Главная / Илм / ВОВСИ

ВОВСИ

oftalmologВОВСИ Белла Марковна (тав. 4. 10. 1923, Рига), офталмолог, доктори илми тиб (1972), проф. (1974). Ин-ти 1-уми тиббии Москва ба номи И.М. Сеченовро хатм кардааст (1947). Аз с. 1952 В. духтур-офталмолог, баъд мудири шӯъбаи бемориҳои чашми Беморхонаи клиникии №1 ш. Душанбе, ассистент, дотсент (1957 – 73) ва мудири кафедраи бемориҳои чашми ДДТТ (1973 – 91) буд. Дар мавзӯи «Тавсифи клиникӣ ва арзёбии қиёсии усулҳои нави захми қарния» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои шифоёбии захми қарнияи чашм дар рафти мутобиқати организм ба шароити баландкӯҳ ва реадаптатсия» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
В. муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ оид ба масоили глаукома, садамаи чашм ва касалиҳои модарзодии чашми кӯдакон мебошад. Бо роҳбарии ӯ хусусиятҳои гемо- ва гидродинамикии аъзои босираи одам дар шароити гуногуни иқлимию географии ҷумҳурӣ омӯхта шудааст. В. раиси Ҷамъияти илмии офталмологҳои ҷумҳурӣ, аъзои Ҷамъияти илмии умумииттифоқии офталмологҳо, ҷонишини раиси Комиссияи муттаҳидаи ҷарроҳияи проблемавӣ буд. Аз с. 1991 муқими ИМА мебошад.
Ос.: О лечении ран роговой оболочки в условиях высокогорья. Дар маҷ.: «Вестник офтальмологии», 1972, №1; Метаболизм переднего отдела глаза в условиях высокогорья. Материалы 1-ой республиканской научной конференции по проблемам высокогорья, Д., 1974; Патогенетические принципы лечения травм глаза в условиях высокогорья (ҳамон ҷо), 1974; Криоэкстракция катаракты у больных гипертонической болезнью. Материалы научной конференции ТГМИ, Д., 1974.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …