Главная / Илм / ГИНЕКОЛОГИЯ

ГИНЕКОЛОГИЯ

ginekologiyaГИНЕКОЛОГИЯ (Gynaecologia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва …логия), илми бемориҳои занона, як соҳаи тибби клиникист, ки хосиятҳои анатомию физиологии организм, инчунин иллати узвҳои таносули занҳоро меомӯзад. Вазифаи умдаи Г. аз овони кӯдакӣ андешидани тадбирҳои пешгирии бемориҳои занона ва пешниҳод кардани усулҳои муолиҷаи онҳо мебошад. Маълумоти аввалин доир ба Г.-и амалӣ дар «Папируси гинекологи»-и Миср (а. 30 то м.), навиштаҷоти Бобулистон (а. 22 то м.), китоби қадимии ҳиндуҳо «Аюрведа» (а.-ҳои 9 – 3 то м.) ва ғ. дучор меоянд. Дар ин сарчашмаҳо роҷеъ ба аменорея, бенаслӣ, газак ва диг. бемориҳои аъзои ҷинсии зан, инчунин усулҳои муолиҷаи онҳо маълумот дода шудааст. Дар асарҳои Буқрот дар бораи аломату роҳҳои ташхиси беморӣ, тарзи муолиҷа ва ҷарроҳии амрози гинекологӣ маълумоти муфассал мавҷуданд. Дар инкишофи Г. Абӯалӣ ибни Сино саҳми калон гузоштааст. ӯ фасли махсуси китоби сеюми «Ал-Қонун»-ро ба бемориҳои занона бахшидааст.
Г. ҳамчун илми мустақил дар а. 18 ба вуҷуд омад. Ба туфайли татбиқи асептика ва антисептика доираи ёрии ҷарроҳӣ ба ашхоси гирифтори бемориҳои гинекологӣ васеъ гардид. Г. ба акушерӣ робитаи зич дошта, аз фаслҳои онкологияи гинекологӣ, урологияи гинекологӣ, эндокринологияи гинекологӣ, ҷарроҳии гинекологӣ ва ғ. иборат аст. Дастовардҳои анестезиология, истифодаи антибиотикҳо, хунгузаронӣ ва техникаи замонавӣ ба пешрафти ҷарроҳии гинекологӣ мусоидат карданд.
Дар Тоҷикистон Г. чун илм таърихи чандон тӯлонӣ надорад. С.-ҳои 40-уми а. 20 М. А. Турдаков, М. В. Войно-Ясенетский ва В. А. Лоситская доир ба бемориҳои гинекологии хоси ҷумҳурӣ пажӯҳиш анҷом доданд. Мавзӯи асосии омӯзиши онҳо бедардгардонии таваллуд, хунгузаронӣ, дарёфти роҳҳои табобати баъзе бемориҳои занона буд. Хусусан ба таъсири бемории вараҷа ба ҷараёни ҳамл, таваллуд ва амрози гинекологӣ эътибори ҷиддӣ дода мешуд.
Мавзӯи тадқиқоти минбаъдаи гинекологҳои ҷумҳурӣ ҳалли масъалаҳои эндокринологияи гинекологиро дар назар доштанд; таъсири гормонҳои стероидӣ ба сабзиши ҳуҷайраҳо муайян, миқдори кислотаҳои нуклеат дар эндометрия ошкор, физиология ва патологияи хуни занҳо тадқиқ карда шуд.
С. 1941 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кафедраи акушерӣ ва гинекология таъсис ёфт. С. 1957 зарурати ташкил намудани боз чунин як кафедраи дигар пеш омад. Маҳз бо кӯшиши устодони кафедраҳои мазкур бисёр масъалаҳои Г. мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтанд, мас., таъсири муҳит ба организми зани ҳомила ва тифл; танзими оила; пешгирии саратони гарданаи бачадон; эндокринологияи гинекологӣ; талассемия ва ҳомилагӣ; физиологияи таваллуд; ташхис ва табобати ихтилоли климакс; роҳҳои беҳтар гардондани шири модарон; зарари моддаҳои химиявӣ, хусусан гербисиду пестисидҳо ба фаъолияти насловарии занҳо; таъсири омилҳои антропогенӣ ба инкишофи ҷинсӣ ва ҷисмонии духтарон ва ғ. Пажӯҳишҳои солҳои баъдии устодон ба дарёфти усулҳои пешгирии фавти модару кӯдак, проблемаҳои модарии бехавф дар ҷумҳурӣ, таъсири муҳит ба организми зани ҳомила ва тифл, танзими оила, ширмаконии кӯдакон ва ғ. бахшида шудаанд.
С. 1980 дар ҷумҳурӣ дар заминаи Лабораторияи бемориҳои занона, амрози ирсӣ ва модарзоди кӯдакони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Ин-ти тадқиқоти илмии ҳифзи модару кӯдак (ҳозира Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатология) ташкил карда шуд. Он муассисаи асосӣ оид ба хамоҳангсозии кумаки акушерию гинекологӣ ва педиатрӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳ оид ба дарёфти асосҳои илмию методии такмили хадамоти акушерию гинекологӣ ва педиатрӣ, кам кардани бемории анемия ва оризаҳои гуногуни акушерӣ дар байни занҳои ҳомила, бемории кӯдакони то 3-сола ва ғ. тадқиқоти назаррас анҷом пазируфт.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаҳои акушерию гинекологии ҷумҳурӣ ҳифзи солимии насловарии занҳо мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ марказу кабинетҳои гуногун фаъолият доранд, ки роҳҳои босамари пешгирии ҳамли номатлубро дарёфт менамоянд.
Дар ривоҷу равнақи Г. дар Тоҷикистон саҳми С.Б. Голубчик, А.К. Сафотеров, Л.Е. Гуртовой, С.Ҳ. Ҳакимова, Л.И. Трубникова, М.Т. Пӯлодова, М.К. Абдураҳмонов, Е.Н. Нарзуллоева, М.Ф. Додхоева, Р.Т. Мирсабурова, Т.М. Абдушукурова ва диг. арзанда аст.

М. Д. Файзуллоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …