Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРӣ

БЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРӣ

sanitariyaБЕЗАРАРГАРДОНИИ САНИТАРӣ, маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои аз бадани одамон, сарулибос ва ашёи шахсии онҳо нест кардани ангезандаи бемориҳои сироятӣ ва маводи ба саломатӣ зарарнок равона шудаанд. Тадбирҳои мазкур шустушӯи одамон, маҳви ҳашарот (шабушк), дезинфексияи либос ва ҷиҳози шахсиро дарбар мегиранд. Агар Б. с. бо мақсади барҳам додани манбаи бемориҳои сироятӣ гузаронида шавад, он гоҳ манзиле, ки дар он одамон истиқомат доштанд, дезинфексия ё дезинсексия карда мешавад.
Б. с.-ро аввалин бор дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳон бар зидди бемории тиф ва шабушзании одамон истифода бурданд. Минбаъд Б. с. бар зидди баъзе бемориҳои дигари сироятӣ, инчунин ҳангоми гирдиҳамоии одамон (дар роҳҳои калони нақлиёт, дар маҳалҳое, ки офати табиӣ рӯй додааст ва ғ.) ба сифати тадбири пешгирии санитарӣ корбаст шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ истифодаи Б. с. торафт бештар гашт. Баробари тараққиёти саноати химия ва атом Б. с.-ро барои аз бадани одам ва либоси ӯ дур кардани моддаҳои зарарноки химиявӣ ва радиоактив низ истифода мебурдагӣ шуданд.
Ҳангоми Б. с. шустушӯи одамонро аз рӯи тартиби муайян мегузаронанд. Барои ин онҳо аввал ба ҷои либоскашӣ, сонӣ ба ҷои шустушӯй, баъд ба хонаи либоспӯшӣ мегузаранд; дар як вақт либоси онҳо дар камераи гандзудоӣ безарар гардонида мешавад.
Шахсоне, ки Б. с.-ро мегузаранд, либосашонро дар ҷои либоскашӣ бароварда, аз рӯи нишондоди кормандони ҳаммом ба тартиб таҳ мекунанд ва барои безарар гардонидан месупоранд. Баъд собуну дастмол гирифта, ба ҷои шустушӯй мегузаранд. Шахсони шабушзада ва одамоне, ки аз манбаи бемории тиф омадаанд, то шустушӯй мӯи сар (дар сурати зарурӣ мӯйи зери бағал ва зери ноф)-ро низ метарошанд. Шустушӯй, одатан, 15 – 20 дақиқа давом мекунад. Баъд ба хонаи либоспӯшӣ гузашта, либоси безарар гардидаро мепӯшанд ва аз баромадгоҳи алоҳидаи ҳаммом мераванд.
Дар шароити ҷангҳои замони ҳозира низ Б. с. аз тадбирҳои асосии барҳам додани оқибати аз тарафи душман кор фармудани васоити қатли ом маҳсуб мешавад. Ду тарзи Б. с. – нопурра ва пурра маълум аст. Б. с.-и нопурраро фавран дар ҷои зарбарасондаи душман мегузаронанд. Моҳияти Б. с.-и нопурра (дар мавриди васоити қатли омро истифода бурдани душман) аз он иборат аст, ки фавран ба ҷойҳои урёни бадан (рӯй, гардан, даст ва ғ.) моеъи зиддихимиявии пакети шахсиро мемоланд; боқимондаи моеъ ба қисмҳои бештар зарардидаи либос молида мешавад. Б. с.-и нопурраро (ҳангоми бо моддаҳои радиоактив олуда шудан) аз тоза кардани сарулибос ва пойафзол сар мекунанд (ниг. Дезактиватсия). Баъд, агар оби тоза бошад, ҷойҳои урёни баданро шуста, даҳонро мечайқонанд, чашм, сӯрохии биниро мешӯянд; агар об набошад, ба ҷойҳои урёни бадан моеъи зиддихимиявии пакети шахсиро мемоланд.
Б. с.-и нопурра барои комилан барҳам додан ё дур кардани зиёни васоити қатли ом қодир нест, бинобар ин минбаъд зарардидагон Б. с.-и пурраро мегузаранд. Бо ин мақсад онҳо пеш аз ба хонаи либоскашӣ даромадан, либоси рӯй, пӯшоки муҳофиз ва яроқашонро дар ҷои махсус мегузоранд. Агар онҳо противогаз ва респиратор дошта бошанд, барои он ки ангезандаи бемориҳо ва моддаҳои зарарнок бо гарду чанг ба роҳи нафас дохил нашаванд, онҳоро аз ҳама охир, дар хонаи либосбарорӣ мекашанд. Дар шустушӯйхона аз маҳлулҳои безараргардон истифода бурда мешаванд.
Ҳама шахсоне, ки бо моддаҳои радиоактив олуда шудаанд, баъди Б. с. аз назорати дозиметрӣ мегузаранд. Онҳое, ки бо моддаҳои радиоктив аз меъёр зиёдтар олуда гаштаанд, барои Б. с.-и такрорӣ фиристода мешаванд.
Б. с.-и пурраро дар шароити хона (мас., дар ванна) низ гузаронидан мумкин аст. Дар ин маврид либос ва пойафзолро ба халтаи полиэтиленӣ андохта, ба пункти санитарӣ месупоранд.
Самараи Б. с. ба ҳарчи зудтар (баъди ба вуҷуд омадани хатари таъсири аслиҳаи қатли ом), хусусан бодиққат ва ҷиддӣ гузаронидани он вобаста аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …