Главная / Илм / ИШЕМИЯИ ДИЛ

ИШЕМИЯИ ДИЛ

ishemiai-dilИШЕМИЯИ ДИЛ, бемории дилу рагҳо, ки дар натиҷаи норасоии хуни мушаки дил – миокард (оқибати атеросклерози шараёнҳои иклилии дил аст) ба вуҷуд меояд. Мафҳуми «ишемияи дил» амрози шадиди дил (монанди стенокардия, сактаи дил) ва иллатҳои музмини он (кардиосклерози диффузӣ ва ҷузъӣ)-ро дарбар мегирад. Азбаски инкишофи беморӣ ба атеросклерози рагҳо вобаста аст, онро кардиосклерози тасаллубӣ ҳам меноманд. Ҳангоми И. д. кори дил (заъфи дил ва номураттабии тапиши дил) хеле мушкил мешавад (ниг. Силсилаи дилу рагҳо). Ҷараёни И. д. номунтазам буда, хуруҷи беморӣ ба давраи нисбатан ором иваз мегардад. Хуруҷи стенокардия ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ яке аз аввалин падидаҳои клиникии И. д. буда, минбаъд беморӣ муддати дароз давом меёбад. Одатан, ба стенокардия (ҳангоми кори ҷисмонӣ) баъд аз чанд вақт хуруҷе, ки дар ҳолати оромӣ сар мезанад, ҳамроҳ мешавад. Дар давраи авҷи беморӣ инкишофи сактаи мушаки дил басо хатарнок аст.
И. д. дар ҷумҳурӣ беш аз пеш густариш меёбад. Бо дарназардошти ин с. 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи ишемияи дил дар давраи солҳои 2007 – 2015» қарор қабул кард. Мақсади асосии барнома паст намудани суръати афзоиши гирифторӣ, фавт ва маъюбӣ аз И. д. аст. Барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати мутахассисони тиб ва аҳолиро роҷеъ ба масоили пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи И. д., беҳтар намудани сифати ташхис, расондани кумаки босамари тиббӣ ба маризон дар назар дорад.
И. д. масъалаи муҳими иҷтимоист. Ба туфайли пешрафти илму техника, тағйири иҷтимоию иқтисодӣ ва комёбиҳои тиббу нигаҳдории тандурустӣ савияи беморшавии аҳолӣ дигаргун шуд: эпидемияҳои тоун, домана ва диг. бемориҳои сироятиро тадриҷан амрози дилу рагҳо, хусусан И. д. иваз карданд.
Бо инкишофи И. д. бисёр омилҳои дохилию берунӣ (омилҳои хавфнок) мусоидат менамоянд. Ба омилҳои асосие, ки муҷиби И. д. мешаванд, ихтилоли мубодилаи липидҳо (чарбу) – дар таркиби хун афзудани миқдори холестерин (гиперхолестеринемия), гипертензияи шараёнӣ, диабети қандӣ, тамокукашӣ, камҳаракатӣ, асабонияти бардавом ва ғ. тааллуқ доранд.
Дар раванди ишемияи миокард (мушаки дил) номувофиқатӣ байни талаботи мушаки дил ба оксиген ва моддаҳое, ки тавассути рагҳои иклилии тангшуда меоянд, мақоми калон дорад. Чи қадаре, ки сӯрохи раг зиёд танг шуда бошад, тафовут ва кори дил ҳамон қадар меафзояд.
Ишемияи миокард ба фаъолияти дил таъсири ногувор мерасонад. Ишемияи кӯтоҳмуддат бо хуруҷи стенокардия падид меояд (дамкӯтоҳӣ, чарх задани сар ва ғ.). Агар ишемия 20 – 30 дақ. давом ёбад, дистрофияи манбаии миокард ба вуҷуд меояд. Ишемияи нисбатан бардавом, хусусан дар мавриди бо судда баста будани артерияи иклилӣ (коронарӣ), боиси мавти ҳамон қитъаи мушаки дил гашта, бо сактаи дил анҷом мепазирад.
И. д.-ро аз рӯи маҷмӯи аломатҳои гуногуни болинӣ ташхис мекунанд. Аз усулҳои электркардиография, эхокардиография, тадқиқи радиоизотопӣ, мушоҳидаи мониторӣ, ташхиси вазифавии кори дил ва ғ. истифода карда мешавад.
Ҳангоми хуруҷи дарди муқаррарӣ давомоти он ва таъсири нитроглитсеринро ба инобат мегиранд. Хуруҷи стенокардия, одатан, дуру дароз нест (аз 5 то 30 дақ.) ва барои рафъи он нитроглитсерин таъсири хуб мерасонад (баъди 1 – 3 дақ. ба зери забон гирифтан дард нест мешавад). Дар вақти дистрофияи (осеби) манбаии миокард дард маъмулан 20 – 30 дақ. давом мекунад (истифодаи нитроглитсерин таъсири нопурра ва кӯтоҳмуддат мерасонад). Аломати сактаи мушаки дил дуру дароз (аз 30 дақ. то чанд соат ва ҳатто рӯз) давом кардани дард аст (он нисбатан пуршиддат буда, баъди истифодаи нитроглитсерин рафъ намешавад).
Ҳангоми шиддат ёфтани ҳама гуна хелҳои И. д. мумкин аст фаъолияти гуногуни дил халал ёбад. Муолиҷаи И. д. ба таври комплексӣ сурат мегирад.
Парҳез аҳамияти калон дорад, барои ин дар вояи хӯрок бояд миқдори равғани ҳайвонот ва ангиштоби зудҳазм кам, равғанҳои растанӣ, витаминҳои С ва гурӯҳи В бисёр бошанд, творог, гӯшти беравған, моҳӣ, сабзавоту меваи тар бештар истеъмол шавад, аз дилбастагӣ ба машруботи спиртдор худдорӣ бояд кард. Ҳар рӯз чор маротиба хӯрдани таом (энергияи шаборӯзиаш тақр. 2500 ккал) тавсия мешавад. Кори ҷисмонӣ шарти муҳими пешгирии И. д. аст. Ғайр аз меҳнати фикрӣ, барои сайру гашт, кори ҷисмонӣ, варзиш ва ғ. вақт ҷудо кардан лозим. Рухсатии меҳнатӣ ва рӯзҳои истироҳатро берун аз шаҳр, бо саёҳат гузаронидан муфид аст. Аз кашидани сигору нос бояд даст кашид. Саривақт ва муттасил муолиҷа кардани ғалаёни хун, диабети қандӣ, фарбеҳӣ аҳамияти калон дорад. Мувофиқи шавқу рағбат ва қобилият интихоб намудани касб, ташкили дурусти меҳнат ва муносибати хайрхоҳона нисбати атрофиён ба пешгирии И. д. мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …