Главная / Илм / ИШҚОРГИЁҲ

ИШҚОРГИЁҲ

ishkorgiyohИШҚОРГИЁҲ (Anabasis aphylla), растаниест нимбутта. Аз 20 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, шохчаҳояш буғумдор, зудшикан. Баргаш сегӯша, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ. Мевааш сероби мудаввар. Май – июн гул карда, авг. – сент. мева мебандад. Дар нишебии талу теппаҳо, шӯрзамин, шибоғзорҳо, баъзан чун алафи бегона дар гандумзор мерӯяд. Дар мавзеъи Сирдарё ва қ-кӯҳи Туркистон (дар баландии 350 – 1400 м аз с.б.) паҳн шудааст. Баргу пояи И.-ро дар давоми тобистону тирамоҳ меғундоранд (давраи беҳтарини ҷамъоварӣ – аз июн то сент.).
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби реша ва баргу пояи И.-ро барои муолиҷаи сили шуш, зиқи нафас, хунпартоӣ менӯшанд, барои муолиҷаи амрози пӯст (хоришак, ушкуфа ва ғ.) ба бадан мемоланд. Хокаи пояи онро чун давои баҳамоваранда ба захмҳо мепошанд. Табибони халқӣ нақеъи И.-ро барои табобати сил тавсия медиҳанд. Мувофиқи маълумоти Абӯалии Сино нозуктарини И. сафед ва тезтарини он сабз мебошад. Ним дирҳам (1,593г)-и он чакидани пешобро бозмедорад, аз 5 дирҳами он ҷанини зинда ё мурда меафтад. Сокинони шим. Тоҷикистон пеш И.-ро чун воситаи тамйизкунанда ва инсектисидӣ истифода мебурданд. Бо ин мақсад онҳо тақр. 1 кг баргу пояи хушки И.-ро дар дока печонда дар дег меҷӯшонанд ва дар ин об либосҳоро мешустанд, оббозӣ мекарданд. Ҷӯшоби онро барои нест кардани ҳашароти зараррасон ба дарахтон мепошиданд.
И. бинобар дар таркиби худ доштани анабазин инсектисиди таъсираш сахт маҳсуб мешавад. Таъсири фармакологии анабазин ба никотин наздик буда, ба гурӯҳи заҳрҳои ганглиявӣ мансуб аст. Вояи ками он силсилаи марказии асабро ангехта, нафаскаширо метезонад, фишори хунро баланд мекунад, фаъолияти ганглийҳои силсилаи асабҳои наботиро тақвият мебахшад; таъсири вояи зиёди он фалаҷсозанда аст.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …