Главная / Илм / ГИЛДАВОӣ

ГИЛДАВОӣ

gildavoiГИЛДАВОӣ, гилпизишкӣ, гилшифоӣ, яке аз усулҳои табобати бемориҳо. Г. дар гузашта бисёр маъмул буд. Одам аз ибтидои пайдоиш ба гил, ба замин ҳамбастагӣ доштааст. Маҳз замин оромгоҳу паноҳгоҳ ва манбаи ризқу рӯзии ӯ маҳсуб мешуд. Аввалин маъхазе, ки аз падидаҳои Г., муносибату афкори аҷдоди моро роҷеъ ба гил, замин дарак медиҳад, Авесто аст. Мутобиқи андешаи пажӯҳишгарони пешин ба ҳар кадом ҷисм мувофиқан ба чаҳор унсур (гил, оташ, об, ҳаво) чаҳор сифат (гармӣ, сардӣ, тарӣ ё рутубат ва хушкӣ) хос аст. Абӯалии Сино мизоҷи гилро шабеҳи мизоҷи инсон меҳисобид. Гузаштагони мо медонистанд, ки гил ҷисми пок мебошад. Ин ақида ҳақиқати ҳол мебошад, зеро имрӯз исбот шудааст, ки гил бактерия надорад.
Гил заҳрҳои моеъу газмонанд, бӯи ногувори равған ва ғ.-ро меҷаббад. Тоҷикон аз қадим ҳангоми ҷувоз кашидан, ширинию шарбатпазӣ аз гилхока истифода мебаранд. Гил бӯи ногувори равғани зағир ва индовро бартараф месозад, ғубору заҳри ширинии туту ангурро ҷазб мекунад. Дар гузашта бо гили саршу шустани мӯй барои бонувон як навъ анъана будааст. Гилобаи саршӯй гӯё патосаку занбӯруғчаи сарро барҳам дода, рушди мӯйро қувват мебахшидааст. Ҳамчунин ба гармоба порае гил (таншӯ) мебурдаанд; бо он шустушӯй кардан давои амрози пӯст будааст, ҷисму баданро таровату ҷило медодааст. Табибони пешин ҳатто бо гил саратони пӯстро даво мебахшадаанд.
Имрӯз олимон исбот кардаанд, ки гил таъсири пурзӯри зидди омос (саратон)-ро дорад; он ҳангоми омосҳои ғайрисаратонӣ (ҷоғар, миома, мастопатия) ва саратонӣ (саратон, лейкоз ва ғ.) манфиат мерасонад. Чунин хусусияти гил шояд ба радийи таркиби он вобаста бошад. Ба гуфтаи табибони халқӣ агар латтапораеро ба гилоба тар карда, ба милки дандон ниҳанд, хуншорӣ қатъ мегардад, газак (илтиҳоб) рафъ мешавад; агар бо он дандонро пок кунанд, доғи зардиаш меравад. Агар бо гилобаи соф дасту рӯй бишӯянд, ба зудӣ газаки чашм шифо меёбад. Мегӯянд, ки ҳар вақт дар ҳоҷатхона аз кулӯх истифода баранд, якумр ба бавосир гирифтор нахоҳанд шуд.
Аз қадим ҳангоми заҳролудӣ, вабо, исҳоли хунин ва ғ. гилро олоти халосӣ меҳисобиданд. Табибони халқӣ бо гил бемориҳои гуногун, мас., ҷоғар, камхунӣ, фалаҷ, саръ, амрози асаб, илтиҳоби гӯшу чашм, амрози занон, бемориҳои меъдаву рӯда, газаки ҷигар, зардпарвин, дарди дил, бемории сил, исҳоли хунин, хунпартоӣ, зиқи дил, дарди гурда ва масона, амрози пӯст ва ғ.-ро табобат мекунанд.
Алҳол баъзе навъҳои гилро дар амалияи тибби бисёр кишварҳо барои муолиҷаи бемориҳои музмину шадиди банду буғум, сутунмӯҳра, мушак, асаб, оризаҳои газаки ҳароммағз, сил, зарбу лат, амрози занон, газаки музмини талхадон, қабзият ва ғ. истифода мебаранд. Барои табобат навъҳои гуногуни гилро тавсия медиҳанд. Табибони халқӣ, одатан, маризро бо ҳамон гиле табобат мекунанд, ки дар ҳамон маҳал дастраси онҳост. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳо махсусан гилҳои гулобӣ, сурх, осмонранг шифои бештар доранд.
Гилро аз маҳалли хушобу ҳаво, назди чашмаи зулол, дуртар аз иқоматгоҳ, ки нури офтоб хуб мерасад, ҷамъ меоваранд. Онро пеш аз истифода аз регу ҳар гуна омехтагиҳои номатлуб тоза мекунанд. Ҳамон гиле беҳтар аст, ки аз он қурс бисозанд ва баъди хушконидан накафад. Лойи онро бо чӯбчаи чӯбин меомезанд. Қурсҳои табобатии онро дар зарфҳои чинӣ ё чӯбӣ нигоҳ бояд дошт. Зарфҳои гилдорро дар болохона ё ҷойҳои махсуси тоза нигоҳ медоранд.
Гилро пеш аз истифода андак дар офтобрӯя гарм ва сипас дар оби чашма ҳал кардан лозим аст. Табибон барои муолиҷаи бемориҳои пӯст хока, хамира ва марҳами гилро тавсия медиҳанд.
Ад.: Ҳоҷиматов М., Халифаев Д., Масоили гил ва имконоти истифодаи он дар амалияи тиб. Дар кит.: Падидаҳои синъати дорусозӣ ва тибби мардумӣ, Д., 2001; Халифаев Д.Р., Микроэлементный анализ бентонитовых глин Таджикистана. Дар кит.: Проблемы фармации Таджикистана, Д., 1991; Ҳамон муаллиф, Некоторые показатели при выборе основ для мягких лекарственных форм. Дар кит.: Падидаҳои санъати дорусозӣ ва тибби мардумӣ, Д., 2001.

Д. Р. Халифаев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …