Хабарҳои охирин

АТАКСИЯ

koordinaciya

АТАКСИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. taxis – сомон, тартиб), халал ёфтани созгорию низоми ҳаракат; ба ҳамдигар мувофиқат накардани фаъолияти мушакҳо. Барои дуруст ҳаракат кардан ва мувозинати ҷисм фаъолияти муштараки мушакҳо зарур аст. Ҷунба (импулс)-ҳое, ки аз мушакҳо, рагу пай ва банду буғум меоянд, тавассути ҳароммағз ба майна …

Муфассал »

АТЕЛЕКТАЗИ ШУШ

atelectaz

АТЕЛЕКТАЗИ ШУШ (аз юн. ateles – нопурра, чалла ва ektasis – ёзондан), бемории шуш, ки бинобар нарасидани ҳаво алвеолаҳо пуч мегарданд. Сабаби А. ш. руст шудани бронх ё фишор ёфтани шуш аст. Вобаста ба сабаб ва тарзи инкишоф А. ш. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. А. ш.-и модарзодӣ хоси навзодҳо буда, …

Муфассал »

АТЕРОМА

123-279x300

АТЕРОМА (аз юн. athere – шӯла ва oma – омос), ҳосилаи омосшакли бехавф; ҳаҷман баробари тухми мурғ буда, дар пӯст ё зери он пайдо мешавад. Сабаби А. баста шудани маҷрои моддаҳоест, ки ғадуди чарбу ҷудо мекунад. А. аз чарб, холестерин, ҳуҷайраҳои пӯст иборат аст. А. варам ва мадда карда ҳуснро …

Муфассал »

АТЕРОСКЛЕРОЗ

ateroskleroz

АТЕРОСКЛЕРОЗ (Atherosclerosis; аз юн. athere – шӯла ва skleros – сахт), бемории музмини артерияҳо, ки боиси тадриҷан танг шудани сӯрох ва ихтилоли фаъолияти онҳо мегардад. Зимни пайдоиши А. ҷараёни хун дар шараён, ки узвҳоро бо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ таъмин мегардонад, ноқис ва фаъолияти он маҳдуд хоҳад шуд. Дар натиҷа …

Муфассал »

АТЕТОЗ

atetoz-1

АТЕТОЗ (аз юн. athetos – ноустувор), худ аз худ кашиш хӯрдани рагҳои ангуштон, дасту по, баъзан рӯ ва диг. қисмҳои бадан. Дараҷаи ташаннуҷ гуногун буда, он гоҳ дар як гурӯҳ ва гоҳ дар гурӯҳи дигари мушакҳо ба мушоҳида мерасад. Бинобар ин ҳаракат «кирмшакл» аст ва он гӯё дар сатҳи мушакҳо …

Муфассал »