Главная / Илм / ГИНЕКОМАСТИЯ

ГИНЕКОМАСТИЯ

ginekomastiyaГИНЕКОМАСТИЯ (Gynaecomastia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва mastos – сина, пистон), калон шудани ғадудҳои шир дар мардҳо. Г. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Г.-и ҳақиқӣ дар натиҷаи афзудани бофтаҳои ғадуди шир пайдо мешавад. Сабаби Г.-и дурӯғин ҷамъ шудани чарбу дар ғадуди шири мардҳо аст. Г.-и ҳақиқӣ физиологӣ ва патологӣ мешавад. Г.-и ҳақиқии физиологӣ дар давраи балоғат ба мушоҳида мерасад. Г.-и ҳақиқии патологӣ бошад, бинобар ихтилоли мубодилаи эстрогенҳо рух менамояд. Г. дар ҳама синну сол ҳангоми бемориҳои тухмдон ва нуқси инкишофи он – гипоплазия, крипторхизм, атрофияи хоя (бинобар осеб, омос), осеби вазнини ҷигар ва гурдаҳо, баъзан бемориҳои ғадуди сипаршакл ва ғадудҳои болои гурда, амрози хромосомӣ, истифодаи вояи зиёди доруҳои эстрогенӣ ва ғ. пайдо мешавад. Г. метавонад дар як ё ҳар ду ғадуди шир ба вуҷуд ояд. Г.-и патологӣ ду навъ аст: диффузӣ ва гиреҳӣ. Ҳангоми Г.-и диффузӣ ғадуди шир сахт ва дардманд мешавад; Г.-и гиреҳӣ (ғуддаӣ), одатан, дар як тараф пайдо гашта, мисли тухм ва бедард аст.
Бо мақсади муолиҷаи Г. қабл аз ҳама сабаби ихтилоли гормонҳоро муқаррар кардан лозим. Г.-и гиреҳиро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Г.-и физиологӣ ба табобат эҳтиёҷ надорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …