Хабарҳои охирин

ГЕПАТИТИ ВИРУСӣ

gepatiti-virusi

ГЕПАТИТИ ВИРУСӣ (Hepatitis epidemica; Н. viralis), заъфармаи сироятӣ, бемории Боткин, бемории сироятиест, ки аз он бештар ҷигар иллат меёбад. Ангезандаи Г. в. ба таъсири муҳит бағоят устувор аст. Бино ба маълумоти солҳои охир 7 навъи Г. в. вуҷуд доранд: А, Б, С, D, Е, G ва F. Гепатити А (бемории …

Муфассал »

ГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПӣ

otravlenie

ГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПӣ, бемории Мирочник-Мансуров, заҳролудӣ аз ғизо. Ҳангоми гирифтор шудан ба Г. г. асосан ҷигар осеб меёбад. Сабаби беморӣ истеъмоли ноне мебошад, ки ғаллаи он бо тухми растании хеле заҳрнок – Heliotropium dasycarpum олуда шудааст. Дар солҳои ба таъхир афтодани баҳор, дони гандум бо тухми растанӣ баробар пухта мерасад. Дар …

Муфассал »

ГЕПАТОЛОГИЯ

IDT Medical

ГЕПАТОЛОГИЯ (аз юн. gepato – ҷигар ва логия), илме, ки ҷигар, талхадон, маҷрои талха ва ғадуди зери меъдаро меомӯзад. Амрози ҷигар аз замонҳои хеле қадим диққати табибонро ҷалб карда буд. Бисёр масъалаҳои марбут ба бемориҳои ҷигар ва талхадон дар асарҳои табибони гузашта қайд карда шудаанд. Чунончи, Ибни Сино дар «Ал-Қонун» …

Муфассал »

ГЕРИАТРИЯ

geriatriya

ГЕРИАТРИЯ (Geriatria; аз юн. geron – пир ва iatreia – муолиҷа), як фасли геронтология. Г. масъалаи кӯмаки тиббӣ ба пиронсолон, хусусиятҳои бемориҳои пирӣ, табобат ва пешгирии онҳоро тадқиқ менамояд. Бисёр масъалаҳои Г. ба табибони қадим низ маълум буданд. Як бахши махсуси «Ал-Қонун»-и Абӯалии Сино ба тадбири пирон бахшида шудааст. Бахши …

Муфассал »

ГЕРМАФРОДИТИЗМ

germafroditizm

ГЕРМАФРОДИТИЗМ (Hermaphroditismus; аз юн. Hermaphroditos – писари худоҳои Юнони Қадим Гермес ва Афродита, ки аломатҳои марду занро дошт), ихтилоли инкишофи ҷинсӣ, ки дар мавриди он узвҳои таносули берунӣ аломатҳои занона ва мардонаро доранд. Ниг. низ Хунсоӣ.

Муфассал »