Хабарҳои охирин

БАЛХАРЧА

juniper-turkestanica

БАЛХАРЧА (Juniperus turkestanica), зардолубурс, хорбурс, бурс, дарахтест ҳамешасабз. Аз 18 то 25 м қад мекашад. Баъзан мисли бутта (баландиаш то 2 м) мешавад. Баргаш пулакчашакл, шохчаҳояш чорқирра, ҷалғӯзааш сиёҳи байзашакл, як дона тухм дорад. Дар нишебии қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин (дар баландии 2000 – 3700 м аз с.б.) мерӯяд. …

Муфассал »

БАЛЪУМ

the-pharynx

БАЛЪУМ (Pharynx, fauces), ҳалқум, узве, ки ҷавфи биниро ба ҳанҷара ва ҷавфи даҳонро бо сурхрӯда мепайвандад. Б. аз се қисм иборат аст: қисми болоӣ ё ҳалқудимоғ (тавассути ду сӯрохии тухмшакл – хоана ба ҷавфи бинӣ роҳ дорад); қисми мобайнӣ ё даҳонӣ (ба ҷавфи даҳон ҳамшафат буда, аз боло бо коми …

Муфассал »

БАНАН

banan

БАНАН (Musa paradisiaca, M. sapientum), пизанг, растаниест бисёрсола. Пояи кӯтоҳ ва баргҳои ниҳоят калон дорад. Мевааш дарозрӯя (дарозиаш 15 см, қутраш 3 – 5 см), мағзаш ордшакл, бетухм, таъмаш ширин. Дар як банд («хӯша») то 300 адад мева ҳосил мекунад (вазни умумии онҳо 50 – 60 кг аст). Баъди самар …

Муфассал »

БАНГИ ДЕВОНА

bangi-devona

БАНГИ ДЕВОНА (Datura stramonium), аҷинахорак, тотура, шонаи аҷина, ҷавзи масил, гиёҳест яксола. То 1,5 м қад мекашад. Пояи рости сершох, барги дарозрӯяи паррадор, гули қифшакли сафед, ғӯзаи байзашакли сершох, тухми гурдашакли сиёҳ дорад. Аз апр. то охири тирамоҳ гулу мева мекунад. Б. д. гиёҳи басо заҳрнок ва бадбӯй буда, ҳамчун …

Муфассал »

БАНД

band

БАНД (Articulatio), мафсил, пайванди мутаҳаррики байни устухонҳо ё тағоякро гӯянд, ки байни онҳо роғ (диартрозҳо) мавҷуд аст. Б. як тарзи пайваст шудани устухонҳост. Пайванди беҳаракати устухонҳоро васла (синартроз) меноманд. Б. ҳамзамон вазифаи такя ва ҳаракатро низ иҷро мекунад. Б. аз интиҳо (сатҳи устухон), халта ва ҷавф иборат аст. Дар бештарин …

Муфассал »