Хабарҳои охирин

БАКТЕРИОФАГ

bakteriofag

БАКТЕРИОФАГ (Bacteriophagus; аз бактерияҳо ва юн. phagos – хӯранда), вирусе, ки ба ҳуҷайраи бактерия гузашта, дар он меафзояд ва оқибат ҳуҷайраро ҳал (лизис) мекунад. Ҳодисаи ҳал шудани бактерияҳоро, ки зери таъсири омили сироят ба вуҷуд меояд, бори аввал микробиологи рус Н.Ф. Гамалея мушоҳида карда буд (1898). С. 1915 духтури англис …

Муфассал »

БАКТЕРИЯҲО

bacteria

БАКТЕРИЯҲО (Bacteria; аз юн. bakterion – чӯбча), микроорганизмҳои асосан якҳуҷайра, ки дар табиат ниҳоят фаровонанд. Б.-ро бори аввал дар а. 17 олими голландӣ А. Левенгук ошкор кард. Омӯзиши дақиқи хусусиятҳои биологии Б. бо номи олими франсавӣ Л. Пастер, микробиологи немис Р. Кох ва олими англис Д. Листер марбут аст. Б. …

Муфассал »

БАКУЛЕВ Александр Николаевич

bakulev

БАКУЛЕВ Александр Николаевич (7. 12. 1890, Невениковскаяи вил. Саратов – 31. 3. 1967, Москва), ҷарроҳ, акад. АФ ИҶШС (1958), аъзои ҳақиқӣ (1948) ва президенти АИТ ИҶШС (1953 – 60), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960). Фак-ти тиббии Донишгоҳи Саратовро хатм карда (1915), аз с. 1919 дар клиникаи ҷарроҳии ҳамин донишгоҳ ординатор шуда …

Муфассал »

БАЛАНИТ

balanit

БАЛАНИТ (Balaninis), газаки пӯсти сари олоти таносули мардон. Б. одатан бо илтиҳоби баргаки дохилии ғалафа ҳамроҳ мешавад. Дар чунин мавридҳо онро баланопастит меноманд. Б. дар сурати танг будани ғалафа (фимоз) ва ғун шудани қатраҳои пешобу смегма (шираи ғилофаки нара) пайдо шуда, аксаран ба уретрит, диабети қанд ва диг. бемориҳо якҷоя …

Муфассал »

БАЛАНТИДИАЗ

balantidiaz

БАЛАНТИДИАЗ (Balantidiasis; balantidiosis), як навъ беморие, ки протозойҳо (соддатаринҳо) меангезанд. Ҳангоми он дар рӯдаи ғафс захм пайдо шуда, исҳол, дарди шикам ва табларза ба вуҷуд меояд. Б. асосан дар ноҳияҳои хукпарварӣ паҳн гаштааст. Ангезандаи беморӣ балантидияҳо (Balantidium coli) буда, онҳо дар рӯдаи ғафси хук, баъзан саг ва одам зиндагӣ мекунанд. …

Муфассал »