Главная / Илм / ИХТИЛОЛИ МУҶОМААТ

ИХТИЛОЛИ МУҶОМААТ

ihtiloli-mujoaatИХТИЛОЛИ МУҶОМААТ. Сабабҳои халал ёфтани ҳисси шаҳвонӣ гуногун мебошанд, мас., беморӣ ё осеби узвҳои таносул, истеъмоли машруботи спиртӣ, мухаддирот, амрози рӯҳӣ, муносибати шахсӣ, амрози асаб ва ғ.
Ихтилоли муҷомаат дар мардҳо. Нисбатан бештар ихтилоли нуъуз ё сусткамарӣ ба мушоҳида мерасад. Суст будани нуъуз (эрексия) барои иҷрои мубошарат имкон намедиҳад. Ихтилоли таносул дар ҳар синну сол метавонад рух намояд. Ҳолатҳое низ дучор меоянд, ки мард мас., бо ҳамсари худ метавонад мубошарат намояд, вале бо зани бегона аз ӯҳдаи ин кор намебарояд. Сабаби чунин ҳолат асосан майзадагӣ, осеби сутунмӯҳра ва аъзои таносул, бемориҳои эндокринӣ (диабети қандӣ), истеъмоли дуру дарози баъзе доруҳо (нейролептикҳо, барбитуратҳо, маводи мухаддир) мебошанд. Қисми зиёди ноҷӯриҳо бисёр вақт хусусияти функсионалӣ дошта, ба шахсият (мушаввашхотирӣ, мутаассирӣ, бадгумонӣ ва ғ.), аксуламал нисбати муҳит (ҳисси тарс аз мубошарат) ва ихтилоли рӯҳӣ (невроз, афсурдарӯҳӣ, шизофрения) вобастаанд.
Инзоли бармаҳал то оғози алоқаи ҷинсӣ ё ҳамон лаҳза баъди оғози он ба вуҷуд меояд. Мард дар ин гуна мавридҳо суръати инзол (эякулятсия)-ро идора карда наметавонад. Ноҷӯрии мазкур хоса ҳамон вақт шиддат меёбад, ки агар мард дар ин бора бисёр фикр кунад ё аз ноомади кор дар ҳарос афтад. Сабаби инзоли бармаҳал асосан омилҳои равонию иҷтимоӣ мебошанд (мас., муддати зиёд худдорӣ кардан аз алоқаи ҷинсӣ, муносибати дағали зан, мастӣ ва ғ.).
Таъхири инзол дар ҳолатҳое рух менамояд, ки нуъуз ва ҳаяҷон вуҷуд дорад, вале мард қонеъ намешавад. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми мубошарат инзол умуман рух намедиҳад, ҳол он ки бинобар мастурбатсия ё дидани хобҳои шаҳвонӣ манӣ хориҷ мешавад (эҳтилом). Ин гуна иллатҳо сабаби узвӣ надоранд. Қобили инзол набудан гоҳо дар нашъамандон ва ҳангоми баъзе бемориҳои асабу рӯҳӣ ба мушоҳида мерасад.
Муҷомаати дарднок бисёр вақт дар натиҷаи илтиҳоби узвҳои ҷинсӣ рух менамояд. Иллати мазкур бо дард кардани олати таносул, хоя ва ғадуди зермасона (простата) ҳангоми мубошарат зоҳир мегардад.
Ихтилоли муҷомаат дар занҳо бо нишонаҳои шаҳватсардӣ (сардии шаҳвонӣ) ба вуҷуд меояд. Зани шаҳватсард ба мубошарат рағбат надорад, ҳисси шаҳвонии ӯ хомӯш буда, лаззати шаҳват (оргазм) намебинад. Феълан аз истилоҳи аноргазмия (набудани оргазм) истифода мекунанд. Занҳои гирифтори аноргазмияи якумин ҳеҷ гоҳ лаззати шаҳват надидаанд; занҳои гирифтори аноргазмияи дуюмин қаблан лаззати шаҳват чашидаанд, вале минбаъд бо сабабҳои гуногун ин қобилиятро гум кардаанд.
Аноргазмия шаклҳои бисёр дорад. Баъзе занҳо ба мубошарат чун вазифаи ҳамсарӣ менигаранд ва аз алоқаи ҷинсӣ лаззат намебаранд. Занҳои дигар оргазм ҳис накунанд ҳам, мубошаратро муфид ва машғулияти дилкаш мешуморанд. Сабабҳои аноргазмия гуногун мебошанд. Дар баъзе мавридҳо он бинобар бемориҳои аъзои таносул ва узвҳои ҷинсӣ рух менамояд. Иллату ноҷӯриҳои рӯҳӣ (неврозҳо, афсурдарӯҳӣ ва ғ.), номувофиқии равонӣ ва физиологии зану мард ва надонистани нозукиҳои шаҳвонӣ сабабҳои маъмули аноргазмия мебошанд. Вагинизм, алоқаи ҷинсии дарднок, шаҳвонияти барзиёд низ мансуби ихтилоли таносул дар занҳост.
Бемориҳои аъзои таносулро, ки сабаби халал ёфтани мубошарат гаштаанд, мутахассисон – гинекологҳо, урологҳо табобат мекунанд. Агар ягон бемории узвӣ ошкор карда нашавад, пас ба духтури шаҳватшинос (сексопатолог) муроҷиат кардан лозим аст. Ҳам зан ва ҳам мард муоина ва табобат карда мешаванд. Ба муолиҷаи босамар фақат дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ метавон ноил гашт. Усули муолиҷа ба таври фардӣ (вобаста ба тарзи ихтилол) интихоб карда мешавад. Агар сабаби ноҷӯрии шаҳвонӣ бемории рӯҳӣ бошад, пас онро равонпизишк табобат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …