Главная / Илм / ГИПЕРТРИХОЗ

ГИПЕРТРИХОЗ

gipertrihozГИПЕРТРИХОЗ (Hypertrichosis; аз гипер… ва юн. thrix, trichos – мӯй), бисёр сабзидани мӯй дар ҷойҳои номуносиби пӯст новобаста аз синну сол ва ҷинс. Г. модарзодӣ (умумӣ ва ҷузъӣ) ва ғайримодарзодӣ мешавад. Г.-и модарзодии умумӣ нисбатан кам дучор омада, дар мавриди он тамоми баданро мӯйҳои дароз фаро мегиранд. Ҳангоми Г.-и модарзодии ҷузъӣ мӯй, одатан, дар болои холҳои пигментӣ месабзад; дар мавзеи устухони чорбанд низ рушд намудани мӯйҳои сершумор аз эҳтимол дур нест. Г.-и ғайримодарзодӣ метавонад дар ҷойҳои бисёр ангезишёфтаи пӯст (бинобар молидани марҳамҳо, гачбандӣ ва ғ.), дар маризони сил, остеомиелит ба вуҷуд ояд. Баъзан духтарон дар давраи балоғат ва занҳо дар давраи аз баҳра мондан (климакс), дар рӯй ва пушти лаб мӯй мебароранд.
Г.-и модарзодии умумӣ муолиҷа надорад. Г.-и модарзодии ҷузъиро баъзан бо ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Дар мавриди Г.-е, ки бинобар ихтилоли фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ) сар задааст, бемории асосиро табобат кардан лозим. Дар бештарини ҳолатҳо аз муолиҷаи ҷузъӣ истифода мешавад, мас., ба роҳи диатермокоагулятсия вайрон кардани фолликулаҳои мӯй.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …