Главная / Илм / ГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ

ГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ

gimnastikaГИМНАСТИКАИ КОРГОҲӣ, маҷмӯи машқҳои ҷисмонӣ, ки барои беҳтар намудани фаъолияти организм, нигоҳ доштани қобилияти хуби корӣ, вазъи саломатии коргарон ва донишҷӯён ба тартиби рӯзи кор дохил карда мешавад. Г. к. амрозеро, ки ба онҳо шароити меҳнат сабаб мешаванд, пешгирӣ мекунад. Ба туфайли пешрафти илму техника, автоматонӣ ва механиконии истеҳсолот меҳнати одамон сабук шудааст. Дар айни замон касбу корҳое низ мавҷуданд, ки ҳангоми иҷрои онҳо шиддати рӯҳию асабӣ афзуда, диққат, қувваи босира ва ҳофизаи хуб зарур аст. Одатан, ин гуна касбу кор ҳаракати одамро маҳдуд месозад (кормандони компютер, рӯзноманигорон, операторҳо, мусаҳҳеҳон, ронандаҳо ва ғ.).
Ҳангоми дар як ҷо бисёр нишастан ва кам ҳаракат кардан, мубодилаи моддаҳо ва ҳаракати хун суст шуда, дар узвҳои коси хурд ва андомҳои поён хун ҷамъ мешавад, мушакҳо заиф мегарданд, сабзиши қаду қомат халал меёбад. Одамоне, ки касбашон ба камҳаракатӣ вобаста аст, зуд-зуд ба дарди сар, бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ғ. гирифтор мешаванд. Дар ин гуна мавридҳо Г. к. норасоии ҳаракатро талофӣ мекунад. Ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ Г. к. таъсири ногувори якхеларо ба мушакҳо рафъ сохта, мушакҳои бекорро ба ҳаракат медарорад, тарзи фаъолияти мушакҳои дар ҳаракат бударо тағйир медиҳад.
Маҷмӯи машқҳои Г. к., ҳамчунин вақт ва тарзи гузаронидани онро мувофиқи хусусияти кор, омодагии ҷисмонии кормандон (донишҷӯён), тағйири вазъи функсионалии организм дар давоми рӯзи кор ва шароити санитарию гигиении меҳнат (таҳсил) интихоб мекунанд.
Маҷмӯи намунавии машқҳо мувофиқи 4 навъи меҳнат, ки аз рӯи дараҷаи ҳаракати мушакҳо ва шиддати рӯҳӣ фарқ доранд, чунин мебошанд: 1) барои касбу коре, ки бо меҳнати зиёди ҷисмонӣ вобаста аст; 2) барои касбе, ки ҳам меҳнати фикрӣ ва ҳам меҳнати ҷисмонӣ баробар сарф мешавад, яъне кори сабук; 3) барои коре, ки шиддати зиёди рӯҳӣ ва сарфи ками қувваи ҷисмониро талаб карда, асосан дар ҳолати нишаст иҷро мешавад; 4) барои касбу коре, ки бо меҳнати фикрӣ вобаста аст. Чунин маҷмӯи махсуси машқҳо барои кормандоне низ тартиб дода шудааст, ки рост истода кор мекунанд.
Дар ибтидои рӯз қобилияти кории одам суст буда, барои он ки организм пурра ба меҳнат омода шавад, вақти муайян лозим аст. Машқҳои ҷисмонии гимнастикаи муқаддимавӣ ба суръати дуруст касб кардани фаъолияти меҳнатӣ (таҳсил), қобилияти баланд ва қавии кор мусоидат намуда, ба хастагии бармаҳали одам роҳ намедиҳанд. Гимнастикаи муқаддимавиро 10 дақ. пеш аз оғози кор (дарс) ба муддати 5 – 7 дақ. мегузаронанд. Барои ин маҷмӯи махсуси варзишро мувофиқи ҳаракатҳои зарурӣ, суръат ва диг. хусусиятҳои кор интихоб мекунанд.
Танаффуси гимнастикӣ дар давоми рӯзи кор ё таҳсил шакли истироҳати фаъол мебошад. Он хастагии организмро рафъ намуда, қобилияти баланди кориро нигоҳ медорад. Аз чанд машқ иборат аст ва 5 – 6 дақ. давом мекунад. Вақти дар давоми рӯз гузаронидани танаффуси гимнастикиро мувофиқи хусусияти кор – дараҷаи таҳмили ҷисмонӣ, шиддати асабию рӯҳӣ, фаро расидани хастагӣ ва ғ. муайян менамоянд. Барои корҳое, ки иҷрои онҳо чолокӣ, дақиқӣ ва бодиққатиро тақозо доранд (мас., операторон), дар давоми рӯз 1 – 3 маротиба бо усули гурӯҳӣ танаффуси гимнастикӣ мегузаронанд. Барои кормандоне, ки ба меҳнати фикрӣ, инчунин ба меҳнати сабук машғуланд, аз ҷумла барои коргароне, ки асосан рост истода кор мекунанд, 2 – 3 дақ. танаффуси гимнастикӣ тавсия мешавад.
Маҷмӯи машқҳои ҷисмониро ҳар сари чанд вақт бо машқҳои нав, ки ба организм таъсири мушобеҳ мерасонанд (тақр. дар 10 – 14 рӯз як маротиба), иваз намудан хело муфид аст. Вақти гузаронидани Г. к.-ро мувофиқи тартиби рӯзи кор муайян мекунанд. Дар нимаи аввали рӯзи кор, тақрибан баъд аз гузаштани се соати он, танаффуси гимнастикӣ гузаронидан зарур мебошад. Онро дар нимаи дуюми рӯз низ гузаронидан мумкин аст. Агар шароит бошад, Г. к.-ро бевосита дар коргоҳ ва бо мусиқӣ ба ҷо овардан манфиат дорад. Пеш аз Г. к. хонаро шамол медиҳанд. Доимо дар ҳавои тоза иҷро кардани Г. к. органимзро ба таъсири сардӣ тобовар мегардонад. Г. к.-е, ки бо радио интишор мешавад, барои одамони корашон камҳаракат пешбинӣ шудааст. Азбаски оғози рӯзи кори одамон гуногун аст, маҷмӯи машқҳоро сабт намуда, дар вақти ба коргарон мувофиқ шунавонидан мумкин аст. Танаффуси нисфирӯзиро барои Г. к. истифода намебаранд. Дар биное, ки ҳарораташ аз 250С баланд ва намӣ аз 70 фоиз зиёд аст, гузаронидани варзиш ҷоиз нест. Ниг. низ Гимнастика.

Е.Ғ. Алиева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …