Главная / Илм / ВАНАДИЙ

ВАНАДИЙ

vanadiumВАНАДИЙ (лот. Vanadium), V, элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 23, массаи ат. 50, 942. В.-ро с. 1801 олими мексикоӣ А.М. дел Рио дар таркиби маъдани сурб кашф намудааст. Химики шведӣ Н.Г. Сефстрём с. 1830 онро дар маъдани оҳан ёфта, ба шарафи олиҳаи ҳусн Ванадис В. номид.
В.-ро асосан дар металлургияи сиёҳ истифода мебаранд. Хӯлаҳои В. – дори оҳан, титан, ниобий, алюминий ва ғ.-ро дар саноати авиатсиявӣ ва ракетасозӣ кор мефармоянд. В.-и металлии холис дар энергетикаи атомӣ ва истеҳсоли асбобҳои электронӣ, пайвастҳои В. дар саноати химия ва тиб истифода мешаванд. Бисёр пайвастҳо ва хӯлаҳои В. заҳрнок мебошанд. Хусусан оксидҳо, намакҳо ва хлоридҳои В. ба организм зарари калон мерасонанд.
Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ ҳавои коргоҳро аз чанг ва дуди пайвастҳои В. тоза нигоҳ доштан лозим аст. Коргарон бояд бо респиратор ва противогазҳои дорои филтри аэрозолӣ таъмин карда шаванд. Барои муҳофизати пой аз кислотаҳо мӯза мепӯшанд. Одамоне, ки бо В. ва пайвастҳои он сарукор доранд, баъди ҳар 2 сол як маротиба аз назорати тиббӣ мегузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …