Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВҲО

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВҲО

meditcinskie-othody-utilizatciiaБЕЗАРАРГАРДОНИИ ПАРТОВҲО, тадбирест, ки барои аз олудагӣ пешгирӣ кардани замин ва обу ҳаво меандешанд. Дар рафти Б. п. микроорганизмҳои бемориовар ва тухми кирмҳо нобуд шуда, моддаҳои органикии беаҳамият ба пайвастҳои устувор (мас., порухок, ки нурии пурқимат аст) табдил меёбанд. Б. п.-ро бо усулҳои гуногун мегузаронанд. Партовҳои сахт бештар бо роҳи биотермӣ (аз ҳисоби микроорганизмҳои худ тафсидани ахлот) безарар гардонда мешаванд.
Яке аз роҳҳои биотермии Б. п.-и сахт компостонӣ аст. Барои дар парвардахонаву гармхонаҳо гузаронидани Б. п. зимистон партови ҷамъшударо дар ҷойҳои махсус нигоҳ медоранд. Баҳорон онҳоро барои безарар гардонидан ба хандақ мепошанд. Ин гуна усули Б. п.-ро дар шаҳрҳо, инчунин дар хоҷагиҳои шахсии деҳот истифода мебаранд. Гармие, ки дар натиҷаи протсессҳои биохимиявӣ аз қабати партов ҷудо мешавад, дар гармхонаҳо барои рӯёндани сабзавот манфиати калон дорад; порухокро бошад чун нурӣ кор мефармоянд.
Партовгоҳро бо иҷозати бунгоҳҳои санитарию эпидемиологӣ дар ҷойҳои махсус месозанд ва партовро бо қабати хок (ғафсиаш 25 – 50 см ва ғ.) мепӯшонанд. Партови сахтро сӯзонда, зуд ва пурра безарар мегардонанд. Чунин усул бештар дар хоҷагиҳои шахсӣ, инчунин дар беморхонаҳои амрози сироятӣ, табобатхонаҳои ветеринарӣ истифода мешавад.
Партовро дар рӯи хок ғун карда мондан мумкин нест. Онро бояд ба хок ҷуқур гӯр кард, чунки дар сатҳи хоки бо партов олуда микроорганизмҳо ва тухми кирмҳои бемориангез мавҷуданд. Хоки ҳавлиҳое, ки партовқуттӣ гузошта нашудаанд, бо кирм ва тухми онҳо олуда мешавад.
Барои безарар гардонидани партовҳои моеъ қитъаҳои ассенизатсия месозанд ва қаламрави онҳоро баъди безарар гардондан, барои кишти зироате, ки қабл аз истеъмол пухтан зозим меояд, истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …