Хабарҳои охирин

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ХОК

pesok

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ХОК, маҷмӯи тадбирҳои қонунбарорӣ, ташкилӣ ва санитарию техникиест, ки бо мақсади пешгирии ифлос гаштани хок андешида мешаванд. Ахлот, саргин, пору ва пасоб дар сурати нодуруст безарар кардан (ниг. Ассенизатсия, Безараргардонии партовҳо), мепӯсанд ва аз хок ба манбаи таъмини об гузашта, ба инкишофи ангезандаҳои амрози меъдаю рӯда, гелминтҳо ва …

Муфассал »

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВЗАҲОИ ОБ

basseyn

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВЗАҲОИ ОБ, маҷмӯи тадбирҳои қонунбарорӣ, ташкилӣ ва санитарию техникиест, ки баҳри пешгирии ифлос гаштани манбаъҳои об равона шудаанд. Зарурати Б. нимаи дуюми а. 19 ба сабаби тараққиёти саноат, сохтмони системаи мутамаркази таъмини об, канализатсия, обпартою корезҳо ба миён омад. Б. масъалаи хеле муҳим аст, чунки бо партови саноат, …

Муфассал »

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВО

provetrivanie-pomeshheniy

БЕҲДОШТИ САНИТАРИИ ҲАВО, маҷмӯи тадбирҳои қонунбарорӣ, ташкилӣ, муҳандисию техникӣ ва санитарию беҳдоштист, ки барои дар атмосфера паҳн насохтани партови моддаҳои зарарнок ё маҳдуд намудани онҳо равона шудаанд. Масъалаи ифлос гаштани ҳавои атмосфера дар баробари тараққиёти истеҳсолоти саноатӣ ба миён омад. Пешрафти илму техника истифодаи сарватҳои табииро вусъат дода, масъаларо боз …

Муфассал »

БЕҲИССОЗИИ МАВЗЕӣ

blokada

БЕҲИССОЗИИ МАВЗЕӣ, беҳиссозии ҷузъӣ, бо роҳи сунъӣ фурӯ нишондани эҳсоси дард. Ба Б. м. дар натиҷаи инҳисор (блокада)-и системаи асаби канорӣ ноил гаштан мумкин аст. Б. м. барои бедард гузарондани ҷарроҳиҳои гуногун, бандинагузорӣ ва ташхиси бемориҳо имконияти мусоид фароҳам меорад. Б. м.-ро бештар дар амалияи амбулаторӣ кор мефармоянд. Чанд роҳи …

Муфассал »

БЕҲУШӣ

behushi

БЕҲУШӣ (Obnubilatio), мадҳушӣ, дар натиҷаи ба мағзи сар кам омадани хун якбора аз ҳуш рафтан. Б. зери таъсири сахти рӯҳӣ (изтироб, тарс, ваҳм), аз дарди сахт (ҳангоми халаи гурда, халаи ҷигар ва рӯда), таъсири гармӣ ё офтобзанӣ (ниг. Гармозанӣ), инчунин ҳангоми зуд аз ҷой (бистар, замин) бархеста рост шудан, ба …

Муфассал »