Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ ҲАВО

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ҲАВО

ventilyatsiaБЕЗАРАРГАРДОНИИ ҲАВО, нест кардани микроорганизмҳо ва вирусҳои ҳавои бино. Б. ҳ. дар корхонаҳои саноатӣ, мас., саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва микробиологӣ фаровон истифода мешавад.
Б. ҳ. дар беморхонаҳо – палатаи ҷарроҳӣ, палатаи таввалуд, хонаҳои тифлони навзод, шӯъбаҳои реаниматсия ва сӯхтагон, палатаю боксҳо барои беморони сироятӣ, ки ангезаи онҳо имкон дорад тавассути ҳаво паҳн гардад (грипп, хуноқ, махмалак, сурхча, нағзак ва ғ.), дар лабораторияҳои микробиологӣ ва дорухонаҳо аз ҷумлаи тадбирҳои ҳатмист. Дар давраи авҷи бемориҳои сироятӣ, ки ангезандаашон ба тавассути ҳаво ва зарраҳои оби даҳон паҳн мешаванд, Б. ҳ. дар биноҳои ҷамъиятӣ низ гузаронда хоҳад шуд.
Барои Б. ҳ. усулҳои физикӣ ва химиявиро истифода мебаранд. Аз ҷумлаи усулҳои физикӣ барои Б. ҳ. бештар лампаҳои бактерисидиро кор мефармоянд. Самараи онҳо ба иқтидори лампа ва муддати шуоъафканӣ вобасата аст. Дар мавриди истифодаи чунин лампаҳо эҳтиёткорӣ зарур буда, пӯст ва хусусан чашмро (айнаки муҳофиза гирифтан лозим аст) аз таъсири дуру дароз ва бевоситаи нурҳои ултрабунафш муҳофизат кардан лозим. Барои Б. ҳ.-и биноҳо моддаҳои химиявӣ (пайвастҳои газмонанди оксиди этилен, формалдегид ва ғ.)-ро низ ба кор мебаранд. Дар ин маврид зарур аст, ки одамон аз бино берун бароварда шаванд. Шахсоне, ки бо Б. ҳ. машғуланд, бояд воситаҳои боэътимоди муҳофизати узвҳои нафас, чашм ва пӯст дошта бошанд. Моддаҳои химиявиро бештар ба сифати аэрозол истифода мекунанд. Зарраҳои аэрозол дар рӯи фарш, девор ва асбобу анҷом фурӯ нишаста, ба афзоиши микроорганизмҳо роҳ намедиҳанд, инчунин ба мисли буғ ба роғу тарқишҳо медароянд. Дар рафти Б. ҳ. миқдори зиёди моддаҳои химиявӣ ва маҳлули онҳо (β-пропиолактон, кислотаи ператсетат, пероксиди гидроген, маҳлули 1% – гипохлориди калсий ва ғ.)-ро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …