Хабарҳои охирин

«ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ»

ihtiyoroti-badei

«ИХТИЁРОТИ БАДЕӣ» («Мунтахаби нодирот»), рисолаест дар боби тиб, ки муаллифаш Алӣ ибни Ҳусайни Ансор муштаҳар ба Ҳоҷӣ Зайнулаттор буда, ба забони форсӣ навишта шудааст. Соли таълиф номаълум. Китоб муштамил бар ду мақолот аст: дар адвияи муфрада ва номҳои онҳо ва ба луғати ҳар тоифа ва бадал кардан ва ислоҳ ва …

Муфассал »

«ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ»

ihtiyoroti-kosimi

«ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ», асари Муҳаммадқосим ибни Ғуломалии Беҷопурӣ, мутахаллис ба Фаришта (ваф. 1624) дар боби тиб. Китоб оид ба ҳар ду бахши назарӣ ва амалии тиб, ба забони тоҷикӣ ва дар як муҷаллади бузургҳаҷм буда, аз муқаддима, се мақола ва хотима иборат аст. Муқаддима дар баёни аркони бадан, хилтҳо ва ғ., …

Муфассал »

ИХТИЛОЛИ МУҶОМААТ

ihtiloli-mujoaat

ИХТИЛОЛИ МУҶОМААТ. Сабабҳои халал ёфтани ҳисси шаҳвонӣ гуногун мебошанд, мас., беморӣ ё осеби узвҳои таносул, истеъмоли машруботи спиртӣ, мухаддирот, амрози рӯҳӣ, муносибати шахсӣ, амрози асаб ва ғ. Ихтилоли муҷомаат дар мардҳо. Нисбатан бештар ихтилоли нуъуз ё сусткамарӣ ба мушоҳида мерасад. Суст будани нуъуз (эрексия) барои иҷрои мубошарат имкон намедиҳад. Ихтилоли …

Муфассал »

ИХТИОЗ

ihtioz

ИХТИОЗ (Ichthyosis; юн. ichthys – моҳӣ), моҳипӯстӣ, бемории ирсии пӯст. Сабаби он ихтилоли раванди шуға бастани пӯст аст. И. муқаррарӣ ва модарзод мешавад. И.-и муқаррарӣ нисбатан бештар дучор меояд. Он дар синни хурдсолӣ инкишоф ёфта, то давраи ба балоғат расидан авҷ мегирад. Ҳангоми ин шакли И. қариб тамоми пӯст (ғайр …

Муфассал »

ИЧКИЛИК

ichkilik

ИЧКИЛИК, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар масофаи 169 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 3800 м. Дебиташ 0,2 – 0,5 л/сон., минералнокии умумиаш 0,5 – 0,8 г/л, ҳарор. обаш +100С. Дар таркиби оби чашма натрий (65,0 мг/л), калсий (44,0 мг/л), магний (17,0 мг/л), калий …

Муфассал »