Главная / Илм / ИХТИОЗ

ИХТИОЗ

ihtiozИХТИОЗ (Ichthyosis; юн. ichthys – моҳӣ), моҳипӯстӣ, бемории ирсии пӯст. Сабаби он ихтилоли раванди шуға бастани пӯст аст. И. муқаррарӣ ва модарзод мешавад.
И.-и муқаррарӣ нисбатан бештар дучор меояд. Он дар синни хурдсолӣ инкишоф ёфта, то давраи ба балоғат расидан авҷ мегирад. Ҳангоми ин шакли И. қариб тамоми пӯст (ғайр аз чинҳои калон – оринҷ, зери каш, қадкашак) зарар мебинад. Пӯсти иллатӣ хушк буда, бо қабатҳои шуғаи хокистарранг фаро гирифта мешавад. Дар мавриди шакли сабуки беморӣ пӯст сабӯсак ҳосил мекунад; шакл нисбатан вазнини И. бо ҳосил шудани пулакчаҳои ғафс (диаметраш то 1 см) ё шуғаи сахти ҷигарӣ падид меояд.
Ба И.-и модарзод ихтиози кӯдакон ва эритродермияи ихтиозмонанд мансубанд. И.-и кӯдак дар моҳи сеюми инкишофи ӯ дар батни модар ба вуҷуд меояд: пӯст бо қабати ғафси шуға фаро гирифта мешавад («косаи сангпушт»), узвҳои дохилии он пурра инкишоф намеёбанд. Чунин кӯдакон мефавтанд.
Эритродермияи ихтиозмонанд ҳангоми ба дунё омадани тифл мушоҳида шуда, пӯст якбора сурх мегардад (баъд тадриҷан сабӯсак пайдо мекунад). Бисёр вақт пилки чашм рӯгардон (эктропион) ва нохунҳо ғафс шуда, гиперкератози кафи дасту по инкишоф меёбад (ғафс шудани шохпардаи эпидермис); дар пӯст дамидани обилачаҳо низ аз эҳтимол дур нест (И.-и эпидермолизӣ). Дар беморони гирифтори И. амрози римноки пӯст низ пайдо мешаванд.
Муолиҷаи И. дуру дароз аст. Ба миқдори зиёд витамини А, аевит таъин карда мешавад; аз усулҳои обшифоӣ ва афканишоти ултрабунафш истифода мекунанд. Мунтазам ба пӯст марҳамҳои нармсозанда, инчунин марҳами дорои мочевина ва натрий хлор молидан лозим аст.
Фарҷоми беморӣ ба шакли И. вобастагӣ дорад. Ҳангоми И.-и муқаррарӣ анҷоми маризӣ хуб аст; дар мавриди эритродермияи ихтиозмонанд бо гузашти синну сол зуҳуроти беморӣ хеле сабук шавад ҳам, муолиҷа намеёбад. Роҳи пешгирии И. маълум нест.
Ад.: Зоиров П. Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
М. С. Исоева..

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …