Хабарҳои охирин

ГАСТРОТОМИЯ

gastromiya

ГАСТРОТОМИЯ (аз гастро… ва tome – буридан), амалиёти ҷарроҳиест, ки ҳангоми он ҷавфи меъдаро чок карда мекушоянд. Ниг. низ Меъда.

Муфассал »

ГАСТРОЭЗОФАГОСТОМИЯ

gastroesophagectomy

ГАСТРОЭЗОФАГОСТОМИЯ (аз гастро…, oisophagos – сурхрӯда ва stoma – даҳон, сӯрохӣ), амалиёти ҷарроҳиест, ки ҳангоми он байни меъда ва сурхрӯда анастомоз гузошта мешавад. Ниг. низ Меъда.

Муфассал »

ГАСТРОЭКТОМИЯ

gastrektomiya

ГАСТРОЭКТОМИЯ (аз гастро… ва ektome – буридан), амалиёти ҷарроҳиест, ки ҳангоми он меъда комилан бурида дур карда мешавад. Г. яке аз роҳҳои муолиҷаи саратони меъда аст. Ниг. низ Меъда.

Муфассал »

ГАСТРОЭНТЕРИТ

gastroenterit

ГАСТРОЭНТЕРИТ (аз гастро… ва энтерит), илтиҳоби меъда ва рӯдаи борик. Г. дар натиҷаи заҳролудӣ аз хӯрок, сирояти бактерияҳо, ошомидани оби бадсифат, бемориҳои грипп, пневмония, сурхакон ва уфунат, заҳролудӣ аз металлҳои вазнин, кислотаҳо, ишқорҳо, доруҳои руҳ ва ғ. рух менамояд. Г. шадид ва музмин мешавад. Беморӣ бисёр вақт бо гастроэнтероколит ҳамроҳ …

Муфассал »

ГАСТРОЭНТЕРОКОЛИТ

gastroenterokolit

ГАСТРОЭНТЕРОКОЛИТ (Gastroenterocolitis), дар як вақт газак гирифтани меъда, рӯдаи борик ва ғафс. Г.-и шадид дар натиҷаи сирояти баъзе бактерияҳо, вирусҳо, аз аллергия, бағоят ҳассос будан ба дору ё хӯрок, заҳролудӣ аз металлҳои вазнин, ишқор, кислота, спиртҳо ва дору ба вуҷуд меояд. Сирояти бактерияҳо сабаби асосии Г. мебошад. Кам шудани туршии …

Муфассал »