Главная / Илм / АНТИТОКСИНҲО

АНТИТОКСИНҲО

antitoksin-320-280АНТИТОКСИНҲО (аз анти… ва токсинҳо), моддаҳои махсус (подтанҳо), ки дар организм ҳангоми ба он роҳ ёфтани заҳри бактерия ё ҷонварон ҳосил мешаванд. А. заҳри микробҳои бемориангезро безарар мегардонанд. А.-ро дар организми ҳайвонот бо роҳи сунъӣ ҳосил мекунанд; барои ин аввал аз заҳри микроб анатоксин тайёр карда, он баъд ба зери бофта (мас., ба зери бофтаҳои асп) чанд маротиба ворид карда мешавад. Дар натиҷа дар организми асп А. ҳосил мегарданд. Зардоби хуни чунин аспро барои муолиҷаи гулӯзиндонак, ботулизм, кузоз ва диг. бемориҳо истифода мебаранд. Фаъолияти А. бо воҳиди байналмилалӣ (МЕ) чен карда мешавад. Ниг. низ Подтанҳо, Подзаҳр.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …