Хабарҳои охирин

ГИПЕРТИРЕОЗ

giperterioz

ГИПЕРТИРЕОЗ (Hyperthyreosis; аз гипер… ва лот. [glandula] thyreoidae – ғадуди сипаршакл), бемории ғадуди сипаршакл. Ниг. Ҷоғари мунташиру заҳрогин.

Муфассал »

ГИПЕРТОНИЯ

gipertoniya

ГИПЕРТОНИЯ (Hypertonia; аз гипер… ва tonos – таранҷиш), тарангии барзиёди мушакҳо. Истилоҳи Г.-ро барои ифодаи кашиш (таранҷиш)-и мушакҳои суфтаи узвҳои холӣ (меъда, пешобдон ва ғ.), рагҳо ва мушакҳои скелет кор мефармоянд. Яке аз сабабҳои баланд шудани фишори артерия (ФА) дар мавриди гипертензияи шараёнӣ, аз ҷумла бемории гипертония Г.-и девораи артериолаҳо …

Муфассал »

ГИПЕРТРИХОЗ

gipertrihoz

ГИПЕРТРИХОЗ (Hypertrichosis; аз гипер… ва юн. thrix, trichos – мӯй), бисёр сабзидани мӯй дар ҷойҳои номуносиби пӯст новобаста аз синну сол ва ҷинс. Г. модарзодӣ (умумӣ ва ҷузъӣ) ва ғайримодарзодӣ мешавад. Г.-и модарзодии умумӣ нисбатан кам дучор омада, дар мавриди он тамоми баданро мӯйҳои дароз фаро мегиранд. Ҳангоми Г.-и модарзодии …

Муфассал »

ГИПЕРТРОФИЯ

gipertrofiya

ГИПЕРТРОФИЯ (аз гипер… ва юн. trophe – хӯрок, ғизо), афзудани ҳаҷм ва массаи узв. Г. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Ҳангоми Г.-и дурӯғин узв бинобар инкишофи босуръати мас., бофтаи чарбу калон мешавад. Дар мавриди Г.-и ҳақиқӣ унсурҳои паренхимавии узв афзоиш меёбанд (гиперплазия). Сабаби Г.-и ҳақиқӣ дар аксар ҳолатҳо таъсири барзиёди вазоифӣ …

Муфассал »

ГИПЕРХЛОРГИДРИЯ

giperkhlorigidriya

ГИПЕРХЛОРГИДРИЯ (Hyperchlorhydria), дар таркиби шираи меъда зиёд шудани миқдори кислотаи хлориди озод; ба маънои васеъ дар шираи меъда бартарӣ доштани унсурҳои турш нисбат ба ишқорҳо. Г.-и муваққатӣ дар аснои истеъмоли маҳсулоте, ки шираи меъдаро бисёр хориҷ мекунанд, ҳамчунин дар ҳолатҳои асабоният ба вуҷуд меояд. Г. ҳангоми бемориҳои меъда (гастрити шадид …

Муфассал »