Хабарҳои охирин

АНТИДЕПРЕССАНТҲО

antidepressanty

АНТИДЕПРЕССАНТҲО (Antidepressiva; аз анти… ва лот. depressus – андӯҳгин), доруҳое, ки барои муолиҷаи беморони гирифтори афсурдарӯҳӣ истифода мешаванд. А. ба ҳолати рӯҳии маризон таъсири мусбат расонда, онҳоро болидатабъ ва рӯҳбаланд месозанд. Самараи таъсири А. баъди 5 – 14 рӯзи истифодаи онҳо ба мушоҳида мерасад. А. асосан барои табобати психозҳо ва …

Муфассал »

АНТИКОАГУЛЯНТҲО

antikoaguliantho

АНТИКОАГУЛЯНТҲО (Anticoagulantia; аз анти… ва лот. coagulans – лахтабанд), доруҳое, ки сади лахтабандии хун гашта, бо ин роҳ ҳосил шудани судда (тромб)-ро пешгирӣ менамоянд. А. таъсири бевосита ва бавосита доранд. Ба А.-и таъсирашон бевосита гепарин ва гидроситрати натрий, ба А.-и таъсирашон бавосита неодикумарин, синкумар, фенилин, амефин мансубанд. А.-ҳо аз рӯи …

Муфассал »

АНТИСЕПТИКА

anticeptika

АНТИСЕПТИКА (Antiseptica; аз анти… ва юн. septikos – мадданок), маҷмӯи тадбирҳоест барои безарар гардонидани ҷароҳат ва тамоми он чӣ ки ҳангоми муолиҷа истифода мешавад. А.-ро бар зидди бактерияҳое, ки ба ҷароҳат ворид шудаанд, кор мефармоянд, аз ин рӯ он бештар аҳамияти табобатӣ дорад; асептика бошад, ба ҷароҳат роҳ ёфтани бактерияҳоро …

Муфассал »

АНТИСЕПТИКҲО

anticeptik

АНТИСЕПТИКҲО (аз анти… ва septikos – фасодовар), моддаҳое, ки таъсири зиддимикробӣ доранд. Таъсири А. нисбати микроорганизмҳо интихобӣ нест. Вояи ками А. инкишофи бактерияҳоро бозмедорад; аз вояи зиёди онҳо бактерияҳо маҳв мегарданд. А.-ро барои табобати захмҳое, ки сироят ёфтааст, иллатҳои бактериявии пӯст ва луобпардаҳо, безарар гардондани об, хӯрокворӣ ва дасти духтурон …

Муфассал »

АНТИТОКСИНҲО

antitoksin-320-280

АНТИТОКСИНҲО (аз анти… ва токсинҳо), моддаҳои махсус (подтанҳо), ки дар организм ҳангоми ба он роҳ ёфтани заҳри бактерия ё ҷонварон ҳосил мешаванд. А. заҳри микробҳои бемориангезро безарар мегардонанд. А.-ро дар организми ҳайвонот бо роҳи сунъӣ ҳосил мекунанд; барои ин аввал аз заҳри микроб анатоксин тайёр карда, он баъд ба зери …

Муфассал »