Главная / Илм / ВАННАҲОИ ҲАВОӣ ВА ОФТОБӣ

ВАННАҲОИ ҲАВОӣ ВА ОФТОБӣ

silnechniye-vanniВАННАҲОИ ҲАВОӣ ВА ОФТОБӣ, бо мақсади табобат ва обутоби беморон истифода бурдани хосиятҳои шифобахши ҳаво ва энергияи афканишоти офтоб. В. омили муҳими муолиҷаи санаторию курортӣ буда, асоси климатотерапия (муолиҷа бо иқлим)-ро ташкил медиҳанд. Ваннаҳоро мувофиқи тавсияи духтур метавон ҳар рӯз қабул кард.
Ваннаҳои ҳавоӣ. Ҳавои тоза ба бадани тамоман ё қисман луч таъсир мерасонад; муолиҷа дар зери айвон як навъи ваннаҳои ҳавоист; беморон мувофиқи мавсим либос пӯшида дар айвонҳои кушод муддати зиёд дароз мекашанд (дар ҳавои сард аз кӯрпаи нарм, хобхалта истифода мебаранд). Ҳангоми қабули ваннаҳои ҳавоӣ насими форам ба асабҳои пӯст таъсир расонда, нафаскаширо беҳтар ва хунро аз оксиген таъмин месозад. Дар айни замон оксидшавӣ ва мубодилаи моддаҳо афзуда, фаъолияти мушакҳо, асаб ва танзими ҳарорат беҳтар, иштиҳо хуб ва хоб мураттаб мегардад. Ваннаҳои ҳавоӣ хоса дар маҳалҳое муфиданд, ки ҳаво миқдори зиёди оксиген, намаки баҳр ва аэроионҳои сабук дорад.
Ваннаҳои ҳавоиро духтур мефармояд. Онҳоро барои обутоби организм, хусусан организми кӯдакон, тобоварӣ ба таъсири номусоиди муҳит, инчунин ҳангоми баъзе бемориҳо, мас., сили шуш ва узвҳои дигар, амрози асаб, баъзе иллатҳои дилу раг ва ғ. тавсия мекунанд. Истифодаи ваннаҳои ҳавоӣ дар мавриди вараҷаи шадид, тарбод, артрит , неврит ва миозит норавост.
Ваннаҳои ҳавоӣ метавонанд гарм (зиёда аз 220), салқин (17 – 200) ва сард (0 – 80) бошанд. Муолиҷаро дар мавриди аз 200 С боло будани ҳарорати ҳаво сар мекунанд. Он аввал 10 – 15 дақ. идома меёбад; сонӣ ҳар рӯз 10 – 15 дақ. илова карда, то ба 1,5 – 2 соат мерасонанд. Ваннаҳои сардро аввал 3 – 7 дақ. қабул мекунанд; баъд мӯҳлати онҳо ба 20 – 60 дақ. расонда мешавад. Ҳангоми ҳаво додани бадан агар ҳарор. аз 170 С паст бошад, пас бо машқҳои сабуки ҷисмонӣ машғул шудан лозим аст. Ваннаҳои сард ба одамони ҷисман обутобёфта тавсия мешаванд, мӯҳлати қабул бояд аз 7 – 20 дақ. зиёд набошад. Ҳамин ки бемор хунук хурд ё пӯст «мурғак зад», проседураро фавран қатъ мекунанд.
Ваннаҳои офтобӣ. Таркиби шуоъи офтоб ва таъсири он ба организм якранг нест. Шуоъи офтоб аз нурҳои дидашаванда (равшанидиҳанда), инчунин аз нурҳои барои чашм нопадиди инфрасурх ва ултрабунафш иборат аст. Шуоъи равшанидиҳанда асосан ба пардаи шабакияи чашм таъсир мерасонад, ки ин барои дарки олам зарур аст. Аз таъсири шуоъи инфрасурх бофтаҳо гарм ва ҳарорати қисми шуоъхӯрдаи пӯсти бадан баланд мешавад. Шуоъи ултрабунафш таъсири мураккаби биологӣ дорад. Аз ваннаҳои офтобӣ мувофиқи тавсияи духтур ҳангоми муолиҷаи як қатор бемориҳои пӯсту бандҳо, радикулит, неврит, сили устухону буғум ва ғ. истифода мекунанд. Онро чун омили обутоби организм барои пешгирии грипп, дарди гулӯ, назла низ истифода бурдан мумкин. Дар мавриди бемориҳои шадид, хуруҷи бемориҳои музмини шуш, узвҳои ҳозима ва ғ. зиён дорад.
Ваннаҳои офтобӣ умумӣ (офтобдиҳии тамоми бадан) ва ҷузъӣ (офтобдиҳии ягон қисми тан) мешаванд. Радиатсияи умумии офтоб аз таъсири бевоситаи нурҳо, радиатсияи пароканда бошад, дар ҷои соя аз акси девори биноҳо, сатҳи замин, об ва ғ. ба вуҷуд меояд. Шуоъҳои ултрабунафши радиатсияи пароканда (аз осмони нилгун) нисбат ба радиатсияи бевосита камтаранд (яъне таъсири онҳо чандон зиёд нест). Шуоъдиҳии офтоби (радиатсияи бевосита)-ро барои одамони калонсолу солим аз 5 дақ. сар карда, тадриҷан 5 дақиқагӣ илова менамоянд ва ба 40 дақ. мерасонанд. Дар ин маврид авзои умумии шахс ва дараҷаи обутоб ёфтани ӯ ба эътибор гирифта мешавад. Ҳангоми истифодаи радиатсияи бевосита баданро аввал 10 дақ. офтоб дода, сипас мӯҳлати тадбирҳои муолиҷавиро то 1 – 2 соат (агар ҳаво гарм бошад) зиёд мекунанд. Ваннаҳои офтобиро дар нимкати мулоим дароз кашида ё дар башезлонг (курсии махсус) нишаста қабул кардан лозим аст (дар ин асно тарафҳои гуногуни баданро ба офтоб гардондан даркор).
Пеш аз ваннаи офтобӣ ваннаи ҳавоӣ мегиранд. Дар вақти радиатсияи бевосита сарро ба чатр ё сачоқ бояд соя кард. Барои эҳтиёт ба чашм айнаки сиёҳ мондан лозим, чунки луобпардаи чашм (мултаҳима) қарнияи муҳофизатӣ надорад ва ба таъсири шуоъ ҳассос буда, газак гирифтанаш аз эҳтимол дур нест. Ба дили наҳор ё бевосита пеш аз хӯрок ё ҳамонзамон баъди он баданро офтоб намедиҳанд. Ин кор якбора баъди оббозӣ низ зарар дорад. Пӯсти одамоне, ки аз беморӣ камқувват гаштаанд, ба шуоъи ултрабунафш ниҳоят ҳассос мешавад. Аксар вақт чунин ҳассосияти баланд ба сокинони шимол, онҳое, ки қисми зиёди рӯзро дар биноҳои пӯшида мегузаронанд, инчунин ба наврасон, пиронсолон, занони ҳомила ва хусусан бачагони хурдсол хос аст.
Ҳангоми қабули ваннаҳои офтобӣ махсусан кӯдаконро эҳтиёт кардан зарур аст. Сари кӯдак бояд бо кулоҳ пӯшонида шавад. Баробари гарм шудани ҳаво, кӯдакро фавран луч кардан ҷоиз нест. Бигузор ӯ аввал бо эзорча ва куртаи тунук, сипас, бо эзорча ва майка ва фақат баъди ин бо эзорча гардад ва кулоҳ пӯшад. Барои он ки бадан аз ҳад зиёд натасфад ва шуоъдиҳии ултрабунафш аз ҳад нагузарад, сари ҳар чанд вақт дар соя дам гирифтан лозим аст (ниг. Синни кӯдакӣ, Синни томактабӣ).
Таъсири шуоъи ултрабунфш дар кишварҳои ҷануб ва кӯҳсор зиёдтар аст. Сокинони шимол, ки дар ҷануб истироҳат мекунанд, қабули ваннаҳои офтобиро беҳтараш пагоҳирӯзӣ дар ҷои соя (дар зери айвони бомаш турин) ё дар ҳавои тира (дар ин вақт заминро бештар радиатсияи пароканда фаро мегирад) сар кунанд. Дар минтақаи миёна ва ноҳияҳои шимолӣ аз соати 11 то 13 вақти беҳтарини қабули ваннаҳои офтобӣ маҳсуб меёбад. Барои одамони 55 – 65-сола аз шуоъи офтоб ҳамагӣ 20 – 30 дақ. баҳра бурдан кофист. Одамони аз он калонсолтар худро бояд аз таъсири бевоситаи шуоъи офтоб ҳифз намоянд. Барои онҳо офтоб додани бадан дар ҷойи соя то соати 11 ё баъд аз соати 16 – 17 манфиатбахш аст. Меъёри мӯътадили нурҳои ултрабунафш тамоми пӯсти баданро баробар сиёҳтоб мегардонад.
Шуоъгирии аз ҳад зиёд ба организм таъсири ногувор расонда, боиси сӯзиши пӯст, баъзан некроз (табоҳии бофта), офтобзанӣ, шалпарӣ, дарди сар, бедорхобӣ, баланд шудани ҳарорат, авҷ гирифтани баъзе касалиҳо мегардад.
В.-ро фасли тобистон дар пляжҳо, дар рӯи катҳои чӯбини зери айвонҳои махсус ва солярияю аэросолярияҳо (суфаҳои офтобрӯя), ки дар чорбоғҳо, соҳили дарёву ҳавзаҳои об воқеъ гаштаанд, инчунин дар пешайвонҳои махсус қабул мекунанд. Зимистон дар курортҳо барои ваннаҳои ҳавоӣ шипангҳои гарм, барои ваннаҳои офтобӣ бошад, айвонҳои пардапӯшро, ки шуоъи ултрабунафшро мегузаронанд, истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …