Хабарҳои охирин

БАНДИ ЗОНУ

bandi-zonu

БАНДИ ЗОНУ (Articulatio genis), пайванди курашакл, ки устухонҳои мӯчи канорӣ ва мобайнии рон, сатҳи болои устухони калони соқ ва собунак ба вуҷуд меоранд. Собунак дар пайи асабҳои чорсара ҷой гирифтааст. Сатҳи пайвандии мӯчи устухони рон, устухони калони соқ ва собунак бо тағояки гиалинӣ фаро гирифта шудааст. Халтаи мафсилии Б. з. …

Муфассал »

БАНДИ КИТФ

bandi-kitf

БАНДИ КИТФ (Articulatio humeri), пайванди курашакле, ки сараки устухони бозу ва комаи устухони шона ба вуҷуд меоранд. Бо халтаи мафсилӣ фаро гирифта шудааст. Мушак ва бандакҳо сараки устухонро дар комаи пайвандгоҳ устувор нигоҳ медоранд. Сатҳи пеши поёни Б. к. мушак надорад. Дар ин мавзеъ ғилофаки банди устухон бисёр вақт канда …

Муфассал »

БАНДИ КОСУ РОН

bandi-kosu-ron

БАНДИ КОСУ РОН (Articulatio coxae), пайванде, ки устухони ҳуққа (косачаи кос) ва сараки устухони рон ба вуҷуд меоранд. Ҳуққа дар маҳалли тамоси устухонҳои тиҳигоҳ, сурин (нишастгоҳ) ва зиҳор қарор дорад. Андозаи ҳуққа нисбат ба андозаи сараки устухони рон хурд аст. Сатҳи сараки устухони рон бо қабати тунуки тағояки гиалинӣ фаро …

Муфассал »

БАНДИНА

facia

БАНДИНА (Fascia), захмбанд, васоит ва усулҳои ба сатҳи бадан ё ягон ҷои дигари он бастани рифодот (матоъи бандиш). Тавассути Б. ин ё он қисми баданро беҳаракат низ менамоянд. Б. устуворгардон, тазйиқовар, ноҷунбон, шахкунанда (асосан гаҷмонӣ) мешавад. Навъҳои маъмули Б.-и устуворгардон марҳами часпак, ширешӣ ва бинтӣ мебошанд. Айни ҳол дар захмбандӣ …

Муфассал »

БАНДИ ОРИНҶ

bandi-orinj

БАНДИ ОРИНҶ (Articulatio cubiti), пайванди байни устухони бозу ва устухонҳои соид. Онро бандҳои китфу оринҷ (қат ва рост шудан), китфу соид (қат ва рост шудан, ҳамчунин тоб хӯрдани устухони соид) ва банди проксималии соиду оринҷ (тоб хӯрдани устухони соид, чап ва рост кардани кафи даст) ба вуҷуд меоранд. Ҳар сеи …

Муфассал »