Главная / Илм / АНТИДЕПРЕССАНТҲО

АНТИДЕПРЕССАНТҲО

antidepressantyАНТИДЕПРЕССАНТҲО (Antidepressiva; аз анти… ва лот. depressus – андӯҳгин), доруҳое, ки барои муолиҷаи беморони гирифтори афсурдарӯҳӣ истифода мешаванд. А. ба ҳолати рӯҳии маризон таъсири мусбат расонда, онҳоро болидатабъ ва рӯҳбаланд месозанд. Самараи таъсири А. баъди 5 – 14 рӯзи истифодаи онҳо ба мушоҳида мерасад.
А. асосан барои табобати психозҳо ва неврозҳо, ки бо аломатҳои афсурдарӯҳӣ (депрессия) ҷараён меёбанд, кор фармуда мешаванд. Табобат бо А. зери назорати равонпизишк ва психоневролог сурат мегирад. Вояи А.-ро ба таври фардӣ интихоб мекунанд. Муолиҷа аз вояи ками А. оғоз ёфта, вобаста ба зарурат онро тадриҷан зиёд менамоянд. Даври муолиҷа 1 – 6 моҳ аст.
А. таъсири номатлуб низ доранд. Мас., амитриптилин, имизин, мапротилин, фторасизин ва ғ. боиси хушкидани даҳон, ихтилоли аккомодатсия, душвории пешобронӣ мешаванд. Ҳангоми истифодаи А. сар чарх зада, дил беҳузур ва фишори шараён ноустувор мегардад. Баъзе А. (ниаламид, имизин) боиси бехобӣ, хотирпарешонӣ, беқарорӣ мешаванд; доруҳои дигар бошанд, беморро беҳад хоболуд ва беҳолат месозанд. Дар мавриди бо диг. доруҳо истифода бурдани А. бояд эҳтиёт шуд, зеро онҳо метавонанд оризаҳои вазнин ба бор оранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …