Главная / Илм / ГЕРОГИГИЕНА

ГЕРОГИГИЕНА

gerogigienaГЕРОГИГИЕНА (аз юн. geron – пирсол ва hygieinos – шифобахш), як фасли геронтология, ки таъсири омилҳои муҳит (табиӣ, маишӣ ва иҷтимоӣ)-ро ба раванди пир гаштани одам меомӯзад; барои бартараф сохтани таъсири номатлуби онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Г. аз чанд илми мустақил иборат аст. Г.-и иҷтимоӣ таъсири омилҳои иҷтимоию иқтисодиро ба вазъи саломатии пирсолон меомӯзад; мавзӯи тадқиқи Г.-и маишӣ таъсири шароити зиндагӣ ба организми одам аст; Г.-и ғизо масъалаҳои тағзияи оқилонаи одамони калонсол ва пирсолонро ҳаллу фасл менамояд; Г.-и меҳнат оид ба таъсири омилҳои истеҳсолот ба организми одами солхӯрда ё нафақагири коргар тадқиқот бурда, барои одамони пирсол тавсияҳои меҳнатӣ ва беҳдоштӣ таҳия месозад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …