Хабарҳои охирин

ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ

gastroenterolog

ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ (аз гастро…, юн. enteron – рӯда ва …логия), фасли бемориҳои дарунӣ, ки сохт, вазифа, бемории узвҳои ҳозима, усулҳои ташхиси беморӣ, табобат ва пешгирии онҳоро меомӯзад. Бемориҳои узвҳои ҳозима аз қадим маълуманд. Ҳанӯз Буқрот доир ба парҳезшифоӣ ақидае баён карда буд, ки он дар инкишофи Г. аҳамияти калон дошт. Яке …

Муфассал »

ГАСТРОЭНТЕРОСТОМИЯ

gastroenterostomy

ГАСТРОЭНТЕРОСТОМИЯ (аз гастро…, enteron – рӯда ва stoma – даҳон, сӯрохӣ), амалиёти ҷарроҳиест, ки ҳангоми он байни меъда ва рӯдаи борик анастомоз гузошта мешавад. Бо мақсади паллиативӣ (ёрии муваққатӣ) дар аснои илоҷнопазир будани ногузароии баромадгоҳи меъда истифода мегардад. Ниг. низ Меъда.

Муфассал »

ГАҲВОРА

gahvora

ГАҲВОРА, ҷойхоби махсуси кӯдак, ки дар он бачаро аз 7 – 10 рӯзагӣ то 1,5 – 2 ва баъзан то 3-солагӣ мехобонанд. Г.-ро аз чӯби бед, чормағз, зардолу месозанд ва одатан дарозиаш 1 – 1,5 м, бару баландиаш 0,5 м мешавад. Асоси Г. рӯйбозӣ ва тагбозӣ буда, ба рӯи тагбозӣ …

Муфассал »

ГАЧ

gips2

ГАЧ, гаҷ, масолеҳи бинокорист, ки дар натиҷаи зери ҳарорати баланд (120 – 170°С) сӯзондани гипс ҳосил мешавад. Гипс (CaSO4 • 2H2O) дар мурдобаҳои баҳр ва кӯлҳои шӯр аз таҳшиншавии намакҳои сулфат ба вуҷуд меояд. Конҳои гипс дар водиҳои Вахш, Ҳисор ва Зарафшон мавҷуданд. Гачро дар ҳайкалтарошӣ, сохтмон ва тиб (ниг. …

Муфассал »

ГАЧБАНДӣ

gips

ГАЧБАНДӣ, гаҷбандӣ, навъе аз бандина бо истифода аз гачи тиббӣ. Г.-ро дар мавриди осебҳои гуногун, хусусан шикастани устухонҳо, муолиҷаи бемориҳои дастгоҳи такяву ҳаракат, ҳангоми зарурат ба ноҷунбон кардани дасту по, гардан, сар ва ғ. кор мефармоянд. Асоси Г. гачи тиббӣ аст. Он хокаи маҳини сафед ё андак зардча мебошад. Дар …

Муфассал »