Хабарҳои охирин

БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ

mol-bio

БИОЛОГИЯИ МОЛЕКУЛАВӣ, яке аз фаслҳои биология, ки равандҳои дохилии ҳаётро тадқиқ мекунад. Б. м. ба сифати соҳаи мустақили илм ибт. с-ҳои 50 а. 20 дар натиҷаи пеш рафтани донишҳо оид ба сохт ва амали чунин пайвастҳои муҳими химиявӣ, аз қабили сафедаҳо ва кислотаҳои нуклеат, ба вуҷуд омадааст. Вазифаи Б. м. …

Муфассал »

БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ

biomikroskopiya

БИОМИКРОСКОПИЯИ ЧАШМ, усули тадқиқи сохтори оптикии чашм (қарния, ҳуҷраи пеш, зуҷоҷия, гавҳарак, ҷисми шишамонанд). Б. ч. бо ёрии асбоби махсуси оптикӣ, ки аз манбаи рӯшноии тез ва микроскопи бинокулярӣ иборат аст, амалӣ гардонда мешавад. Б. ч. барои ошкор сохтани иллатҳои хурдтарини чашм, ҷисмҳои хурди бегона ва бемориҳои он имконияти мусоид …

Муфассал »

БИОНИКА

bionika

БИОНИКА, як фасли кибернетика, ки масъалаҳои гуногуни инженериро дар асоси таҳлили сохт ва фаъолияти организм ҳал мекунад. Дар рафти таҳаввулоти мавҷудоти гуногуни биологӣ дар онҳо узву бофтаҳои басо мувофиқ ба вуҷуд омадаанд. Дар баробари ин андозаи он узвҳо ниҳоят хурд ва барои истифодаи ҷонварон қулай мебошанд. Аз ин сабаб афзудани …

Муфассал »

БИОПСИЯ

biopsiya

БИОПСИЯ (Biopsia; аз био… ва opsis – дидан, тадқиқ), барои тадқиқи микроскопӣ бо мақсади ташхиси беморӣ бурида гирифтани порчаи хурди бофтаи организми зинда. Б. имкон медиҳад, ки тағйироти нонамоёни вазоифию сохтории организм муайян ва дар асоси он хусусиятҳои беморӣ (илтиҳоб, дистрофия, омос ва ғ.) дар ибтидо ошкор карда шавад. Б. …

Муфассал »

БИОСФЕРА ЧИСТ

biosfera

БИОСФЕРА (аз био… ва юн. sphera – қабат), табақаи махсуси кураи Замин, ҷои зисти мавҷудоти зинда. Б. қисми поёнии атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва қисми болоии қишри Замин (литосфера)-ро то чуқурии 2 – 3 км дарбар мегирад. Истилоҳи Б.-ро аввалин бор с. 1875 геологи австриягӣ Э. Зюсс ҷорӣ кардааст. Бинобар …

Муфассал »