Главная / Илм / «ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ»

«ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ»

ihtiyoroti-kosimi«ИХТИЁРОТИ ҚОСИМӣ», асари Муҳаммадқосим ибни Ғуломалии Беҷопурӣ, мутахаллис ба Фаришта (ваф. 1624) дар боби тиб. Китоб оид ба ҳар ду бахши назарӣ ва амалии тиб, ба забони тоҷикӣ ва дар як муҷаллади бузургҳаҷм буда, аз муқаддима, се мақола ва хотима иборат аст. Муқаддима дар баёни аркони бадан, хилтҳо ва ғ., мақолаи якум дар баёни доруҳои сода ва ғизоҳо, мақолаи дуввум дар баёни доруҳои мураккаби машҳур, мақолаи севвум дар баёни илоҷи бемориҳо аз сар то пой ва хотима дар баёни анвоъи таъомҳо ва рубъи маскун (бахши ободонӣ)-и замин мебошад. «И. қ.»-ро бо номи «Дастуру-л-атиббо» низ ёд кардаанд.
Ад.: Абдулҳайи Ҳасанӣ, «Ас-Сақофату-л-исломия фӣ-л-Ҳинд», Димишқ, 1983.
С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

duo-omantu

Имон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад

а) Имони муҷмал имони умумӣ. Имони умуми ин имон овардан ба ҳақиқати дини Ислом буда, …