Хабарҳои охирин

АНТИФРИЗ

antifriz

АНТИФРИЗ (аз анти… ва англ. freeze – ях бастан), маҳлули обии баъзе моддаҳо, ки аз сармо ях намебандад. А.-ро зимистон ба системаи сардонии муҳаррики дарунсӯз мерезанд. Барои системаи сардонии муҳаррикҳои дарунсӯз истифодаи А.-ҳое, ки дар таркибашон этиленгликол, обу спирт, обу глитсерин, маҳлули баъзе намакҳои ғайриорганикӣ ва ғ. доранд, мувофиқтар аст. …

Муфассал »

АНТРОПОЛОГИЯ

antropologiia

АНТРОПОЛОГИЯ (аз антропо… ва …логия), илм дар бораи пайдоиш, инкишоф, қонуниятҳои дигаргунии сохти бадани одам ва ташаккули нажодҳо. Юнониёни қадим бо мушоҳидаю ақидаҳои худ ба равнақи А. саҳми калон гузоштанд. Намояндагони илми тиб, сайёҳон, табиатшиносон, файласуфон онро инкишоф доданд. А. ба се қисм тақсим мешавад: антропогенез, нажодшиносӣ ва морфологияи одам. …

Муфассал »

АНТРОПОМЕТРИЯ

antropometriya

АНТРОПОМЕТРИЯ (Antrophometria; аз антропо… ва …метрия), колбадшиносӣ, маҷмӯи тарзу усулҳои муқаррар намудани хусусиятҳои морфологии бадани одам: чен кардани қад, вазн, андомҳои зоҳирии бадан (андозаи косахонаи сар, қафаси сина, гардан, китф, бозу, рон, соқи по), инчунин нишондодҳои вазоифӣ (гунҷоиши шуш, қувваи мушакҳо ва ғ.). Дар мавриди А. аломатҳои ченкунӣ ва тафсирӣ …

Муфассал »

АНТРОПОНОЗҲО

antroponozho

АНТРОПОНОЗҲО (Anthroponoses; аз антропо… ва nosos – беморӣ), бемориҳои сироятӣ ва паразитии одам, ки ангезандаи онҳо дар ҷараёни таҳаввулот фақат барои сукунат дар организми инсон мутобиқ гаштааст. Манбаи сирояти ангезандаҳои А. фақат одам мебошад (шахси бемор ё ҳомили ангезандаҳои маризӣ). Ба А. амёбиаз, аскаридоз, домана, исҳоли хунин, вабо, полиомиелит, хуноқ, …

Муфассал »

АНУРИЯ

anurija

АНУРИЯ (Anuria; аз an – ҳиссачаи инкорӣ ва uron – пешоб), тамоман қатъ ё хеле кам шудани ихроҷи пешоб. Ҳангоми бемориҳои гуногун, мас., нефрити шадид ва музмин, банд шудани роҳи пешоб, иллати шадиди гурдаҳо, нефропатияи занҳои ҳомила, қай ва исҳоли беист (вабо, гастроэнтерит) ба амал меояд. А. пасигурдаӣ, пешигурдаӣ, ҳақиқӣ, …

Муфассал »