Хабарҳои охирин

ВОҲИДОВ Абдумаҷид

no-photo

ВОҲИДОВ Абдумаҷид (тав. 08. 08. 1942, ш. Конибодоми вил. Суғд), анестезиолог ва реаниматолог, доктори илми тиб (1990), проф. (1993). Хатмкардаи ДДТТ (1967). Ординатори клиникӣ оид ба анестезиология ва реаниматология (1967 – 69), аспирант (1969 – 72), ассистент (1972 – 91), дотсент (1991 – 92) ва проф. кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи …

Муфассал »

ВОҲИДОВ Абдусалом

vohidov-abdusalom

ВОҲИДОВ Абдусалом (тав. 14. 04. 1954, ш. Конибодоми вил. Суғд), духтури кӯдакон, неонатолог, доктори илми тиб (1996). Хатмкардаи факултаи педиатрии ДДТТ (1977). Духтури интерн (1977 – 78) ва духтури неонатологи шӯъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳ. Конибодом (1978 – 80), ординатори клиникӣ (1980 – 82) ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС …

Муфассал »

ВРАНГ

rodnik

ВРАНГ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Вранг, 85 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2800 м. Дебиташ 0,01 – 0,25 л/сон., минералнокиаш 2,92 г/л, ҳарор. обаш +12,5 – +15,50С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (137 мг/л), магний (80,0 …

Муфассал »

ВУЛВА

vulva

ВУЛВА (Vulva; pudendum femininum), шармгоҳ, фарҷ, узви таносули берунӣ дар занҳо. Ба В. зиҳор, лабҳои калон ва хурди фарҷ, клитор, даромадгоҳи маҳбал, ғадудҳои калони даромадгоҳи маҳбал (ғадудҳои бартолинӣ) ва пардаи бакорат мансуб мебошанд. Ниг. низ Фарҷ.

Муфассал »

ВУЛВИТ

vulvit

ВУЛВИТ (Vulvitis), газаки узвҳои таносули берунӣ (фарҷ) ва маҳбал. Бештар дар духтарбачаҳо ва занҳои солхӯрда дучор меояд (ба хусусиятҳои физиологӣ дар ин синну сол вобаста аст). Нишонаҳои В.: хориши атрофи фарҷ, ҳисси дард (ҳангоми роҳ гаштан зӯртар мешавад), сурх шудани пӯсти узвҳои таносул, пардаи бакорат, баъзан сатҳи дарунии рон ва …

Муфассал »