Главная / Илм / ГИПЕРХЛОРГИДРИЯ

ГИПЕРХЛОРГИДРИЯ

giperkhlorigidriyaГИПЕРХЛОРГИДРИЯ (Hyperchlorhydria), дар таркиби шираи меъда зиёд шудани миқдори кислотаи хлориди озод; ба маънои васеъ дар шираи меъда бартарӣ доштани унсурҳои турш нисбат ба ишқорҳо. Г.-и муваққатӣ дар аснои истеъмоли маҳсулоте, ки шираи меъдаро бисёр хориҷ мекунанд, ҳамчунин дар ҳолатҳои асабоният ба вуҷуд меояд. Г. ҳангоми бемориҳои меъда (гастрити шадид ва музмин, захми меъда), ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), заҳролудии музмин аз никотин ва ғ. пайдо мешавад. Он бисёр вақт бо гиперсекретсияи меъда ҷӯр мегардад. Г. бо аломатҳои зардаҷӯш, оруғ, фишор ва гаронии сари дил, сӯзиши сурхрӯда, баъзан қай падид меояд. Ҳангоми Г. миқдори кислотаи хлориди озод зиёда аз 100 ммол/л аст.
Бо мақсади муолиҷаи Г. бемориеро, ки сабаби пайдоиши он шудааст, табобат кардан лозим.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …