Главная / Илм / АНТИСЕПТИКА

АНТИСЕПТИКА

anticeptikaАНТИСЕПТИКА (Antiseptica; аз анти… ва юн. septikos – мадданок), маҷмӯи тадбирҳоест барои безарар гардонидани ҷароҳат ва тамоми он чӣ ки ҳангоми муолиҷа истифода мешавад. А.-ро бар зидди бактерияҳое, ки ба ҷароҳат ворид шудаанд, кор мефармоянд, аз ин рӯ он бештар аҳамияти табобатӣ дорад; асептика бошад, ба ҷароҳат роҳ ёфтани бактерияҳоро пешгирӣ мекунад, аз ин ҷиҳат аҳамияти он профилактикӣ аст. То пайдоиши моддаҳои антисептикӣ бемориҳоро бо роҳи ҷарроҳӣ кам табобат мекарданд, зеро баъди ҷарроҳӣ оризаҳои гуногун (саромос, уфунати хун ва ғ.) ба вуҷуд меомаданд. Баъзан оризаҳои ҷарроҳӣ бисёр ва духтурон маҷбур мешуданд шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаро муваққат банданд. Он вақтҳо ҳанӯз маълум набуд, ки сабабгори оризаҳои ҷарроҳӣ микробҳо мебошанд. Бинобар ин пайдоиши оризаҳо ба таъсири ким-кадом мабдаи бемориовар (ба ном «миазмаҳо») вобаста карда мешуд.
Табиати оризаҳои сироятро духтури маҷорӣ И. Земмелвейс ва ҷарроҳи машҳури рус Н.И. Пирогов дуруст дарк карданд. Пирогов пайдоишии «миазмаҳо»-ро бо ҷароҳати газакгирифта алоқаманд мекард. Онҳо гӯё аз ҷароҳатҳои варамида, фасоднок ва бофтаҳои мавтшуда ҳосил гашта, дар ҳавои палатаҳои беморхона паҳн мешаванд ва ба беморон сироят мекунанд. И. Земмелвейс ҳарчанд зани зояндаро манбаи уфунат медонист, вале барои муқаррар намудани мабдаи касалиовар – ангезандаи сепсиси баъди зоиш маълумоти кофӣ надошт. Ба ақидаи ӯ паҳнкунандаи уфунат на ҳавои палатаҳои таваллудхона, балки худи кормандон мебошанд. Аз ҳамин сабаб И. Земмелвейс бо маҳлули оҳаки хлорнок шустани дасти момодоя ва асбобҳоро ба амал ҷорӣ кард. Дар натиҷа бисёр занҳои зоянда аз таби баъди зоиш эмин монданд.
С. 1863 микробиологи франсавӣ Л. Пастер собит кард, ки пӯсиш ва туршшавӣ ба фаъолияти микроорганизмҳо вобаста аст. Ҷарроҳи англис Д. Листер дар асоси тадқиқоти Л. Пастер ва мушоҳидаҳои худ ба хулоса омад, ки сабаби оризаҳои уфунӣ (боиси фавт аз ҷарроҳӣ мегаштанд) микроорганизмҳои ба ҷароҳат воридшуда мебошанд. ӯ аввалин шуда усули муборизаро бар зидди микроорганизмҳо пешниҳод кард ва онро А. номид (1867). Усули мазкур ба ҷароҳат роҳ ёфтани микробҳоро пешгирӣ ва микробҳои ба ҷароҳат афтодаро нобуд мекард. Чун воситаи бектерисидӣ (микробкуш) кислотаи карболат истифода мешуд. Бо маҳлули он асбобу анҷоми ҷарроҳиро безарар мегардониданд, духтур дастонашро пеш аз ҷарроҳӣ мешуст, маҳлулро ба хонаи ҷарроҳӣ мепошиданд. Аммо баъд маълум гардид, ки кислотаи карболат заҳри қотил буда, метавонад бофтаҳои ҷароҳатро нобуд кунад, ҳангоми нафасгирӣ боиси заҳролудии организм шавад. Лозим омад, ки аз чунин антисептик даст кашанд. Аммо инкишофи А. ба туфайли моддаҳои нав, ки таъсирашон зудтару заҳрнокиашон камтар буд, давом кард. Айни замон ҷустуҷӯи усулҳое, ки микробҳоро безарар гардонанду барои организм беосеб бошанд, оғоз ёфт.
Муқаррар гашт, ки микроорганизмҳо аз таъсири ҳарорати баланд нобуд мешаванд. Ҷарроҳи немис Э. Бергманн тарзи нави безарар гардониданро кашф намуд ва онро асептика номид. Мувофиқи талаботи асептика ҳар он чӣ, ки ҳангоми ҷарроҳӣ ё захмбандӣ ба ҷароҳат мерасад, бояд тамийзӣ (аз микробҳои зинда озод) бошад. Барои тамйиз ҳавои тафсон, буғ ва ғ. истифода мегарданд. Чизҳое, ки ба ҳарорати баланд тоб намеоранд (мас., дастони ҷарроҳ), ба тарзи «хунук» (бештар бо моддаҳои химиёвӣ) тамйиз карда мешаванд. Ҳини асептика баъзан васоити антисептикиро низ ба кор мебаранд. Бо ёрии маводи А.-и ҳозира имкон дорад, ки баъзе касалиҳои ангезандаашон микробҳои уфунӣ (мас., мастит) бидуни ҷарроҳӣ табобат карда шаванд. Вале ин воситаҳо ҳамеша натиҷаи дилхоҳ намеоранд. Мас., молидани маҳлули спиртии йод бактерияҳои захми на он қадар чуқури пӯст ва ҷои харошхӯрдаро ҳамон вақт комилан нобуд мекунад, ки агар микробҳо такроран таъсир нарасонанд. Аз ин рӯ ҳангоми расонидани ёрии аввалини таъҷилӣ (дар аснои ярадор шудан, сухтагӣ) қоидаҳои оддитарини асептикиро бояд риоя кард. Дар хона нигоҳ доштани матои захмбандӣ (дока ва пахтаи тоза) ва бинт лозим аст. Масолеҳи захмбандие, ки аз дорухона гирифтаанд, дар сурате тоза (безарар) мемонад, ки агар халтачаи он нодарида ё тар нашуда бошад. Пеш аз кушодани халтача дастҳоро бо собун тоза шуста, хушк кардан ва спирт ё атр молидан лозим аст. Хуб мешуд, ки дар хона пинсет ҳам бошад. Онро пеш аз истифода 10 дақ. дар об меҷӯшонанд. Ҳангоми бастани захм салфеткаро бояд аз як кунҷаш гирифт (на аз ҷое, ки ба сатҳи ҷароҳат мерасад). Халтачаи захмбандии шахсӣ барои истифода хеле мувофиқ аст. Дар сурати набудани масолеҳи захмбандии тамйизшуда метавон аз матоъи пахтагии тозаю дарзмолкарда истифода намуд. Ниг. низ Захмбанд, Захмбандӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …