Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НӯШОКӣ

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НӯШОКӣ

bezarargardonii-obБЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НӯШОКӣ, тадбирҳои санитарию техникиест, ки барои нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятии об (бештар оби нӯшокӣ) пешбинӣ шудаанд. Оби нӯшокиро бо моддаҳои химиявӣ (мас., хлор, озон, йод, ионҳои нуқра) ё усулҳои физикӣ (ҷӯшонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар мегардонанд. Ҳоло усули хлорнок кардани об тавассути пайвастҳое, ки хлори фаъол доранд, фаровон истифода мешавад. Дар манбаъҳои обрасонӣ бо ин мақсад аз хлораторҳои махсус истифода мебаранд.
Хлорзанӣ усули ягонаи гандзудоии оби чоҳ аст. Бо ин мақсад аввал оби чоҳро тамоман гирифта, онро аз лойқа тоза мекунанд. Баъди то сатҳи муқаррарӣ пур шудани оби чоҳ ба он оҳаки хлорнок мепошанд. Миқдори зарурии оҳаки хлорнокро аз ҳисоби 100 – 150 мг хлори фаъол ба 1 л об аз рӯи чунин формула муайян мекунанд:
P=
P – миқдори зарурии оҳаки хлорнок; E – ҳаҷми оби чоҳ ба ҳисоби м3 (бо роҳи ба чуқурии ҳаҷми об зарб задании сатҳи буриши чоҳ муайян мекунанд); C – ғилзати хлори фаъол дар оби чоҳ ба ҳисоби мг/л ё г/м3; H – миқдори хлори фаъоли оҳаки хлорнок ба ҳисоби 1 : 100 – коеффитсиенти доимии ададӣ. Мас., оҳаки хлорнок 25% хлори фаъол дорад; барои 3 м3 об миқдори аҳаки хлорнокро аз ҳисоби 150 г хлори фаъол ба 1 м3 ҳисоб мекунем:
P= =1800 г.
Оҳаки хлорнокро бо каме об дар сатил ё ягон зарфи дигар ҳал (1 : 2 – 3) намуда, сипас ба чоҳ мерезанд ва 15 дақ. бо оби чоҳ меомезанд; баъд чоҳро руст мекунанд ва муддати 6 соат об намегиранд. Агар об бӯи хлор надошта бошад, боз чоряк ё сеяки миқдори аввалаи оҳакро ба об ҳамроҳ карда, баъди 3 – 4 соат онро барои рӯзгор истифода мебаранд.
Бо озон низ обро безарар кардан мумкин. Аз рӯи хулосаи мутахассисон чунин об ғайр аз безарар буданаш берангу бебӯй низ мешавад.
Бо мақсдаи Б.-и индивидулаӣ моддаҳои химиявии хосияти баланди бактерисидӣ доштаро низ кор мефармоянд. Онҳо баъди 15 – 20 дақ. обро бесироят карда, барои одам зарар намеоранд. Барои ин бештар пантосид истифода мешавад (дар 0,5 – 0,75 л об 1 дона қурси онро ҳал мекунанд). Дар сурати аз ҳад зиёд ифлос будани об ду дона қурси пантосид меандозанд. Ҳини истеъмоли пантосид маззаи об тағйир намеёбад. Ҷӯшонидани об аз қабили усулҳои маъмули оддӣ ва боэътимоди Б. аст. Зимни он ғайр аз маҳв гаштани бактерияҳою микробҳо, дуруштии об кам мешавад. Маззаи об ҳангоми ҷӯшонидан чандон тағйир намеёбад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …