ВИТАМИНОТЕРАПИЯ (Vitaminotherapia), бо мақсади муолиҷа истифода бурдани витаминҳо. В. дар аснои баъзе бемориҳои узвҳои дарунӣ, пӯст, иллати асабия ва ғ., инчунин бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷи зиёди организм ба витамин, ҳангоми баъзе ҳолатҳои физиологӣ (ҳомилагӣ, ширмакконӣ ва ғ.) кор фармуда мешавад. Дар сурати тамоман набудан (авитаминоз) ё норасоии витаминҳо (гиповитаминоз) В. табобати асосӣ маҳсуб меёбад. Қабули аз ҳад зиёди витаминҳо ҷоиз нест. Миқдори муайяни витамине, ки духтур таъин кардааст, бояд қатъӣ риоя карда шавад. Ниг. низ Витаминкоҳиш, Витаминҳо, Гипервитаминоз.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …