ГИПЕРТРОФИЯ (аз гипер… ва юн. trophe – хӯрок, ғизо), афзудани ҳаҷм ва массаи узв. Г. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Ҳангоми Г.-и дурӯғин узв бинобар инкишофи босуръати мас., бофтаи чарбу калон мешавад. Дар мавриди Г.-и ҳақиқӣ унсурҳои паренхимавии узв афзоиш меёбанд (гиперплазия). Сабаби Г.-и ҳақиқӣ дар аксар ҳолатҳо таъсири барзиёди вазоифӣ ба ин ё он узв аст (Г.-и кофӣ). Мисоли чунин тарзи Г. калон ва пурқувват шудани мушакҳои варзишгарон ва ашхоси машғули кори ҷисмонӣ мебошад. Ҳангоми маризӣ Г.-и корӣ дар натиҷаи таъсироти зиёд ба фаъолияти узв пайдо мешавад, мас., гипертрофияи мушакҳои дил бинобар баланд будани фишори шараён. Яке аз шаклҳои Г.-и корӣ, ки бештар дучор меояд, Г.-и таъвизӣ аст; дар мавриди он яке аз узвҳои ҷуфт (мас., гурда) бинобар бурида дур сохтан ё фаъолияти нокифояи дигарӣ калон мешавад.
Г. зери таъсири гормонҳо низ ба вуҷуд меояд. Чунин шакли Г. дар ғадудҳои шир ҳангоми ҳомилагӣ ба мушоҳида мерасад. Мисоли Г.-и гормонии патологӣ калон шудани бинӣ, дасту по, забон ва узвҳои дохилӣ ҳангоми акромегалия аст.
Ҳаҷм ва массаи узв баъзан бинобар бартараф сохтани сабабҳое, ки муҷиби он шудаанд, ба эътидол меояд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …