Главная / Илм / ГИГАНТИЗМ

ГИГАНТИЗМ

gigantizmГИГАНТИЗМ (Gigantismus; аз юн. gigas, gigantos – азимҷусса), азимҷуссагӣ, номӯътадил сабзидани қади одам. Г. дар натиҷаи аз меъёр зиёд ҳосил шудани гормони рушд (қисми пеши гипофиз хориҷ мекунад) ба вуҷуд меояд. Мафҳуми Г. ва қомати баландро бояд аз якдигар фарқ кард. Волидайни азимҷуссаҳо (гигантҳо), одатан, қадбаланд нестанд. Бештар мардон азимҷусса мешаванд. Г. аз 9 – 10-солагӣ ё аз давраи балоғати ҷинсӣ зоҳир гашта, то интиҳои инкишофи физиологии организм давом мекунад. Ин қабил одамон дардманд буда, шикояти онҳо аз дарди сар, бемадорӣ, хастагӣ, дарди дасту по аст. Мушакҳои дар аввал пурқувват минбаъд якбора заиф мешаванд. Хотира суст, фаъолияти рӯҳӣ номураттаб гашта, кори узвҳои ҷинсӣ, ғадуди сипаршакл ва зери меъда халал меёбад. Андоми азимҷусса номутаносиб, дасту пойҳо (хусусан пойҳо) дароз, сар майда мешавад.
Қади ашхоси гирифтори Г. ниҳоят дароз (мардҳо зиёда аз 200 см, занҳо – зиёда аз 190 см) аст. Ҳангоми Г. узвҳои дохилӣ низ калон мешаванд (спланхномегалия), мубодилаи моддаҳо тағйир меёбад. Дар мавриди Г. дар мардҳо гипогонадизм, дар занҳо аменорея ва бенаслӣ рух менамоянд.
Аломати асосӣ барои ташхиси Г. қади баланд аст, яъне қаде, ки аз меъёри миёнаи кӯдакони ҳамон синну сол дароз бошад. Дар сурати ба мушоҳида нарасидани тағйироти ҷиддӣ ва нишонаҳои Г., вале баланд будани қади кӯдак, волидон ва хешу табори наздик низ мавриди тадқиқ қарор мегиранд. Агар ҳамаи онҳо болобаланд бошанд, пас чунин кӯдак қадбаланд маҳсуб дониста мешавад; он беморӣ нест ва муолиҷаи махсус намехоҳад. Қади баъзе кӯдакони гирифтори ҷоғар низ баланд мешавад, вале он ба дараҷаи Г. намерасад.
Усулҳои ҳозираи табобат (истифодаи муштараки доруҳои гормонӣ ва рентгенотерапия) дар аксар ҳолатҳо натиҷаи хуб медиҳанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …