Хабарҳои охирин

ГИПОГОНАДИЗМ

gipogonadizm

ГИПОГОНАДИЗМ (Hypogonadismus; аз гипо…, лот. gonas, gonadis – ғадуди ҷинсӣ), гипогенитализм, ҳолати маризие, ки дар натиҷаи нуқси фаъолияти ғадудҳои ҷинсӣ ва кам шудани тарашшӯҳи усораи гормонҳои таносул ба вуҷуд меояд. Ҳангоми Г. узвҳои таносул аз инкишоф монда, аломатҳои ҷинсии дуюмин дуруст падид намеоянд. Г. якумин ва дуюмин мешавад. Г.-и якумин …

Муфассал »

ГИПОДИНАМИЯ

gipodinamiya

ГИПОДИНАМИЯ (Hypodynamia), камҳаракатӣ, фаъолияти нокифояи мушакҳо, ки бинобар паст шудани фаъолияти ҷисмонии одам (гипокинезия) рух менамояд. Г. дар натиҷаи камҳаракатӣ ба вуҷуд меояд. Дар мактаббачагон бенизомии зиндагӣ ва иҷрои вазифаи хонагии аз ҳад зиёд (дар натиҷа барои сайру гашт, бозӣ ва варзиш вақт кам мемонад) боиси Г. мегарданд. Г. дар …

Муфассал »

ГИПОКАПНИЯ

gipokapniya

ГИПОКАПНИЯ (Hypocapnia; аз гипо… ва юн. kapnos – дуд), шиддати сусти гази карбонат дар хуни шараёнӣ бинобар аз организм бисёр хориҷ шудани он. Г., одатан, дар натиҷаи гипервинтелятсияи шуш, мас., ҳангоми осеби узвии мағзи сар ва талафи хун рух менамояд. Аломати асосии он чарх задани сар ва баъзан беҳуш шудан …

Муфассал »

ГИПОКСИЯ

gipoksiya

ГИПОКСИЯ (Hypoxia; аз гипо… ва лот. ox ygenium – оксиген), камоксигенӣ, ҳолатеро гӯянд, ки дар мавриди бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаҳои организм ё ихтилоли ҷаббиши он дар бофтаҳо ба вуҷуд меояд. Г. метавонад боиси сар задани бемориҳои гуногун шавад. Мувофиқи тасаввуроти ҳозира Г.-и кӯтоҳмуддат имкон дорад дар организми сиҳат …

Муфассал »

ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН

gipoksiya

ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН (Hypoxia fetus), ҳолати маризие, ки бинобар бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаю узвҳои тифли батн ба вуҷуд меояд. Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид ҳангоми таваллуд (дар натиҷаи нуқси зоимон, афтодан ё фишор хӯрдани ноф, дар ҷавфи коси хурд муддати зиёд дармондани сари тифл), баъзан дар …

Муфассал »