Главная / Илм / ИШЛОН

ИШЛОН

ishlonИШЛОН (Anabasis turkestanica), ушнон, як навъ растании заҳрнок. Аз тиррешаи он 1 – 15 пояи ғафс нумӯ карда, то 70 см қад мекашанд. И. пулакчабарги секунҷаи байзашакл (дарозиаш 5 – 10 мм), меваи нарми бӯри зардча дорад. Май – июн гул мекунад. Одатан дар шӯрзамину хоки серсанг, сурхрег ва ғ. (дар баландии 400 – 600 м аз с. б.) мерӯяд. Дар Тоҷикистон дар қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон ва ноҳияҳои ҷанубӣ паҳн шудааст.
Дар тибби халқӣ шира ва ҷӯшоби И.- ро барои табобати касалиҳои пӯст ва чун воситаи либосшӯӣ ба кор мебурданд. Бо ақидаи табибони халқӣ истеъмоли И. дарунро пок мекунад, гиреҳҳоро мекушояд, ҳайз ва пешобро меронад, моддаҳои нолозими дар бадан ғафсгаштаро таҳлил медиҳад. Агар И.-ро кӯфта ба захмҳо бимоланд, гӯшти зоиди онҳоро мехӯрад.
Аз И. солҳои пеш ишхор мегирифтанд. Бо ин мақсад онро ҷамъ карда мехушконданд. Сипас чуқурӣ кофта И.-ро оташ мезаданд. Аз сӯхтаи он дар чуқурӣ об ҷудо шуда, сахт (ишхор) мегардад. Ишхор хосиятҳои поккунандагӣ, сӯзандагӣ ва хӯрандагӣ дорад. Ишхори соф (дар об ҳал ва сипас соф карда шудааст) давои тақвиятбахши меъда, иштиҳоовар, балғамрон, рафъи илтиҳоб мебошад. Бинобар заҳрнок буданаш ҳангоми истифодаи И. эҳтиёт бояд шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …