданд. Бо ёрии онҳо кашфиёти бузург (мас., кушодани коди генетикӣ, сохтори кислотаҳои нуклеат, қонунияти ҳосил шудани сафедаҳо ва ғ.) ба даст оварда шуданд. В. ёрдамчии асосии инженерияи генетикӣ мебошад.
В. аз рӯи сохту хусусият дар байни моддаҳои мураккаби химиявӣ (полимерҳо, макромолекулаҳо) ва организмҳои соддатарин (бактерияҳо, риккетсияҳо, хламидияҳо) мавқеи мобайниро ишғол менамоянд.
Усулҳои тадқиқи вирусҳо. Таърихи асосии вирусология аз микробиология манша мегирад. Ҳарчанд ҳангоми кор бо В. истифодаи техникаи микробиологӣ имконнопазир бошад ҳам, чунин қоидаҳои умумӣ, аз қабили асептика, титронӣ, ваксинатсия ва ғ. асоси илми навро ташкил доданд. Омӯзиши баъдинаи хусусиятҳои муҳимтарини В. дарёфти як қатор усулҳи махсусро талаб мекард. Чунончи, қобилияти аз филтр (полоиш)-и бактериявӣ гузаштани В. барои муқаррар намудани андозаи онҳо ва полоиш имкон дод; хурд будани андозаи В. ба дарёфти усулҳои мукаммали микроскопияи электронӣ мусоидат намуд. Техникаи вирусологӣ тадриҷан бо усулҳои физикӣ, химиявӣ, генетикӣ, ситологӣ, биологияи молекулавӣ ва иммунологӣ таъмин мегардад.
Андозаи В., таркиби химиявӣ, қонунияти афзоиш, мавқеи онҳо дар табиат ва пайдоиши бемориҳо, инчунин усулҳои босамари мубориза бар зидди сирояти В. муайян карда шуданд. В.-ро бо роҳи сироятнок кардани ҳайвоноти лабораторӣ, ҷанини мурғ ва бофтаҳои махсус афзун мегардонанд. Дар ибтидои пайдоиши илми вирусология тадқиқот бо ҳайвоноти лабораторӣ (муши сафед, хукчаи обӣ, харгӯш) гузаронда мешуданд. Ба организми онҳо «моддаи шубҳанок»-ро фиристода, аз рӯи ҷараёни беморӣ кадом вирус будани ангезандаи онро маълум мекарданд.
Аз ибт. с.-ҳои 50 а. 20 усули пайванди бофтаҳо ба роҳ монда шуд. Ҳуҷайраи бофтаи зиндаро бо ёрии ферментҳо ҷудо карда, ба зарфи махсуси безарар мемонанд. Сипас ба он моддаи ғизоии таркибаш мураккабро илова карда, барои сабзиш ба термостат мегузоранд. Дар натиҷа ҳуҷайраҳо тақсим шуда, тадриҷан рӯи шишаро фаро мегиранд. Агар чунин ҳуҷайраҳо бо В. сироятнок карда шаванд, таъсири харобовари онҳоро бевосита мушоҳида кардан мумкин аст. Усули пайванди бофтаҳо имкон дод, ки В.-и нав кашф ва таъсири мутақобилаи онҳо бо ҳуҷайраҳо ошкор гарданд.
Ҷудо кардан, афзоиш ва муқаррар сохтани навъҳои В. вазифаи вирусологияи амалӣ мебошад. Раванди мазкур, одатан, аз ду қисм иборат аст: омӯхтани ҳуҷайраҳои бо В. сироятёфта ва тадқиқи В.-и ҷудошуда.
Барои муайян кардани ҳуҷайраҳои сироятёфта аз ташхиси вирусологӣ истифода мекунанд. Мас., усули подтанҳои флюорестсенсиявӣ (равшанидиҳанда) имкон медиҳад, ки дар ҳуҷайраҳо мавҷуд будани В. аниқ муайян карда шавад. Дар ташхиси сирояти В. бо ёрии реаксияҳои гуногуни иммунологӣ (нейтралонӣ, пайваст шудани комплимент, таъхири гемагглютинатсия ва ғ.) дар зардоби беморон муайян кардани титри подтанҳои махсус мавқеи муҳим дорад.
Сохт ва таркиби химиявии вирионҳо. Оид ба мавҷудияти В. солҳои зиёд аз рӯи таъсири бемориоварии онҳо ҳукм мекарданд. Бевосита дидани В. фақат пас аз ихтирои микроскопи электронӣ, ки микробҳоро даҳҳо ва садҳо ҳазор маротиба калон нишон медиҳад, муяссар гашт. Чунин имконият тақрибан пас аз 50 соли ошкор шудани В. ба вуқӯъ пайваст.
В.-и аз ҳама калонтарин (мас., В.-и нағзак) ҳаҷман ба бактерияҳои майда, хурдтарини онҳо (ангезандаи энсефалит, полиомелит, оқсил) ба молекулаҳои калони сафедаҳо, мас., ба молекулаҳои гемоглобини хун наздиканд. Барои чен кардани В. бузургии шартиеро ба кор мебаранд, ки нанометр (нм) ном дорад. Як нанометр миллион ҳиссаи як миллиметрро ташкил медиҳад. Андозаи В.-и гуногун аз 20 то ба садҳо нанометр мерасад. Барои қиёс бузургии ҳуҷайраҳои майдатарини хун – эритроситро меорем, ки он ба 7000 – 8000 нм баробар аст, яъне В. нисбат ба эритроситҳо даҳҳо ва садҳо маротиба хурд мебошанд. В. зоҳиран кубшакл, чӯбчашакл, курашакл, серқирра ва ришташакл мешаванд.
В.-и содда аз сафеда ва кислотаи нуклеат таркиб ёфтаанд. Яке аз заррачаҳои муҳимтарини вирус (кислотаи нуклеат) ноқили ахбори генетикӣ аст. Агар ҳуҷайраҳои одам, ҳайвон, растанӣ ва бактерияҳо ҳамеша ду навъи кислотаи нуклеат – дезоксирибонуклеат (КДН) ва рибонуклеат (КРН) дошта бошанд, пас дар В. – и гуногун фақат як навъи онҳо – КДН ё КРН мушоҳида мешавад (маҳз ҳамин хусусият асоси таснифоти онҳоро ташкил медиҳад). Дуюмин ҷузъи ҳатмии вирион, яъне сафедаҳо дар В.-и гуногун фарқ мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки В. тавассути реаксияҳои иммунологӣ омӯхта шаванд.
В.-и нисбатан мураккаб ба ғайр аз сафедаю кислотаҳои нуклеат ҳамчунин карбогидриду липидҳо низ доранд. Ҳар гурӯҳи В. аз сафеда, чарбу, карбогидрат ва кислотаҳои нуклеати хоси ҳамин гурӯҳ иборат аст. Баъзе В. дар таркибашон фермант низ доранд.
Ҳар ҷузъи вирион вазифаи муайянро иҷро мекунад. Мас., пардаи сафеда вирионҳоро аз таъсироти номусоид ҳифз менамояд; кислотаи нуклеат мутасаддии хусусиятҳои ирсӣ ва сироятӣ аст; ферментҳо бошанд, дар афзоиши В. иштирок мекунанд ва ғ. Одатан, кислотаи нуклеат дар маркази вирион ҷой гирифта, бо пардаи сафеда (капсид) иҳота шудааст. Капсид аз молекулаҳои якхелаи сафедаҳо (капсомерҳо) иборат буда, якҷоя бо кислотаи нуклеати В. шаклҳои геометрии симметрӣ (нуклеокапсид) ҳосил мекунад. Дар ҳолати симметрияи кубӣ (курашакл) доштани нуклеокапсид риштаи кислотаи нуклеат калобашакл печ мехӯрад, капсомерҳо бошанд, дар атрофи он ҷой мегиранд. В.-и полиомиелит, оқсил, аденовирусҳо, реовирусҳо, риновирусҳо ва ғ. ба ҳамин тарз ҷой гирифтаанд. Ҳангоми симметрияи спиралшакл (морпеч) доштани нуклеокапсид риштаи кислотаи нуклеати В. ба шакли спирал тоб мехӯрад, ҳар кадом печиши он бо капсомерҳои бо ҳам зич пӯшида мешавад. Сохти капсомерҳо ва намуди зоҳирии вирионҳоро бо ёрии микроскопи электронӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Миёнҷои В.-и сохташон мураккаб шакли спирали сахт тобхӯрдаро дошта, бо як ё чанд парда пӯшида шудааст. Таркиби пардаҳо аз моддаҳои гуногун иборат мебошанд. Мас., В.-и нағзак, грипп ва парагрипп айнан чунин сохт доранд. Хусусан В.-и бактерияҳо – бактериофагҳо муфассал омӯхта шудаанд. Поячаи фаг бо ғилофаки сафеда пӯшида шудааст, ки аз он нахҳои борики дароз паҳн мешаванд. Онҳо ҳангоми ба бактерия пайваст гардидани заррачаи фаг вазифи узви часпишро ба ҷо меоранд.
Афзоиши вирусҳо. В. ба паразитҳои мутлақ мансубанд. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо ҳатман зарар мерасонанд. Муҳити асосии фаъолияти В. ҳуҷайра аст ва ба ҳуҷайра дохил шудани онҳо оқибати нек надорад. Ба маънои маҷозиаш В. ризқдиҳандаи худро мекушанд. Аммо онҳо ин корро на яку якбора, балки баъди афзоиш ёфтан, баҷо меоранд. Мисоли оддитарини афзоиши В.-ро дида мебароем. Як навъ заррачаи вирусро тасаввур мекунем, ки аз кислотаи нуклеат (КРН ё КДН) иборат буда, бо ғилофаки сафеда пӯшида шудааст. Пеш аз ҳама вирус ҷаббида мешавад, яъне ба девораи ҳуҷайра (мембранаи плазмавӣ) мечаспад. Илова бар ин, ҳар вирион фақат ба ҳуҷайраҳои муайян, ки ретсепторҳои махсус доранд, пайваст мегарданд. Дар як ҳуҷайра метавонанд даҳҳо ва садҳо вирионҳо ҷаббида шаванд. Баъд раванди ба ҳуҷайра ворид гаштани В. оғоз меёбад (онро худи ҳуҷайра баҷо меорад), ки онро виропексис меноманд. Ҳуҷайра гӯё вирионҳои ба вай часпидаро ба дарун «мекашад». Бактерияҳои сохторашон нисбатан сода худ аз атроф вирионҳоро дошта наметавонанд. Шояд дар В.-и онҳоро сирояткарда (бактериофагҳо) мавҷуд будани ҷиҳози мураккабу мукаммале, ки кислотаи нуклеатро «тазриқ» мекунад, ба ҳамин вобаста бошад.
Давраи дигар – давраи «урён шудан»-и вирионҳои ба ҳуҷайра воридгашта мебошад. Бо ин мақсад ферментҳои махсуси ҳуҷайра истифода бурда мешаванд. Онҳо ғилофаки сафедаи В.-ро ҳал намуда, кислотаи нуклеати онро озод мекунанд. Кислотаи нуклеат ба ядрои ҳуҷайра дохил мегардад ва ё дар ситоплазмаи ҳуҷайра мемонад. Он нафақат ба афзоиши В. «роҳбарӣ» мекунад, балки хусусиятҳои ирсии онҳоро низ муайян месозад. Кислотаи нуклеати В. мубодилаи худи ҳуҷайраро фурӯ нишонда, онро ба ҳосил кардани ҷузъҳои нави вирус водор менамояд. Бо ёрии полимеразаҳо нусхаи кислотаи нуклеати волидайн гирифта мешавад (транскрипсия ва репликатсия). Як қисми нусхаҳои нав бо рибосомаҳо пайваст мегарданд ва дар онҳо синтези сафедаҳои вирусӣ ба амал бароварда мешавад (транслятсия).
Баъди он ки дар ҳуҷайраи сироятёфта миқдори зарурии унсурҳои вирус ҷамъ шуд, ба ҳам пайвастани вирионҳои насл (ба забони илмӣ композитсия) ба амал меояд. Ин кор, одатан, дар назди ҳуҷайрапардаҳо, баъзан бо иштироки бевоситаи онҳо мегузарад. Дар таркиби вирионҳои нав аксар вақт моддаҳое мавҷуданд, ки хоси ҳамон ҳуҷайраи В.-и дар он афзоишёфта мебошанд. Дар чунин ҳолатҳо вирионҳои нав бо қабати мембранаи ҳуҷайра пӯшида мешаванд.
Марҳилаи охирин – аз ҳуҷайра ба муҳити берун баромадан ё озод шудани вирионҳои нав мебошад. Хусусияти асосии энтеровирусҳо (В. – и рӯда) дар он аст, ки садҳо, баъзан ҳазорҳо вириони онҳо ба муҳити беруна хориҷ мешаванд. В.-и дигар (мас., В.-и табхол, реовирусҳо, ортомиксовирусҳо) пас аз пурра инкишоф ёфтанашон ҳуҷайраро тарк мекунанд. Онҳо то маҳв шудани ҳуҷайра борҳо афзоиш меёбанд ва тадриҷан синтези ҳуҷайраро хароб месозанд. Дар баъзе ҳолатҳо В. дар дохили ҳуҷайра мисли кристалл ҷамъ меоянд.
Ҳангоми грипп, ҳорӣ, нағзак ин зарраҳо дар ситоплазмаи ҳуҷайра, дар мавриди энсефалит, вараҷаи тропикӣ, табхол, сурхча, полиомелит дар ядро, ҳангоми баъзе амрози сироятӣ ҳам дар ядро ва ҳам дар ситоплазма ҷо мегиранд.
Хусусияти В.-и дохили ҳуҷайра барои ташхиси беморӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Чунончи, агар дар ҳуҷайраҳои асаби мағзи сар ғун омадани В.-и ситоплазмавӣ (заррачаҳои Негри) ба мушоҳида расад, пас он далели асосии бемории ҳорӣ аст; вуҷуд доштани вирусҳои даврашакл ё байзашакл (заррачаҳои Гварниери) дар ҳуҷайраҳои пӯст аз бемории нағзак дарак медиҳад. «Анбӯҳ»-и В. ҳамчунин дар мавриди энсефалит, оқсил ва диг. бемориҳо мушоҳида мегардад. В.-и растанӣ «анбӯҳ»-и хеле гуногуни кристаллшакл ҳосил мекунанд.
Хуллас, афзоиши В. ба тарзи махсус сурат мегирад. Аввал вирионҳо ба даруни ҳуҷайра дохил шуда кислотаҳои нуклеати вирусиро озод мекунанд. Пас аз он ҷузъҳои вирионҳои оянда «тайёр» мешаванд. Афзоиш бо якҷоя шудани вирионҳои нав ва ба муҳити берун баромадани онҳо анҷом мепазирад. Дар сурати ба амал наомадани яке аз ин давраҳо сикл вайрон шуда, афзоиши В. қатъ мегардад ё насли ноқис ба вуҷуд меояд.
В. гарчанде аз ҳуҷайра даҳҳо ва садҳо баробар хурд бошанд ҳам, онро моҳирона идора мекунанд. Барои ба вуҷуд овардани насли худ В. аз моддаҳои ҳуҷайра ва энергия истифода мебаранд. В. аз ҳисоби ҳуҷайра афзоиш ёфта, захираҳои онро кам мекунанд, боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ҳалокати ҳуҷайра мегарданд.
Тасниф ва хусусиятҳои бемориоварии вирусҳо. Асоси таснифоти В. аз чунин аломатҳо иборат аст: навъи кислотаи нуклеат (КДН ё КРН), андоза, сохт, мавҷуд будан ё набудани липидҳо ва ғ. Гурӯҳҳои асосии В., ки ангезандаи бемориҳои одаманд, дар ҷадвал нишон дода шудаанд. Тавре ки аз ҷадвал бармеояд, зиёда аз 1000 вируси одам ва ҳайвонот мавҷуд буда, дар айни замон қариб нисфи онҳо бемориовар мебошанд. Одатан, В. интихобан таъсир карда, узвҳои муайян ва бофтаҳои рӯда, бодомаки гулӯ, ҷигар, ҳуҷайраҳои асаби ҳароммағз ё мағзи сарро иллатнок месозанд. Бинобар ин бемориҳое, ки онҳо ба вуҷуд овардаанд (энтерит, бемориҳои шадиди узвҳои нафас, гепатит, энсефалит ва ғ.), аломати муайяни клиникӣ доранд.
Баъзе В.-еро, ки ангезандаи касалиҳои ҳайвонот мебошанд, хотиррасон бояд кард. Гарчанде онҳо дар ҳуҷайраҳои ҳайвоноти хонагию ваҳшӣ, парранда, моҳӣ ва ҳашарот паразитӣ кунанд ҳам, аз рӯи сохт ва хусусиятҳои асосӣ ба В. – и дар ҷадвал овардаи одам шабеҳанд. Дар байни онҳо гурӯҳи калони В. мавҷуд мебошанд, мас., В.-и нағзаки маймун , гов, шутур, говмеш, буз, харгӯш, муш, паррандаю ҳашароти гуногун; аденовирусҳои барзагов, асп, хук, гӯсфанд, саг, мурғ ва мурғобӣ; табхолвирусҳои маймун, бачапартоии аспҳо, хук, калламуш ва мурғ; реовирусҳои маймун, кӯршабпарак, гӯсфанд, мурғон; тогавирусҳо – ангезандаи энсефаломиелити асп, тоуни хук, таби хунрези маймун; коронавирусҳо – ангезандаи бронхити мурғ, гепатити муш, энсефалити хук ва ғ; парамиксовирусҳои гов, гӯсфанд, мурғи марҷон, саъба, тӯтӣ, пневмонияи гӯсфанд, тоуни саг ва ғ; ретровирусҳо – ангезандаи лейкози чорвои калон; реши равони гурба ва мурғон, саратони ғадудҳои шири муш ва ғ; пикорнавирусҳо – ангезандаи полиомелит ва энсефаломиокардити мушҳо, оқсил ва ғ.
Доираи амрозе, ки В. ба вуҷуд меоранд, ниҳоят васеъ аст. Ба он ҳам сирояти вогир (мас., грипп, сурхча, ҳорӣ, ханозир, нағзак ва ғ.), ҳам иллати ҷузъии пӯсту луобпарда (табхол, озах), ҳам осеби узву бофтаҳои алоҳида (миокардит, гепатит, лейкозҳо) ва ҳам омосҳои бадасл (саратон, реши равони ҳайвонҳо) дохил мешаванд. Истифодаи антибиотикҳо ба кам шудани бемориҳое, ки ангезандаашон бактерия ва соддатаринҳо мебошанд, мусоидат кард. Аммо онҳо дар баробари ин сабаби афзудани вазни қиёсии бемориҳои вирусии одам гаштанд. Грипп, назла, сурхча, гепатити вирусӣ, вараҷаҳои тропикӣ, табхол ва диг. амрози вирусӣ ҳанӯз ҳам аз қабили бемориҳои маъмул мебошанд. Дар табиат В.-и фақат мансуби одам кам дучор меоянд; ҳамаи онҳо ба В.-и ҳайвонот наздик ё монанд мебошанд. Бо В.-и ангезандаи грипп, сурхча, ханозир, табхол, ситомегалия, гастроэнтерит ва назла, кас хоҳ – нохоҳ дучор мешавад; аз В.-и ангезандаи гепатит, сурхакон, ҳорӣ, полиомиелит ва миокардит канораҷӯӣ кардан мумкин аст. Одам як давраи муайяни ҳассосият дошта бошад ҳам, дар тӯли ҳаёт хоҳ – нохоҳ метавонад бо вируси ягон хел беморӣ сироят ёбад.
Ҳанӯз дар батни модар ба кӯдак ду вируси хавфнок – сурхакон ва ситомегалия таҳдид мекунад. Кӯдакони навзод ва ширмак бошанд, боз ҳам нозуктаранд. Ба онҳо В.-и табхоли навъи 1 ва 2, гепатити В, грипп, назлаҳои гуногун, полиомиелит, гастроэнтеритҳо таҳдид менамоянд. Алалхусус кӯдакони хурд ва калонтар ниҳоят ҳассос мешаванд. Онҳо ба ҳама намудҳои сирояти вирусӣ ва гепатити А. ҳассос мебошанд. В. ба одамони калонсол камтар, вале ба пиронсолон бештар таъсир мерасонанд.
Ҳамин тариқ, В. аз лаҳзаи тавлид (аниқтараш ҳанӯз пеш аз таваллуд) то пиронсолӣ ҳамсафари доимии одамонанд. Агар давомоти умри инсон 70 сол бошад, 7 соли он бо бемориҳои вирусӣ мегузарад. Аз ин ҷо маълум аст, ки В. зарари клони иқтисодӣ мерасонанд. Агар ба он зиёни аз дигар амрози вирусӣ ба чорво ва растанӣ мерасидаро илова намоем, пас ададҳои беохир ҳосил мешаванд.
Биёед, боз ба одамон бармегардем. Муқаррар гаштааст, ки одам соле бо ду ва бештар сирояти вирусӣ дучор меояд, аммо дар тамоми давраи ҳаёт вирусҳо 200 маротиба ба организми ӯ дохил мешаванд. Хушбахтона ин «вохӯриҳо» ҳамеша ба беморӣ анҷом намепазиранд, чунки дар рафти таҳаввулот организи инсон бо бисёр В. мубориза бурданро омӯхтааст.
Таъсири мутақобилаи вирусҳо бо ҳуҷайра. Навъҳои сирояти В. муракаб ва гуногунанд. Дар баъзе мавридҳо беморӣ зуд инкишоф ёфта, бо ҳалокати ҳуҷайра анҷом мепазирад. Дар мавриди дигар В. ба дохили ҳуҷайра даромада, гум мешаванд ва муддати дароз осеб намерасонанд. Шакли якуми таъсири мутақобила сирояти ошкор (шадид), шакли дуюм сирояти латентӣ (ниҳонӣ) ном дорад. Дар мавриди якум беморӣ зудгузар буда, дар мавриди дуюм он дуру дароз ва ба шакли музмин давом мекунад; ҳуҷайраҳо зоҳиран бетағйир мемонанд, аз ин рӯ муайян кардани чунин беморӣ душвор аст. Дар байни ин ду намуди бемориҳои вирусӣ бисёр шаклҳои даргузар низ мавҷуданд.
Ҳангоми сирояти вирусии шадид пас аз дохил шудани вирус ҳуҷайра хароб, яъне пажмурда мешавад. Тадриҷан ягон ҳуҷайраи зинда намемонад ва фақат боқимондаи фавтидаи онҳо ба назар мерасанд. Ин ҳолат ба бемории сироятии шадиди марговар монанд аст. Чунин вазъиятро В.-и нағзак, полиомиелит, оқсил ва ғ. ба вуҷуд меоранд. Дар мавриди сирояти ниҳонӣ В. метавонанд дер гоҳ дар ҳуҷайра монанд ва таъсир нарасонанд. Илова бар ин, онҳо метавонанд якҷоя бо насли ин ҳуҷайра, аз авлод ба авлод гузаранд. Муқаррар шудааст, ки дар табиат сирояти ниҳонӣ нисбат ба сирояти шадид бештар дучор меояд. Дар асл ҳамаи амрози вирусии маълум метавонанд ҳам дар шакли шадид ва ҳам дар шакли ниҳонӣ ҷараён гиранд. Сирояти вирусии ниҳонӣ мумкин аст ҳангоми табхол, полиомиелит, энсефаломиелит, гепатит, ҳамчунин омос ба мушоҳида расад. В.-и ангезандаи ин бемориҳо дуру дароз (баъзан тамоми умр) дар организм монда, метавонанд аз худ дарак надиҳанд. Яке аз сабабҳои он интегратсия (муттаҳид шудан)-и моддаи генетикии вирус ва ҳуҷайра аст. Вирусшиноси шӯравӣ Л.А. Зилбер дар чунин мавридҳо ибораи «бемориҳои муштарак»-ро пешниҳод намуд. Ҳангоми камқувват шудани организм (дар натиҷаи хунук хӯрдан, таъсири дуру дарози нурҳои офтоб, нурҳои рентгенӣ, стресс) В. фаъол гашта, метавонанд боиси сар задани беморӣ гарданд. Зери таъсири омилҳои номбурда сирояти вирусии ноаён ба бемории ошкоро мегузарад. Аксуламали организм ба сирояти В. ба сабабҳои бисёр, мас., миқдори вируси сирояткарда, роҳҳои ба организм даромадани онҳо (дарвозаҳои сироят), қувваи муҳофизатии организм ва ғ. вобаста аст. Аз ин рӯ оқибати ба организм роҳ ёфтани В. низ метавонад гуногун бошад.
Ба В.-е, ки сирояти ниҳониро ба амал меоранд, пеш аз ҳама В.-и табхол мансубанд. Мас., В.-и табхоли навъи I-ум иллати ҷузъии пӯст, луобпарда ва чашм, В.-и табхоли навъи II-юм бошанд, иллати узвҳои таносулро ба вуҷуд меоранд. Ин бемориҳо бағоят давомнок буда, пас аз чанд муддат такроран сар мезананд. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин В.-и ангезандаи шукуфаи фарогир, мононуклеози сироятӣ ва ситомегалия дохил мешаванд. Тахмин менамоянд, ки онҳо, алалхусус В.-и ситомегалия, сади сироятнопазирии организмро халалдор ва қобилияти мудофиавии онро суст мегардонанд.
Дигар вирусе, ки дуру дароз дар организм ноаён мемонад, вируси гепатити В аст. Ҳангоми ин беморӣ, одатан, ба ном вирусҳомилии солим мушоҳида мегардад, ки нафақат барои одами ҳомили вирус, балки барои атрофиён низ хавфнок аст. Мутаассифона, чунин шахсон бисёранд. Аз рӯи ҳисоби тахминӣ, шумораи онҳо дар дунё 200 миллионро ташкил медиҳад. Сабаби зиёд будани ин бемории вазнин низ дар ҳамин аст.
Сирояти тадриҷии вирусҳо. Ангезандагони сирояти тадриҷӣ (вирусҳои сустсироят), иллати мағзи сарро ба вуҷуд меоранд. Ангезандаи панэнсефалити шадиди склерозӣ ва панэнсефалити шиддатгири сурхакон В.-и сурхча ва сурхакон мебошанд. Ин бемориҳо бисёр дучор наоянд ҳам, хеле вазнин мегузаранд ва ҳодисаҳои марговари онҳо низ мушоҳида мегарданд. Лейкоэнсефалопатияи авҷгир, ки ангезандаи он ду навъи вирус – полиома ва вируси ҳубобовари маймун SV 40 мебошанд, боз ҳам камтар вомехӯрад. Намояндаи сеюми ин гурӯҳ (вируси папиллома) сабаби пайдоиши озахҳо мешавад. Номгӯи мухтасари вирусҳои папиллома, полиома ва вируси ҳубобовари SV 40 номи умумии ин гурӯҳи В. – паповавирусҳоро ташкил додаанд.
Аз сироятҳои вирусии дигари тадриҷӣ бемории Крейтсфелдт – Якобро номбар кардан мумкин аст. Дар ин қабил беморон камақлӣ, фалаҷ, парез (нимфалаҷ) мушоҳида гардида, сипас бо иғмо ва марг анҷом меёбад. Хушбахтона, шумораи чунин беморон ниҳоят кам аст (он аз миллион як нафарро ташкил медиҳад).
Дар байни форе ном халқияти нисбатан камшумори Гвинеяи Нав бемории Куру ошкор карда шуд. Беморӣ ба одати хӯрдани мағзи сари хешовандони аз Куру фавтида вобаста буд. Хавфи сироят махсусан ба занону кӯдакон таҳдид мекард, чунки онҳо дар кофта гирифтан, тайёр кардан ва хӯрдани мағзи сари сироятнок бевосита иштирок менамуданд. В. аз афти кор ба тавассути ҷойҳои бурида ё харошидаи пӯст ворид мешуданд. Баъди он ки яке аз аввалин тадқиқотчиёни бемории Куру – вирусшиноси амрикоӣ Карлтон Гайдушек ба манъи одамхӯрӣ муваффақ гашт, ин бемории марговар ҳам нест шуд.
Вирусҳо ва саратон. Яке аз роҳҳои ҳамзистии вирусу ҳуҷайраҳо вақте рух медиҳад, ки моддаи генетикии В. бо моддаи генетикии ҳуҷайра як мешавад (интегратсияи геномҳо). Дар натиҷаи он вирус гӯё ҷузъи муқаррарии ҳуҷайра гардида, аз насл ба насл мегузарад. Сараввал ҷараёни интегратсия дар мисоли бактериофагҳо батафсил омӯхта шуд. Бактерияҳое, ки қобилияти бидуни сироят, яъне худ аз худ ҳосил кардани бактериофагро доранд, дер боз маълуманд. Хусусияти бактериофаг ҳосил намудани онҳо аз насл ба насл мегузарад. Агар бактерияҳои лизогениро бо бактерияҳои ба онҳо ҳассос сироятнок кунанд, афзоиши бактериофаг ва ҳалокати микроорганизмҳо ба вуқӯъ намеояд. Бактериофаг дар ин бактерияҳо хусусияти сироятии худро аз даст медиҳад. Бактерияҳо минбаъд ҳам дар муҳити ғизоӣ хуб инкишоф меёбанд ва сохти муқаррарӣ доранд. Фарқи онҳо аз бактерияҳои сироятнаёфта дар он аст, ки ба сирояти такрорӣ тобовар мешаванд. Чунин бактерияҳо бактериофагро ба насли худ мегузаронанд. Дар натиҷа фақат қисми ночизи (аз 10 ҳаз. фақат 1-то) ҳуҷайраҳои алоҳида вайрон ва ҳалок мегарданд. Таассуроте ба амал меояд, ки дар ин муборизаи зидди бактериофаг бактерия ғолиб омад, вале дар асл ин тавр нест. Вақте ки бактерияҳои лизогенӣ ба шароити номусоид меафтанд ё ба таъсири нурҳои ултрабунафш, рентгенӣ ва оксидкунандаҳои пурқувват дучор меоянд, В.-и «пинҳоншуда» фаъол гашта, шакли пурраи худро мегиранд. Дар ин ҳолат аксарияти ҳуҷайраҳо вайрон мешаванд ва чуноне ки дар мавриди сирояти шадиди муқаррарӣ мушоҳида мекунем, пайдоиши В. оғоз меёбад. Ин ҳодиса индуксия ва омилҳое, ки онро ба вуҷуд меоранд, омилҳои индуксиякунанда ном доранд.
Лизогения дар бисёр лабораторияҳои ҷаҳон таҳқиқ карда шудааст. Зимни ин маводи фаровони таҷрибавӣ ба даст омад, ки дар дохили бактерияҳо ба шакли профагҳо (бактериофагҳои бо хромосомаҳои бактерияҳо якҷояшуда) вуҷуд доштани бактериофагҳои мӯътадилро собит месозанд. Профаг ҳамзамон бо ҳуҷайра (синхронӣ) афзоиш меёбад. Профагҳо, ки ҷузъи махсуси ҳуҷайраанд, дар як вақт функсияи худ, яъне нигоҳ доштани ахбори генетикиро низ иҷро мекунанд. Ахбори генетикӣ барои синтези ҳиссачаҳои бутуни ҳамин навъи фаг зарарур аст. Дар мавриди ба шароити номусоид афтидани бактерияҳо ин хусусияти профагҳо ба кор меояд, омилҳои индуксиякунанда алоқаи байни хромосомаи профаг ва бактерияро халалдор сохта, профагро фаъол мекунанд. Лизогения дар табиат васеъ паҳн гаштааст. Дар баъзе бактерияҳо (мас., стафилококкҳо, бактерияҳои домана) қариб ҳар кадом намуд лизоген мебошанд.
Тақрибан 40 вируси ангезандаи лейкозҳо (саратони хун), саратону реши равони сардхунон (қурбоққаҳо), хазандагон (морҳо), паррандагон (мурғ) ва ширхӯрон (муш, калламуш, миримушон, маймун) маълуманд. Ҳангоми ба ҷонварони солим гузаронидани чунин В. омосҳои бадасл авҷ мегиранд. Ин масъала дар одамон мураккаб аст. Душвории кор бо В. (ангезандагони саратон ва лейкози одам) дар он мебошад, ки бисёр вақт ҳайвонҳои мувофиқро барои кори лабораторӣ ҷудо карда гирифтан муяссар намегардад. Бо вуҷуди он вируси ангезандаи лейкози одам ошкор карда шуд.
Вирусшиноси шӯравӣ Л.А. Залбер с-ҳои 1948 – 49 назарияи вирусогенетикии пайдоиши саратонро ба вуҷуд овард. Тахмин мекунанд, ки кислотаи нуклеати В. ва дастгоҳи ирсии ҳуҷайра бо ҳам як мешаванд. Чунин муттаҳидӣ беоқибат намемонад, яъне ҳуҷайра метавонад баъзе хусусиятҳои нав пайдо кунад, ки яке аз онҳо қобилияти зуд афзоиш ёфтан аст. Дар натиҷа ҳуҷайраҳои ҷавон ба вуҷуд меоянд; онҳо зуд тақсим мешаванд (иллати пеш аз саратон), қобилияти афзоиши беист доранд ва барои ташаккули омос замина мегузоранд.
В.-и омосовар (омосзо) чандон фаъол нестанд. Аз ин сабаб онҳо ҳуҷайраро табоҳ намесозанд, аммо дар он тағйироти ирсӣ ба вуҷуд меоранд. Баъди ин ҳуҷайраҳои омос гӯё дигар ба В. эҳтиёҷ надоранд. Ҳақиқатан ҳам дар омосҳое, ки аллакай ташаккул ёфтаанд, аксар вақт В. мушоҳида карда намешаванд. Тахмин мекунанд, ки В.-и навро дар таркиби КДН-и ҳайвоноти аз В.-и омосовар сироятёфта дидан мумкин аст.
Ҳамин тавр, дар сурати интегратсия «амалиёти махфии» В. ниҳон мемонад ва дер вақт худро зоҳир намесозад. Ҳангоми омӯзиши дақиқ маълум мегардад, ки чунин «пинҳоншавӣ» нопурра аст. Мавҷудияти В.-ро аз рӯи пайдоиши антигенҳои нав дар сатҳи ҳуҷайра метавон ошкор намуд. Агар дар таркиби ҳуҷайра В.-и омосовар вуҷуд дошта бошанд, онҳо қобилияти афзоиши беист пайдо мекунанд ё тағйир меёбанд. Ин гуна хусусияти онҳо аломати аввалини афзоиши омоси бадасл аст. Трансформатсия (нумӯи бадасли ҳуҷайра)-ро сафедае ба амал меорад, ки дар геноми В. рамз шудааст. Тақсимшавии бетартиб боиси пайдоиши манбаи трансформатсия мегардад. Агар ин ҳолат дар организм рӯй диҳад, пас иллати қаблисаратонӣ ба амал меояд.
Дар мембранаҳои ҳуҷайра пайдо шудани антигенҳои сатҳии омос онҳоро барои организм «бегона» месозад. Аз ин лиҳоз онҳоро системаи иммунитет чун ҳадаф ошкор хоҳад кард. Пас, чаро омосҳо пйдо мешаванд? Маълум, ки омос бештар дар одамони пиронсол (бинобар суст будани фаъолияти иммунитет) мушоҳида мешавад. Эҳтимол, суръати тақсим шудани ҳуҷайраҳои тағйирёфта нисбат ба ҷавоби иммунитет тезтар бошад. Шояд, чи тавре ки далелҳои бисёр нишон медиҳанд, В.-и омосовар ба системаи иммунитет фишор оваранд ва ё таъсири онро боздоранд. Баъзан ба ин ҳолат бемориҳои сироятӣ ва ҳатто доруҳое, ки ба беморон (мас., ҳангоми пайванди узву бофтаҳо) медиҳанд, сабаб шуда метавонад.
Вирусҳои манфиатовар. В. манфиат ҳам доранд. Дар ибтидо В.-и бактерияхӯр (бактериофаг)-ро тадқиқ намуданд. Маълум гашт, ки онҳо авлодони наздиктарини худро зуд ва бераҳмона нест мекунанд. Қаламчамикроби тоун, домана, исҳоли хунин, вибриони вабо ва ғ. баробари бо ин В.-и зоҳиран безарар дучор омадан, дар пеши назар нобуд мешуданд. Табиист, ки бактериофагҳоро барои пешгирӣ ва муолиҷаи бисёр бемориҳои сироятӣ (исҳоли хунин, вабо, тифи шикам) истифода мебаранд. Аммо пас аз комёбиҳои аввалин нокомиҳо рух доданд. Маълум гашт, ки таъсири бактериофагҳо ба бактерия дар организми одам нисбат ба пробирка (зарфе, ки дар он бактерияҳоро месабзонанд) сусттар аст. Ғайр аз ин бактерияҳо зуд ба бактериофагҳо одат ва ҳассосияти худро нисбати таъсироти онҳо гум месозанд. Пас аз кашфи антибиотикҳо аҳамияти бактериофагҳо ҳамчун дорувор кам шуд. Аммо то имрӯз онҳоро барои ошкор сохтани бактерияҳо истифода мебаранд. Чунки бактериофгҳо «бактерияҳои худ»-ро аниқ ёфта мегиранд ва ҳал менамоянд.
В.-е, ки ба ҳайвоноти мӯҳрадор ва ҳашарот сироят мекунанд, ҳамчунин аз қабили вирусҳои муфиданд. С-ҳои 50 а. 20 дар Австралия масъалаи мубориза бар зидди харгӯшҳои ваҳшӣ, ки ба кишоварзӣ зарари калон меоварданд, ба миён омад. Дар мубориза бар зидди онҳо В.-и миксоматозро ба кор бурданд. Дар давоми 10 – 12 рӯз ин В. тамоми ҳайвоноти сироятёфтаро нобуд сохтанд. Барои паҳн намудани онҳо хомӯшакҳо истифода карда шуданд.
Дар бобати ба муқобили зараррасонҳо кор фармудани В. мисолҳои зиёд овардан мумкин аст. Ҳама медонанд, ки кирмина ва гамбускҳо чи зарар доранд. Онҳо барги зироати фоиданокро мехӯранд, ниҳолҳоро мехушконанд. Ба муқоибили онҳо В.-и полиэдроз ва гранулёз мубориза мебаранд. Дар қитъаҳои хурд онҳоро бо пуливеризатор, дар майдонҳои васеъ бошад, аз самолёт мепошанд. Дар Калифорния ҳангоми аз кирмак муҳофизат намудани юнучқа ва дар Канада барои нест кардани гамбуски санавбар ҳамин усул кор фармуда шуд. В.-ро дар оянда дар муборизаи зидди кирми карам, лаблабу ва митта ба кор бурдан мумкин аст.
Вокуниши организм ба таъсири вирус. Муносибати тарафайни вирусу ҳуҷайра пеш аз ҳама бо хусусияти В. ва ҳассосияти ҳуҷайраҳо муайян карда мешавад. Мас., агар ҳуҷайраҳо ретсептор (даррокҳо)-и мувофиқ надошта бошанд, В. ба онҳо роҳ ёфта, таъсири харобиовар мерасонанд. Ҳатто дар сурати мавҷудияти ретсепторҳо низ мутаассирии ҳуҷайраҳо нисбати В. мушоҳида намешавад (сироят дар онҳо вусъат намеёбад). Ниҳоят, агар ҳуҷайраҳо ба В. ҳассос бошанд, пас ин маънои онро надорад, ки вирус ҳатман онҳоро маҳв месозад. Дар табиат вирусе нест, ки ба сироят ва маҳви ҳамаи ҳуҷайраҳо қодир бошад. Аксар вақт натиҷаи таъсири мутақобилаи В. ва ҳуҷайраҳо ба миқдори вируси ба организм роҳёфта вобаста аст.
Таъсири В. дар организм муқобилати сахт ба вуҷуд меорад (он дар ҳосил шудани интерферон ва ба кор даромадани системаи иммунитет ифода меёбад). Сафедаҳои вирус, ки аввал барои организм бегона буданд, роли антигенҳоро мебозанд ва ҷавобан подтан ҳосил мекунанд. Функсияи асосии подтанҳо ёфтан ва безарар гардондани антигенҳост. Дар ин кор ба онҳо ҳуҷайраҳои иммунӣ кӯмак меасонанд (онҳо ҳиссачаҳои вирусро дошта, ҳазм менамоянд).
Организм нафақат В.-и ба вай роҳёфтаро нест мекунад, балки барои дар оянда ба онҳо дучор наомадан низ тайёрӣ мебинад. Маълум аст, ки одами як бор бемор гашта дуюмбора ба ҳамон бемории вирусӣ кам дучор меояд. Рафту такроран бемор шавад ҳам, он зуд ва сабук мегузарад. Барои муҳофизат аз В. шарт нест, ки одам ба онҳо дучор ояд. Чи тавре ки маълум аст, кӯдаки ширмак ба бемориҳои вирусӣ кам гирифтор мешавад. Табиат дар ҳаққи кӯдакони ширмак ғамхорӣ кардааст. Онҳо ҳангоми дар батн буданашон ба воситаи хун ва баъди таваллуд ёфтан, ба воситаи шири модар масуният пайдо мекунанд. Шири модар рӯдаҳои кӯдак, яъне даромадгоҳи асосии ангезаҳои бемориро ҳифз менамояд. Ҳамзамон бо ин, барои аз бемориҳои асосии вирусӣ наҷот додан, ба кӯдак ваксина мегузаронанд.
Барои муҳофизат аз В. аксуламали илтиҳобӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин маврид ба ғайр аз макрофагҳои маъмулӣ, ҳамчунин ҳарорати баланд ва зиёд будани туршии муҳит низ боиси маҳви В. хоҳанд шуд. Ҳамин тавр, посбонони махсус (иммунитет) ва номахсус (интерферон, реаксияи илтиҳобӣ ва ғ.), саломатиро ҳушёрона нигоҳ медоранд.
Агар дар бораи В. ҳама чизро таҳлил намоем, пас ба хулосаи аҷиб омадан мумкин аст. Аз як тараф В. ҳамаи монеаҳоро паси сар карда, метавонанд бемориро ба вуҷуд оранд; аз тарафи дигар организм қодир аст ба онҳо мубориза барад ва ғолиб ояд. Ин ҳарду монанди ҷанги тан ба тан аст, ки бояд яке ғалаба кунад. Аммо оқибатҳои дигар низ имконпазиранд. Чунончи (эҳтимол ин варианти аз ҳама маъмул бошад), ду тарафи бо ҳам зид дуру дароз якҷоя зиста , ба ҳамдигар осеби ҷиддӣ намерасонанд. Чунин «зиндагии аҳлона» метавонад моҳҳо, солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо давом кунад. Ин ҳолат барои ҳарду ҷониб созгор аст. Аз як тараф вирус барои худ соҳибе меёбад, ки аз ҳисоби ӯ рӯз мегузаронад; аз тарафи дигар организм бемор намешавад ва ин саломатӣ нисбатан осон ба даст меояд. Аммо чунин мувозанат дер давом намеёбад. Механизми он гуногун буда, ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст. Дар баъзе мавридҳо бисёр ҳуҷайраҳои организм ба В. ҳассос нестанд, вале як қисми ҳуҷайраҳои тағийрёфта (мутантҳо) ба ҳар ҳол ба афзоишу мавҷудияти онҳо роҳ медиҳанд. Дар мавриди дигар бошад, аллакай худи В. мутант (аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта) ба ҳисоб мераванд. Дар ҷараёни афзоиши ин гуна В. вирионҳои ноқис – ҳиссачаҳое, ки дар онҳо моддаҳои генетикӣ (КРН ё КДН) қисман ё пурра вуҷуд надоранд, ҳосил мешаванд. Чунин вирионҳо ба пайдоиши вирионҳои мӯътадил халал мерасонанд.
Дар табиат мутантҳои ба ҳарорат ҳассоси В. низ дучор меоянд. Онҳо фақат дар ҳарорати муайян қобили афзоиш мебошанд. Бинобар он ҳарорати баланд, ки хоси бемориҳои сироятӣ аст, ин В.-ро маҳв месозад. Мӯътадил шудани ҳарорат бошад, ба афзоиши вирионҳои зинда мусоидат мекунад ва дар натиҷа ҳарорат боз боло меравад.
Боз ба организм бармегардем. Ҳар организм қобилияти хоси ба вуҷуд овардани интерферон, подтанҳо ва диг. омилҳои муҳофизро дорад. Дараҷаи омилҳои муҳофизи организм дар вазъияти гуногун (ҳангоми стресс, вобаста ба обу ҳаво, синну сол ) метавонад пасту баланд шавад. Табиист, ки В. баъди ба организм ворид гаштан, ба муҳити барояшон мусоид ё номусоид меафтанд. Дар мавриди якум онҳо боиси беморӣ мегарданд; дар мавриди дуюм афзоиши онҳо суст мешавад, аз худ дарак намедиҳанд, ҳол он ки тамоман барҳам намехӯранд.
Барои фаҳмо шудан, мо шартан вариантҳои эҳтимолии ҳамзистии В. ва ҳуҷайраро ҷудо кардем. Дар асл дар организм вариантҳои номбурда метавонанд ҳамроҳ бошанд, ки ин ташхиси бемориҳои вирусии ниҳониро душвор мегардонад.
Дар охир боз як механизми таъсири мутақобилаи вирусу ҳуҷайраҳоро ба хотир меорем. В.-е , ки ба «фишори иммунитет» тоб намеоранд, маҷбуран шакли худро андаке тағйир медиҳанд ва бо ҳамин роҳ аз таъсири подтанҳо ва диг. омилҳои иммунитет раҳо меёбанд. Ин ҳолатро бо қонуни Дарвин оиди мубориза баҳри ҳаёт ва зинда мондани намудҳои мутобиқгашта маънидод кардан мумкин аст.
Пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои вирусӣ. Се усули асосии муборизаи зидди бемориҳои вирусӣ маълум аст: моягузаронӣ (ваксинатсия), истифодаи интерферон ва химиотерапия. Ҳар кадоми ин усулҳо ба таври худ таъсир мерасонад: ваксина (моя) системаи иммунитетро ба кор медарорад, интерферон ба афзоиши вирусҳои дохили ҳуҷайра монеъ мешавад, доруҳои химиявӣ ба вирусҳо таъсир расонида, бемориро боз медоранд.
Усули аз ҳама қадим ва эътимодбахш моягузаронӣ мебошад. Он қариб 200 сол ин ҷониб ба инсоният содиқона хизмат мекунад. Аввалин кӯшишҳои муборизаи зидди бемориҳои вирусӣ ҳанӯз пеш аз кашфи В. ҷой дошт. Моҳияти он хеле оддист: «душманро бояд бо яроқи худаш кушт». Дар ин ҷо вирус муқобили вирус мебарояд. Духтури англис Э. Ҷеннер мушоҳида намуд, ки ширфурӯше, ки бемории нағзаки говро аз сар гузаронидааст (ин беморӣ хеле сабук аст), минбаъд ба нағзаки одам гирифтор намешавад. С. 1796 ӯ бо нағзаки гов одамони солимро эм кард (ваксина гузаронд), пас аз ин онҳо ба нағзак гирифтор нашуданд. Он солҳо аз нағзак миллионҳо одамон мефавтиданд ва ин кашфиёти Ҷеннер хеле муҳим буд. Аз он вақт солҳои зиёд гузаштанд. Олими франсавӣ Л. Пастер с. 1885 ваксинаи дуюми зиддивируси (доруҳое, ки организмро аз сирояти вирус ва бактерияҳо эмин медоранд, ҳамин тавр меномидагӣ шуданд)-ро барои пешгирии ҳорӣ ҳосил намуд. Баъди кашфи В. аз вирусҳои кушта ё қамқувват дар миқёси саноатӣ ваксина истеҳсол мекардагӣ шуданд. Дар сурати ба организм гузаронидани ин гуна В. беморӣ ба вуқӯъ намеояд ва ҳатто бар зидди ҳамон вирус иммунитети фаъол пайдо мешавад. Ин усулро пешгирӣ бо ваксина меноманд.
Тайёр кардани ваксина кори мураккаб аст. Дар он духтурон, биологҳо, биохимикҳо, инженерон ва диг. мутахассисон иштирок мекунанд. Ваксинаҳо бояд таъсирбахш ва безарар бошанд.
Бо ёрии ваксина бемории нағзак тамоман барҳам хӯрд. Ин яке аз ғалабаҳои бузурги илми тиб дар а. 20 аст; полиомелит ва ҳорӣ кам дучор меоянд; бемориҳои сурхча, сурхакон, паротит, вараҷаи тропикӣ, энсефалит кам шуданд. Ба шарофати ваксинатсия ҳаёти миллионҳо одамон наҷот ёфт.
Дигар усули ҳифзи одам аз В., ки ба ваксинатсия наздикӣ дорад, истифодаи зардоб ва гамма-глобулин аст. Онҳо аз хуни одами гирифтори ягон амрози вирусӣ ё аз хуни ҳайвони ба ягон вируси муайян масуниятдор тайёр карда мешаванд. Чунин зардобҳо подтан, яъне сафедаҳои махсус доранд, ки онҳо барои безарар гардондани В.-и мувофиқ қодир буда, пас аз чанд соати ба организм ворид шудан, иммунитети суст ба вуҷуд меоранд. Ин усул барои пешгирии сурхча, муолиҷаи энсефалит ва диг. бемориҳои вирусӣ истифода мегардад.
Мутаасифона, ваксинатсияи оммавӣ ҳамеша садди роҳи бемориҳои вирусӣ намешавад. Зеро ваксинаҳо таъсири интихобӣ доранд ва камбудии онҳо низ дар ҳамин аст. Дар ҳолате, ки ҳамон як беморӣ, мас., грипп ва назларо В.-и бисёр (қариб 150 хел) ба вуҷуд меоранд, ваксинатсия нисбати онҳо амалан имконнопазир мегардад. Беҳтарин навъҳои ваксинаи зидди грипп фақат боиси кам шудани беморӣ мегарданд, вале онро пурра барҳам дода наметавонанд. Худи В.-и грипп бошанд, зуд тағйир меёбанд ва ваксинаҳои пештар тайёршуда нисбати онҳо таъсири худро гум мекунанд.
Бар замми ин, агар ҳатто бар зидди ҳамаи В.-и бемориангез ваксина тайёр кунанд ҳам (онҳо зиёда аз 500 хел мебошанд), ба тамоми одамон гузаронидани он амри муҳол аст. Бинобар ин, барои мубориза бо В. химиотерапия ба миён омад. Тафовути химиотерапия аз ваксинатсия на дар пешгирии беморӣ, балки дар муолиҷаи он аст.
Чӣ тавре ки маълум аст, ягон доруи маъмули сулфаниламидӣ ё антибиотикҳо афзоиши В.-ро боздошта наметавонад. Душвории асосии химиотерапия дар он аст, ки В. дар дохили ҳуҷайраҳо афзоиш меёбанд. Аз ин рӯ ҳар гуна таъсир ба синтези В. боиси ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра мегардад. Дар натиҷа аксар доруҳое, ки афзоиши В.-ро бозмедоранд, дар айни вақт ба фаъолияти ҳуҷайраҳо низ таъсири номусоид мерасонанд. Бинобар ин, антибиотикҳо ва антиметаболитҳое, ки қобилияти дар пробирка боздоштани афзоиши В.-ро доранд, ба организм чандон таъсир намерасонанд.
Вақтҳои охир муаяссар гардид, ки доруҳои зиддивирусии аз ҷиҳати клиникӣ мувофиқ ба даст оварда шаванд. Доруҳое, ки аз энсефалити вирусӣ муҳофизат мекунанд, дар таҷриба санҷида мешаванд. Комёбиҳои аввалини химиотерапия аз пешомадҳои ин усули мубориза бар зидди В. шаҳодат медиҳанд.
Бар хилофи ваксина ва доруҳои химиявӣ доираи таъсироти интерферон васеъ буда, амалан ба ҳама гуна В. таъсир мерасонад, афзоиши В.-и ҳуҷайраро бозмедорад. Баъзе далелҳо собит менамоянд, ки агар интерферонро организм нағз қабул накунад, бемориҳои вирусӣ вазнинтар мегузаранд. Санҷишҳои клиникӣ нишон доданд, ки интерферон дар аснои бемории назла, алалхусус агар бемориро риновирус ба вуҷуд оварда бошад (яъне дар ҳолатҳое, ки ваксинагузаронӣ чандон фоиданок нест), таъсири бештар мерасонад. Истифодаи интерферон зидди иллатҳои табхолии пӯст, чашм ва луобпардаҳо низ аҳамияти калон дорад. Омӯзиши доруҳои химиявӣ ва интерферон давом дошта бошад ҳам, суръати имрӯзаи пешрафти илм ба он далолат менамояд, ки тиб дар ояндаи наздик барои раҳоӣ аз бисёр бемориҳои вирусӣ воситаҳои самаранок ба даст хоҳад овард.

ВИРУСҲОЕ, КИ БАРОИ ОДАМ ХАВФНОК МЕБОШАНД

Оила, гурӯҳи асосии вирусҳо, вирусҳои ҷудогона Андозаи вирусҳо ба ҳисоби нанометр (нм) Адади типи вирусҳое, ки дар табиат дучор меоянд Адади типи вирусҳое, ки ба одам осеб мерасонанд Эҳтимолияти бо вирус дучор шудан (ба ҳисоби wacko Бемориҳое, ки ангезандаашон вирусҳоянд
Вирусҳое, ки КДН доранд
Оилаи вирусҳои табхол 120 – 200 > 30 5 90 – 100 Ҳайвон
Вируси табхоли типи I 120 – 200 > 1 1 50 – 70 Бемории чашм, луобпарда, пӯст, баъзан омос ва энсефалит
Вируси табхоли типи II 120 – 200 1 1
Вируси обакон 120 – 200 1 100 Обакон
Ситомегаловирус 120 – 200 1 1 90
Вируси Эпстайн – Барр 120 – 200 1 1 номаълум Омоси ҳалқум
Гепадновирусҳо 1 1 10 – 15 Гепатити В (гепатити зардобӣ)
Оилаи аденовирусҳо 70 – 90 34 7 90 Назла, бемории чашм, озах
Авлоди папилломавирусҳо 45 – 55 9 3 50
Авлоди полиомавирусҳо 45 – 55 5 2 10 – 30 Энсефалопатия, эҳтимол омос
Вирусҳое, ки КРН доранд
Оилаи рабдовирусҳо 50 – 95 30 8 10 – 30 Ҳорӣ, стоматити везикулярӣ
Оилаи коронавирусҳо 75 – 160 9 3 50 – 70 Назла
Оилаи парамиксовирусҳо 150 20 6 100 Назла
Вируси ханозир 150 1 1 100 Ханозири вогир
Вируси сурхча 150 1 1 100 Сурхча
Оилаи ортомиксовирусҳо 80 – 120 3 3 100 Гриппи А, В, С
Оилаи бунявирусҳо 90 – 100 > 200 > 50 номаълум Энсефалит
Оилаи ретровирусҳо 80 – 100 > 20 номаълум – Ангезаҳои тахминии саратон, саромос, лейкоз
Оилаи реовирусҳо 60 – 80 80 20 20 – 50 Назла
Гурӯҳи ротавирусҳо 60 – 68 2 2 100 Гастроэнтерити шадид
Оилаи тоговирусҳо 40 – 70 Бештар аз 200 Қариб 40 номаълум Вараҷаҳо
Гурӯҳи вирусҳои сурхакон 60 – 75 1 1 85 Сурхакон
Оилаи пикорнавирусҳо 20 – 30 169 169 40 – 70
Энтеровирусҳо 20 – 30 30 30 40 Полиомиелит
Вирусҳои Коксаки А ва В 20 – 30 29 29 40 Миокардитҳо
Риновирусҳо 20 – 30 110 110 70 Назла
Вирусҳои гепатити А 20 – 30 1 1 40 Гепатити А (сироятӣ)

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …