Хабарҳои охирин

ИСПАРАК

isparak

ИСПАРАК (Delphinium semibarbatum), асфарак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 75 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш дароздумчаи серпарра, рахдор, гулаш зарди баланд, мевааш чорқирра, тухмаш майда, хокистарранг. Май – июн гул карда, июл – авг. мева мебандад. Дар пистазор, алафзор, буттазорҳо мерӯяд. Дар қ.-кӯҳҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, …

Муфассал »

ИСПУРЧ

ispurch

ИСПУРЧ (Iien), сиёҳлабак, узвест, ки дар раванди хунҳосилшавӣ, хунполоӣ, мубодилаи моддаҳо, хусусан оҳан ва сафедаҳо, ширкат меварзад. Ниг. низ Сипурз.

Муфассал »

ИССИҚБУЛОҚ

issikbulok

ИССИҚБУЛОҚ, яшилкӯл, чашмаи мнералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар соҳ. рости д. Аличур ҷой гирифтааст. Баландиаш аз с. б. 3900 м. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ 0,3 – 2,0 л/сон., минералнокиаш – 0,53 г/л, ҳарор. обаш +69 – +710С. Бӯи гидрогенсулфид мекунад. Таркиби об аз натрий (182,0 мг/л), калсий …

Муфассал »

ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ

nophoto

ИСТЕФАН ИБНИ БАСИЛ, мутарҷим, яке аз тарҷумонҳои маъруфи замони аббосиҳо (а. 9). Аз шогирдони Ҳунайн ибни Исҳоқ (808 – 873) буда, бисёре аз китобҳои тибби юнониро ба забони арабӣ гардондааст. Аз ҷумлаи тарҷумаҳои ӯ «Китобу-л-ҳашоиш» (Materia Medica)-и Дисқуридуси Айнузарбӣ (Dioscoridos) буда, онро нахуст ӯ дар замони халифаи аббосӣ Мутаваккил (847 …

Муфассал »

ИСТИРОҲАТ

istirohat

ИСТИРОҲАТ, ҳолати ором ё як навъ фаъолияти организм, ки хастагиро рафъ ва қобилияти кориро барқарор мекунад. Меҳнат ва И. дар таҳсил, кор ва диг. соҳаҳои фаъолияти инсон робитаи ногусастанӣ доранд. И.-и кам боиси кӯфтагӣ ва муддати дароз фароғат накардан, мӯҷиби хастагӣ мешавад. Хастагӣ нерӯи муҳофизи организмро коста, сабаби пайдоиши бемориҳои …

Муфассал »