Главная / Илм / ГЕРОНТОЛОГИЯ

ГЕРОНТОЛОГИЯ

gerontologiiaГЕРОНТОЛОГИЯ (Gerontologia; аз юн. geron – пир ва … логия), таълимот дар боби пирӣ ва дарозумрӣ; илме, ки ба омӯзиши механизм ва ҷараёни биологии пир гаштани мавҷудоти зинда, инчунин усулҳои ба таъхир андохтани суръати пир шудан ва дароз кардани умр машғул аст. Азбаски амалиёти мазкур то давраи пирӣ фаро мерасанд, геронтологҳо бештар ба вазъи саломатии одамони миёнаумр ва солхӯрда диққат медиҳанд. Дарки биологии пиршавӣ имкон медиҳад, ки инкишофи бемориҳои хоси ин синну сол дуруст тасаввур ва саривақт ташхису табобат карда шаванд. Якбора пир гаштани аҳолӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ баҳри ривоҷ ёфтани пажӯҳишҳои геронтологӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Қариб дар ҳар соҳаи тиб бахшҳое вуҷуд доранд, ки ба масоили Г. вобастаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …