Главная / Илм / ИШЕМИЯ

ИШЕМИЯ

ishemiaИШЕМИЯ (Ischaemia; юн. ischo – нигоҳ доштан ва haima – хун), камхунии ҷузъӣ, бо хун кам таъмин гаштани узву бофта бинобар қатъ ё кам шудани ҳаракати хуни артериявӣ дар қитъаи муайяни организм.
И. се хел – ангиоспазмӣ, сидодӣ (баста будан) ва фишорӣ мешавад. И.-и ангиоспазмӣ зери таъсири ангезандаҳои гуногун, ки боиси ташаннуҷи рефлексии рагҳо мегарданд, инкишоф меёбад. Сабаби И.-и сидодӣ бисёр вақт бо судда (тромб) баста шудани раг ё бемориҳои илтиҳобии девораи рагҳо мебошанд; дар натиҷа сӯрохи раг танг ва ҳаракати хун душвор мешавад. И.-и фишорӣ дар мавриди ба раг тазйиқ овардан (мас., бо жгут, фишори омос, хадша, тарашшӯҳот, ҷисми бегона) ба вуҷуд меояд. Бисёр вақт шаклҳои гуногуни И. якҷоя рух менамоянд.
Ҳангоми И. тағзияи девораи рагҳо, бофта ё узв халал ёфта, онҳо бо оксиген таъмин намешаванд; дар кори мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти узв носомонӣ ба мушоҳида мерасад (ниг. Гипоксия). Дар аснои И.-и бардавом мумкин аст некроз ба вуқӯъ пайвандад, сактаи узв рух диҳад.
Фарҷоми И. ба маҳалли пайдоиш, давомот, дараҷаи устувории бофта ба коҳиши оксиген ва ғ. вобаста аст. Хусусан И.-и мағзи сар ва дил оқибати вазнин ба бор меорад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …