Главная / Илм / ГЕСТОЗ

ГЕСТОЗ

gestozГЕСТОЗ, оризаи ҳомилагӣ, ки боиси халал ёфтани фаъолияти баъзе узву бофтаҳо мегардад. Гумон меравад, ки сабаби Г. ташаннуҷ (спазм) ва тағйироти умумии рагҳо аст. Оид ба пайдоиши Г. фикри ягона вуҷуд надорад. Бино ба ақидаи баъзе мутахассисон Г. як навъи невроз буда, ҳангоми он робитаи тарафайн байни қишр ва зерқишри майна халал меёбад. Олимони дигар сабаби пайдоиши Г.-ро дар ноҷурии ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), генетикӣ, ҳамроҳак ва ғ. мебинанд.
Г. ҳамеша бо ноҷурии фаъолияти гурдаҳо, ҷигар, силсилаи асаб, ҳамроҳак рух менамояд. Аломати нисбатан бармаҳали Г. обварам аст. Дар натиҷаи он мубодилаи обу намакҳо халал ёфта, нуфузпазирии девораи рагҳо зиёд мешавад. Варам асосан дар пойҳо, шикам, рӯй, панҷаи даст ба вуҷуд меояд; фишори хун баланд гашта, дар таркиби пешоб сафеда ба мушоҳида мерасад. Дар сурати авҷ гирифтани маризӣ имкон дорад преэклампсия ва эклампсия низ рух намоянд. Дар ин ҳолат микросиркулятсия дар силсилаи асаби марказӣ халал меёбад, ки барои модар ва тифл хавфнок аст. Агар фишори хун баланд шуда, сар дард кунад, пеши чашм сиёҳӣ занад, дилбеҳузурӣ ва дарди қисми болои шикам ба вуҷуд ояд, пас бетаъхир ба духтур муроҷиат кардан лозим аст (нишонаи преэклампсия). Г.-ро дар таваллудхона муолиҷа мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …