Главная / Илм / АНТИСЕПТИКҲО

АНТИСЕПТИКҲО

anticeptikАНТИСЕПТИКҲО (аз анти… ва septikos – фасодовар), моддаҳое, ки таъсири зиддимикробӣ доранд. Таъсири А. нисбати микроорганизмҳо интихобӣ нест. Вояи ками А. инкишофи бактерияҳоро бозмедорад; аз вояи зиёди онҳо бактерияҳо маҳв мегарданд.
А.-ро барои табобати захмҳое, ки сироят ёфтааст, иллатҳои бактериявии пӯст ва луобпардаҳо, безарар гардондани об, хӯрокворӣ ва дасти духтурон пеш аз ҷарроҳӣ, гандзудоии асбобу анҷоми тиббӣ ва ғ. кор мефармоянд.
А. ғайр аз таъсири зиддимикробӣ ҳамчунин шомили таъсироти дигар ҳам мебошанд. Мас., А.-и хлордор барои дезодоратсия низ истифода мегарданд; перманганати калий ва пероксиди гидроген низ чунин хусусият дорад. Баъзе навъҳои А.-ро детергентҳо меноманд. Ҳангоми дар об омехта карда истифода бурдан, онҳо пӯст ва асбобҳои тиббиро аз равған ва микроорганизмҳо тоза менамоянд (таъсири шустагарӣ доранд). Якҷоя бо собун кор фармудани детергентҳо ҷоиз нест. Таъсири онҳо дар аснои бо моддаҳои органикӣ якҷоя кардан низ суст мешавад.
Фенол аз ҷумлаи А.-и фаъол буда, ба намудҳои нашвии микроорганизмҳо таъсир мерасонад. Маҳлули фенолро барои безарар гардондани пӯст ва луобпардаҳо кор намефармоянд, зеро он боиси заҳролудии силсилаи марказии асаб мешавад (чарх задани сар, нафастангӣ, ташаннуҷ ва ғ.).
Ба А.-и нисбатан асосӣ мансубанд: маҳлули аммиаки 10%, кислотаи борат, маҳлули сабзи брилиантӣ (зелёнка), винилин, гидроперит, ихтиол, маҳлули спиртии йод, йодинол, йодоформ, линименти балзамии Вишневский, сулфати мис, маҳлули кабуди метиленӣ, собуни сабз, перманганати калий, маҳлули пероксиди гидроген, формалдегид, дихлориди симоб, кислотаи салитсилат, тетраборати натрий, фенол, фуратсилин, хлоргексидин, сулфати руҳ, спирти этил ва ғ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …