Главная / Теги: Тиб (страница 140)

Теги: Тиб

БЕМОРХОНА

bemorkhona

БЕМОРХОНА (Nosocomium), шифохона, бемористон, муассисаест барои муолиҷаи беморони бистарӣ. Б.-е, ки ба ҳайати он дармонгоҳ (поликлиника) дохил мешавад (Б.-и муттаҳид), муассисаи табобатӣ ва профилактикӣ буда, ба аҳолӣ ёрии тиббии гуногун ва махсус мерасонад. Б.-ҳо чанд навъанд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ. Б.-ҳо умумӣ (иборат аз чанд шӯъбаи гуногун) ва …

Муфассал »

БЕНАСЛӣ

benasli

БЕНАСЛӣ (Agenesia), безурётӣ, насл дода натавонистани одам. Б. оқибати ҳар гуна ихтилол, асосан иллати узвҳои таносул буда, ҳам дар занон ва ҳам дар мардон мушоҳида мешавад. Нуқси модарзоди узвҳои таносул (ниг. Крипторхизм) ва ноҷуриҳои гуногуне, ки бо газак ё осеби узвҳои пешобу таносул вобаста аст (ниг.Орхит, Эпидидимит) боиси Б.-и мардон …

Муфассал »

БЕНЗИН

benzin

БЕНЗИН (франс. benzine), омехтани карбогидридҳои гуногунсохтор; моеи беранги зудафрӯз; t ҷӯш. 30 – 205°С, t яхбандиаш аз – 60°С паст, зичиаш 700 – 780 кг/м3. Б.-ро дар натиҷаи крекинг, тақтири нефт, коркарди варақсанг ва ангиштсанг, инчунин бо роҳи синтез (аз оксиди карбон ва гидроген Б.-е мегиранд, ки синтин ном дорад) …

Муфассал »

БЕНЗОЛ

benzol

БЕНЗОЛ, C6H6, пайвасти органикӣ, соддатарин карбогидрати ароматӣ. Моеъи беранги зудбухор буда, бӯи хос дорад; t гуд. 5,5°С; t ҷӯш 80,1°С; зичиаш 879,1 кг/м3 (дар 20°С). Бо ҳаво омехтаҳои тарканда ҳосил мекунад. Б. заҳрнок аст; консентратсияи он дар ҳавои корхонаҳо бояд аз 20 мг/м3 зиёд набошад. Ҳангоми заҳролудӣ аз Б. дарди …

Муфассал »

БЕОБИИ ОРГАНИЗМ

dehidratation

БЕОБИИ ОРГАНИЗМ, дегидрататсия, оби бисёр талаф додани организм. Дар натиҷаи Б. о. мувозанати обу намак халал меёбад. Аҳамияти об барои организм хеле калон аст. Хун, лимфа, моеъи дохили ҳуҷайраҳо, ашк, оби даҳон, арақ, шираи меъда, шираи ғадуди зери меъда, талха, пешоб, мӯҳтавои рӯдаҳо, тарашшӯҳот аз узвҳои таносул ва роҳи нафас …

Муфассал »

БЕРДИЕВ Намоз

images

БЕРДИЕВ Намоз (тав. 23. 01. 1939, деҳаи Митани ноҳ. Иштихони вил. Самарқанди Ҷумҳурии ӯзбекистон), доктори илмҳои биология (1981), проф. (1990), Аълочии тандурустии ИҶШС (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1994). Хатмкардаи факултаи ветеринарияи Донишкадаи кишоварзии Самарқанд (1962). Сарбайтори совхози «Кангурт»-и ноҳ. Совет (ҳоло Темурмалик)-и вил. Хатлон (1962 – 64), …

Муфассал »

БЕРДИЕВ Рустам Намозович

berdiev_r-n

БЕРДИЕВ Рустам Намозович (тав. 8. 02. 1975, ш. Душанбе), ҷарроҳи асаб, доктори илми тиб (2006), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1997). Ходими хурди илмӣ (1991 – 93) ва корманди Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина (1994 – 97). Ординатори клиникии кафедраи …

Муфассал »

БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович

images

БЕРЁЗКИН Николай Фёдорович (1898, ш. Маскав – 1958, ш. Душанбе), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1942), проф. (1947), узви вобастаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1951). С. 1921 факултаи тиббии Донишгоҳи давлатии Маскавро ба итмом расонда, ҳамчун ҷарроҳ дар беморхонаҳои Маскав кор кардааст. С.-ҳои 1932 – 1935 …

Муфассал »

БЕРИ-БЕРИ

beriberi

БЕРИ-БЕРИ, авитаминози В1, полиневрити ғизоӣ, бемориест, ки ҳангоми дар организм кам будани витаминҳои гурӯҳи В, хусусан тиамин, сар мезанад. Дар мавриди беморӣ фаъолияти силсилаи дилу рагҳо халал меёбад, тан лоғар шуда, варам мекунад. Солҳои пеш он дар мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ бисёр ба мушоҳида мерасид. Сабаби маризӣ истеъмоли зиёди …

Муфассал »

БЕРНАР

bernar-klod

БЕРНАР (Bernard) Клод (12.7.1813, Сен-Жюлен, наздики Вилфранш – 10.2. 1878, Париж), физиолог ва патологи франсавӣ, яке аз асосгузорони физиологияи муосир ва патологияи таҷрибавӣ, аъзои АИ дар Париж (1854). С. 1839 Донишгоҳи Парижро хатм карда, дар лабораторияи Ф. Мажанди ба кор шурӯъ кард, с. 1854 дар донишгоҳи мазкур роҳбари кафедраи физиологияи …

Муфассал »